Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

by admin
10 views
Санаи 25 апрели соли 2025 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD- и кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Қурбонов Кароматулло Абдухолиқович дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300-Забоншиносӣ (6D021302-Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима Муродзода Баҳриддин номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи хориҷӣ, Давлатов Файзиддин, номзади илмҳои филологӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, Гуламадшоев Шокиршо, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, Робияи Абдусамад доктори фалсафа PhD — доктор аз рӯйи ихтисос, мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, Сайдалиева Фотима мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва дигар омӯзгорон ширкат варзиданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Муродзода Баҳриддин номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи хориҷӣ ва Хоҷаев Давлатбек доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забони тоҷик ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (тақриз аз ҷониби котиби ҷаласа хонда шуд) баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Қурбонов Кароматулло бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment