Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД”

by admin
9 views
Дар таърихи 12.05.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Олами иқтисод”-и назди кафедраи назарияи иқтисодӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфил бо сухани роҳбари маҳфил Давлатова Рухсора оғоз гардид.
Дар маҳфил Азимова Меҳрона- донишҷӯи курси сеюми ихтисоси молия ва қарз дар мавзуи “Рақобати бозорӣ ва шаклҳои он” ва Назарова Замира- донишҷӯи курси сеюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон дар мавзуи “Иқтибос аз нишондиҳандаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment