Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАРБИЯИ МЕҲНАТӢ-АСОСИ РУШДИ ШАХСИЯТ

ТАРБИЯИ МЕҲНАТӢ-АСОСИ РУШДИ ШАХСИЯТ

by admin
8 views
Ниёгони тоҷик ба нақши меҳнат дар ташаккулёбии одам баҳои илмӣ дода, гуфтанд: «Одамро меҳнат одам кардааст». Ин маънои онро дорад, ки дар зери таъсири амалиётҳои ҷисмонӣ ва машқ дар равиши меҳнат узвҳои бадани одам тараққӣ ва ташаккул ёфта, дар ин ҳангом маҳорат, малака ва одатҳо аз худ карда шуда, инчунин майнаи сари вай инкишоф ёфтааст.
Ин масъала, яъне қадри меҳнату меҳнатдӯстӣ дар эҷодиёти даҳонии халқ низ инъикос ёфтааст.
Масалан, «Одами бекор дарахти бебарг», «Бе меҳнат роҳат нест», «То меҳнат накуни, роҳат намебинӣ» ва ғайра.
Оид ба зарурати ин масъала дар яке аз пандҳои Аушервони Одил гуфта шудааст: «Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ бо осонӣ гузаронӣ равияи худро ба рӯи кор дор». Нукот ва гуфтаҳои болоро ба асос гирифта, баён дошта метавонем, ки меҳнат дар рушд ва инкишофи ҳар як шахс таъсир мусбату самаровар дорад.
Меҳнат дар айни замон ҳам воситаи инкишофи ҳаматарафаи кӯдак ва ҳам омили муҳими барқароргардидани шахсияти ӯ мебошад. Педагоги намоён В.А. Сухомлинский навиштааст: «Меҳнат асоси тараққиёти ҳаматарафаи одам мебошад, чунки инсон танҳо бо фаъолияти меҳнатии худ ҳамчун шаҳрванд ташаккул меёбад. Вай ҳис мекунад, ки натанҳо қобилияти пайдо кардани ризқу рӯзӣ, балки инчунин лаёқати ба неъматҳои моддӣ табдил додани ақлу хирад, эҷодиёти худро ҳам доро мебошад. Ҷиҳати шаҳрвандӣ дар сухан не, балки бояд дар дилу ботин бошад, ки ин яке аз муҳимтарин талаботҳои тарбияи меҳнатӣ ва инъикоси меҳнати калонсолон дар синни калони томактабӣ башумор меравад. Эҳсоси аҳамияти шаҳрвандии меҳнат ин ҳамчун саодати дарк кардан, донистани асрори ҷаҳон зуртарин омили эмотсионалӣ, ки одамро ба иҷрои меҳнати басо душшвор рӯҳбаланд мегардонад. Қувваи тарбиядиҳандагии меҳнат ҳам маҳз дар ҳамин мебошад. Асоси идеявӣ-шаҳрвандии меҳнатро дида тавонистан, пайдо кардан, кашф кардан аз муҳимтарин ва нозуктарин ҷиҳатҳои кор дар олам мебошад».
Педагогҳои намоёни замонҳои гузашта ба тарбияи меҳнатии насли наврас ва ба фаъолияти меҳнатӣ тайёр кардани онҳо диққати хело калон додаанд. Аз ҷумла, педагоги намоёни давраи шӯравӣ A.С. Макаренко моҳияту зарурати тарбияи меҳнатии насли наврасро муайян намуда навиштааст, ки кӯдакон шаҳрвандони ояндаи ҷамъиятанд, арзандагии онҳо дар ҷамъият аз рӯи он муайян карда мешавад, ки вайҳо то чи андоза барои иштирок кардан дар меҳнат таёранд ва таёр карда мешаванд.
Дар марҳилаи ҳозираи Тоҷикистон одамони меҳнатдӯст, эҷодкор хело ва хело ҳам заруранд. Ин шароитро ба ҳисоб гирифта, тарбияи меҳнатии насли наврасро аз рӯи нишондоди B.А. Сухомлинский ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст. Ӯ навиштааст: «ҳар як шаҳрванд ба манфиати одамон бояд бо дили пок, бо фикри амиқу равшан ва бо рӯҳи баланд кор кунад, чунки кор бояд шодмонӣ оварад ва барои андешаҳои олитаре ҳидоят намояд. Хастагие, ки аз ин гуна кор ба амал меояд хастагии хушбахтонае бошад. Вобаста ба ин мақсади тарбияи меҳнатии насли ояндаро аз боғча тарзе ба роҳ мондан лозим аст, ки онҳо ба меҳнат чун ба намуди фаъолият муносибат кунанд, ки ба душворию сарфи қувва нигоҳ накарда барои мардум, барои ҷамъият ва барои худи онҳо хурсандибахшу фоидаовар бошад…
Дар ҷаҳони муосир, ба воя расондани кӯдак бо вуҷуди ҳама ислоҳот ва пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ, яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа боқӣ мемонад. Агар кӯдак дар муҳити дастгирӣ ва боварӣ, ки он муҳити меҳнатдӯстӣ бошад, тадриҷан ба меҳнат ҷалб шавад, танҳо дар он сурат аст, ки ӯ метавонад на танҳо шахсияти мустақил ва фаъолро рушд диҳад, балки ҳисси масъулият ва меҳнатдӯстии худро тақвият бахшад.
Педагоги машҳур Н.К. Крупская дар мақолаи «Оид ба масъалаи тарбияи озод» хело дуруст қайд кардааст, ки «Дар кӯдак барои арзанда будани инъикоси меҳнати калонсолон талаботҳои зиёде вуҷуд дорад. Меҳнати кӯдак дар боғча, масалан таёр кардани гербарияҳо, на танҳо дар муассисаи томактабӣ, балки берун аз он низ истифода карда шавад, то ки ӯ ба таври расмӣ ба муносибати байни одамон дохил шавад, ҳаётро мушоҳида кунад, зиндагониро омӯзад, худро аъзои арзандаи ҷамъият ҳис намояд.
Вазифаҳои инъикоси меҳнати калонсолон дар фаъолияти синни калони мактабӣ инҳоянд: дар хонандагон ташаккул додани майлу хоҳиши меҳнат кардан, дуст доштани меҳнат ва ҳурмат кардани одамони меҳнатӣ ва меҳнати дигарон, ҳисси ғамхорӣ дар бораи нигоҳ доштани моликияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, талаботи ба нафъи худ ва ба наъфи ҷамъият меҳнаткардан, кӯдаконро ба асосҳои истеҳсолоти саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, сохтмон ва ғайра шинос намудан: ба интихоби бошуронаи касб тайёр кардан, аз тарафи онҳо аз худ намудани тайёрии ибтидоӣ-касбӣ, дар онҳо ташаккул додани маданияти меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ.
Мазмуни инъикоси меҳнати калонсолон дар фаъолияти синни калони мактабӣ хело васеъ буда, ба ғайр аз мақсаду вазифаҳо боз масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
— хелҳои меҳнат;
— намудҳои меҳнат ва ташкилию роҳбарӣ ба онҳо;
— шартҳои педагогии самаранок ба роҳ мондани онҳо дар ҷараёни тарбия;
— чорабиниҳо оид ба интихоби касб;
— тайёрии психологӣ ва амалии кӯдакон ба фаъолияти меҳнатӣ.
Дар тарбияи меҳнатии синни калони томактабӣ аз ҷиҳати психологӣ, ба фаъолияти меҳнатӣ тайёр кардани кӯдакон масъалаи хело муҳим ба ҳисоб меравад.
Ин масъала ҷиҳатҳои зеринро дар бар мегирад:
— меҳнатдӯстӣ;
-шавқу ҳавас;
— иҷро кардани намудҳои гуногуни меҳнат;
— ҳисси вазифадориву масъулиятнокӣ;
— устуворӣ;
— қатъиятнокӣ;
— бартараф карда тавонистани душвориҳо;
— талабот ба меҳнат кардан;
— дастаҷамъонна меҳнат карда тавонистан;
— маҳорату малакаҳои меҳнатӣ;
— интизоми меҳнатӣ.
Дар ҷараёни кор инчунин ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ диққат додани волидайну муоаббиён талаботи объективии замон аст. Дар шароити ҳозира хело зарур аст, ки дар бораи моликияти ҷамъиятӣ, интизом, музди меҳнат тасаввуротҳои дурусти ҳаётӣ гиранд, ҳар як маблағи бо меҳнат ба даст овардашударо қадр кунанд, ғамхорӣ оид ба моликияти ҷамъиятӣ ва табиати кишвари худ, доир ба ашёҳои муассиса, китобҳо ва дигар ашёҳои лозима, маҳсулот ва чизҳои шахсиро ташаккул диҳад. Хело хуб мешавад, ки кӯдакон доир ба малакаҳои одитарини сарфакорӣ ва ғайра тасаввуротҳои ибтидои ҳосил намоянд.
Тарбияи меҳнатии кӯдакон дар синни калони томактабӣ ва синфҳои аввали мактаб на танҳо барои омодасозии онҳо ба зиндагии меҳнатӣ, балки барои ташаккул додани дурусту самарабахши ҷомеа мебошад. Ҳар як кӯдак, ки дар муҳити меҳнатии солим ва шахсиятсоз дарк мекунад, ки кори вай на танҳо манфиатҳои шахсӣ, балки манфиати умумиро низ дар бар мегирад, хоҳ-нохоҳ, шодиву фараҳмандиро эҳсос мекунад. Кӯдаке, ки дар коре иштирок мекунад ва натоиҷи хубро мебинад, ҳисси муваффақият ва қобилиятро эҳсос мекунад.
Дар шароити имрӯзии кишвар, ҷомеа бояд ба сафарбарнамоии кӯдакон ба фаъолияти меҳнатии истеҳсолӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ин вазифаи имрӯзаи ҳамаи мо-волидайн, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҷалби кӯдакон ба корҳои гуногуни кӯчак, ки аз меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми атрофиён бармеояд, метавонад омили муфид ва муҳим дар пешрафти маънавии онҳо шавад. Вақти он расидааст, ки ҷомеа ба кӯдакон имконият диҳад, то онҳо дар ҳар давраи ҳаёташон, аз таҳсили боғча то мактаб, дар фаъолияти меҳнатӣ иштирок намуда, на танҳо малакаҳо ва қобилиятҳои худро равнақ диҳанд, балки ба воситаи меҳнат эҷодиёти шахсият ва баҳои ҳуқуқии худро дар ҷомеа муайян созанд.
Маҳз дар ҳамин самт, кӯдакон бояд бо эҳсоси муҳаббат ба кор ва хурсандии фаъолият дар ҷомеа тарбия шаванд, то ки онҳо бо ҳар қадам ба сӯи шаҳрувандӣ, ташаккулёбии шахсияти воқеии инсон ва пешрафти ҷомеа бетараф набошанд.
Хулоса, меҳнатро ба кӯдак ёд додан аз иштироки бевоситаи худи вай дар меҳнат cap мешавад. Вобаста ба ин, агар кӯдак дар меҳнат ҳарчи барвақт ҷалб карда шавад, тартиби меҳнатии вай ҳамон қадар бомуваффақият мегузарад, инчунин назорати мураббиён ба фаъолияти меҳнатии кӯдакон бояд боодобона бошад ва ба қувваю қобилияти худ боварӣ доштани кӯдакро дастгирӣ намояд зеро кӯдак дар баъди иҷро кардани супориши меҳнатӣ аз муваффақиятҳо ҳисси шодкомӣ пайдо гардад, хурсанд шавад, онгоҳ ӯ мефаҳмад, ки корро хуб иҷро кардааст. Дар натиҷа вай далер мегардад, чун шаҳрванд ташаккул меёбад, худро одами хушбахт ҳис мекунад.
Абдусаттор Ғафоров- номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабддуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment