Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ГЕОГРАФ-САЙЁҲОНИ ҶАВОН»

by admin
10 views
Санаи 24 апрели соли 2025 дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Географ-сайёҳони ҷавон»-и назди кафедраи география ва сайёҳӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, номзади илмҳои география, дотсент Гадоев Шералӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ҳузур доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра, дотсент Гадоев Шералӣ оғоз ёфт. Номбурда доир ба аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳо дар таҳкими донишу малакаи касбии донишҷӯён андешаронӣ намуда, ҳадафу вазифаҳои онро шарҳ дод.
Сипас, донишҷӯи курси сеюм Давлатов Аҳлиддин бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзуи «Мамнуъгоҳи бешаи палангон» баромад намуда, маълумоти ҷолибу муфидро оид ба муҳити табиӣ ва аҳамияти экологиву сайёҳии ин мамнуъгоҳ манзури иштирокчиён гардонид.
Баъдан миёни устодону донишҷӯён саволу ҷавобҳои фаъол баргузор гардиданд, ки дар он донишҷӯён бо ҳозирҷавобӣ ва дониши хуби худ посухҳои мушаххасу мантиқӣ ироа намуданд.
Дар анҷоми маҳфил декани факултет, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, аз баргузории маҳфил изҳори қаноатмандӣ карда, фаъолияти фаъоли донишҷӯёнро баланд арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, ба як қатор донишҷӯёни фаъол сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment