Home ХАБАР МИЛЛАТЕ, КИ ОМӮЗГОРИ АСИЛ НАДОРАД…

МИЛЛАТЕ, КИ ОМӮЗГОРИ АСИЛ НАДОРАД…

by admin
407 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба ифтихори Рӯзи омӯзгор

Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.

Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст.

Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар мақоми аз ҳама баланд ҷой додааст ва пайваста мо омӯзгоронро таъкид менамояд, ки давлати мо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа — ҳалли масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро бо боварии комил ба дасти омӯзгор месупорад ва омӯзгор дар навбати худ алоқамандии ҷомеаро бо насли наврас таъмин менамояд.

Пешвои миллат дар яке аз паёмҳояшон бори дигар хотирнишон намудаанд, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустаҳкам дорад.»

Омӯзгорӣ касби ниҳоят қадима буда, нақши омӯзгор дар рушди ҷомеаи солим калидӣ дониста шудааст, зеро ӯ ҷавононро таълиму тарбия медиҳад, наслеро ташакакул медиҳад, ки давомдиҳандаи кори бузургсолон мебошад ва он ҳам коре, ки бояд дар сатҳи нисбатан баланди инкишофи ҷомеа ба роҳ андохта шавад. Ҳамин аст, ки метавон гуфт омӯзгор ояндаи ҷомеа, ояндаи илму фарҳанги ҷомеаро ташаккул медиҳад. Ҷойи тааҷуб нест, ки дар ҳама давру замон нобиғҳои овозаманди маорифпарварӣ рисолати омӯзгорро дар ҳаёти ҷомеа ниҳоят баланд арзёбӣ кардаанд.

Пешвои миллат ҳамчун як омӯзгори хирадманд, ҳар сол дар Рӯзи дониш, дар яке аз муассисаҳои таълимӣ оғози соли таҳсилро ба унвони Дарси сулҳ шахсан ибтидо мегузоранд.

Омӯзгор будан бахусус дар донишгоҳе, ки омӯзгорони ояндаро тарбияву омода месозад, рисолати дигаре низ дорад; ӯ танҳо бо саводомӯзии донишҷӯён маҳдуд намегардад, балки илова ба додани маълумот, омӯзгор хештанро бояд масъули ташаккули кирдору гуфтору рафтори шогирдон бидонад.

Омӯзгори тоҷик бояд бидонад, ки вазифаи аслии ӯ омӯзондани донишҳои замонавӣ, интиқоли бинишҳои илмиву адабӣ ва ҳамзамон арзишҳои мероси фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик, бар пояи меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2015 ҷашни 70-солагиаш дар сатҳи баланди сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил гардид, аз ҷумлаи яке аз нахустин муассисаҳои таҳсилоти касбии мамлакат мебошад. Донишгоҳ дар заминаи Институти дусолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли аввали фаъолияти Институти дусола (соли 1945), ҳамагӣ 48 нафар донишҷӯён қабул гардиданд ва ба онҳо ҳамагӣ 9 нафар устодони маълумоти олидошта таълим медоданд ва соли 1957 ин институтро беш аз 100 нафар хатм намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, асосан ба соҳаи маориф фиристода шуданд.

Алҳол дар 10 факултет ва 29 кафедраи донишгоҳ 588 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, аз ин шумора 206 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии омӯзгорони доимӣ 1 нафар академик, 8 нафар доктори илм, 67 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин 98 нафар омӯзгорон ба ҳайси ҳамкор ва ба тариқи соатбайъ фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии донишҷӯён айни ҳол дар ҳама зинаҳои таҳсилот 10873 нафар мебошад, ки аз онҳо 5915 дар таълими рӯзона, 4628 дар таълими ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ буда, дар зинаи магистратура бошад, 330 нафарро ташкил медиҳанд. Таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр аз рӯи 55 ихтисос, шакли таҳсили фосилавию ғоибона аз рӯи 19 ихтисос, зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи 24 ихтисос ва зинаи докторантураи PhD аз рӯи 20 ихтисос дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 10 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 417 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 261 нафар духтарон ва 156 нафар писарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд.  

Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ 571 адад компютер, аз ҷумла 518 адад компютери рӯи мизӣ, 53 адад ноутбук, 50 адад тахтаҳои электронӣ ва 55 адад видеопроекторҳо мавриди истифода қарор доранд. Дар донишгоҳ 6 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 246 адад компютер ва 5 синфхонаи лингофонӣ бо теъдоди 60 адад компютер фаъолият менамояд. Таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён ба 0,06 баробар аст, яъне ба ҳар 17 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд. Дар донишгоҳ 332 адад компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад. 

Теъдоди стипендияҳои номӣ дар донишгоҳ 76 ададро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор ба 7 нафар донишҷӯён стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 8 нафар стипендияи раиси вилояти Хатлон, ба 6 нафар стипендияи ҲХДТ, ба 2 нафар стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ба 2 нафар стипендияи ба номи Саидҷон Ҳакимзода, ба 39 нафар донишҷӯёни ятими кулл стипендияи иҷтимоӣ, ҳамчунин ба 12 нафар олимони ҷавони донишгоҳ стипендияи раиси вилояти Хатлон муқаррар шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 степендияи донишгоҳро ба номи академик Каримов Самариддин таъсис хоҳем дод. 

Бо мақсади ташкили раванди самараноки таълим, баланд бардоштани сифати омодасози мутахассисон дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 16 адад барномаи таълимӣ, 18 васоити таълимию дастури методӣ, 3 китоби дарсӣ, 7 монография, 336 мақола ва дигар маводи илмӣ рӯи чоп оварда шудааст.  

Имсол донишгоҳро 1969 нафар донишҷӯ аз рӯйи 3 зинаи таҳсил хатм намуданд, ки аз онҳо 496 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти мутахассис, 1351 нафарро зинаи таҳсилоти бакалавр, 122 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 60  нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки аз онҳо  43 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавр ва 12 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти мутахассис ва 5 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура  ташкил медиҳанд. 

Харидории китобҳои зарурии таълимӣ яке аз талаботи давру замон  маҳсуб ёфта, дар соли 2019 5125 адад китоб бо арзиши 166238 сомонӣ харидорӣ гардидааст. Аз моҳи ферали соли 2020 то имрӯз 37 номгӯй китоб бо теъдоди 452 адад дар ҳаҷми 18448 сомонӣ харидорӣ шудааст.  

Дар назди факултети филологияи тоҷик ва журналстика бо теъдоди  1120 китоб ва дар факултети химия, билогия ва география бо теъдоди 620 китоб китобхонаҳои нав таъсис дода шуд. 

Имрӯз дар назди омӯзгорони кишварамон масъулиятҳои баланд вогузошта шудааст. Омӯзгори замони нав, набояд бо донишҳои дар мактаби олӣ андӯхтаи хеш иктифо намояд. Бисёр муҳим дониста мешавад, ки дар зеҳни омӯзгор маҳорату қобилияти мунтазам тавсеъа додани ҷаҳонбинии илмӣ ва педагогӣ, ҷой дода шавад. Чуноне педагоги овозаманди рус Ушинский К.Д. гуфтааст: «Омӯзгор то замоне зиндагӣ хоҳад кард, ки дар пайи омӯзиш бошад.» Ин андеша дар шароити ҳозира моҳияти хосеро ба худ касб кардааст. Зеро имрӯз зиндагӣ худ масъалаи омӯзиши ногусастаниро ба миён овардааст. Дар ҳақиқат омӯзгор то ҳамон лаҳзае тавоноии омӯзондану тарбия карданро дорад, ки машғули тарбияву омӯзиши шахсии худ бошад. Ҷуз аз ин ба омӯзгор лозим аст, ки ҳунари эҳтиром намудани шогирдони худро дошта бошад, дар ниҳоди ҳар кадоми онҳо шахсияти нотакрореро пай бурда тавонад. Бесабаб нест, ки гуфтаанд «Кӯдак зарфи нозуке мебошад, ки онро барои нигаҳдорӣ ба калонсолон додаанд.» Пас, мебояд ӯро ҳиссачаи ҷомеа дониста, бо муносибати таҳаммулпазирӣ ва дили пур аз меҳр ба тарбияаш машғул шуд.

Тамоми умр донишомӯз мондан, кунҷков будан, шинохтани ҷаҳони ҳар як шогирд, шинохти беҳтари худ ва инсону ҷаҳон як рисолати мактабии омӯзгор аст. Дар ин бора Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханони илҳомбахш гуфтаанд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

Ва мо аз шумо — омӯзгорону устодон, умеду итминон дорем, ки ин рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқ саҳми муносиб мегузоред…»

Омӯзгор ба худ иҷозат дода наметавонад, ки дар зеҳни шогирдон истеъдоду ҳунарро мушоҳида накунад. Омӯзгор дар тамоми давру замон шахси иззатманд буд. Замоне маҳз ӯ ягона шахси босавод дар ҷомеа, ба вижа дар деҳот ба шумор мерафт, ва зеҳни варзидаи вай сарчашмаи асосии иттилооту донишҳо дониста мешуд. Имрӯз дигар акнун радиову телевизион, расонаҳои хабарии дигар сарчашмаҳои муҳими иттилоот мебошанд, ки гӯё омӯзгорро аз ин мартабааш маҳрум сохта бошанд. Маҳз барои ҳамин ҳам омӯзгорро мебояд бисёр заҳмат кашид, то ки бештар аз пеш ба такмили донишҳои худ машғул шуда, на танҳо дар пеши шогирдон, балки барои падару модарони онҳо низ сарчашмаи донишҳову иттилоот бошад.

Мо падару модарон талаботи бисёре дар назди омӯзгорон мегузорем, аммо гоҳе фаромӯш низ мекунем, ки бояд худамон ба омӯзгор эҳтирому меҳри хоса дошта бошем, барои заҳмати вазнини ӯ аз самими дил сипосгузор бошем. Охир, омӯзгор ба мо дари ҷаҳони донишу маърифатро мекушояд, ба ҳамдигар рафоқату меҳрварзӣ, дар ҳамдастӣ бо ҳам кору пайкор карданро меомӯзонад, ҳалли масъалаҳои душвори донишандӯзӣ ва муносибат бо ҳамсолонро ёд медиҳад.

Дар охир ҳамаи шумо, кулли омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишварро ба ҳафтаи омӯзгорон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Омӯзгорони гиромӣ, ҷашни фархундаатон муборак бошад!

Related Articles

Leave a Comment