Фарҳанге, ки барои беҳбудии рӯзгори инсон хизмат мекунад, моли тамоми башар аст. Вай мисли офтоб аз дилу хиради миллате тулуъ мекунад, марзу сарҳадҳоро мегузарад ва бо ҳама баробар зиёву ҳарорат ба армуғон мебарад. Сано бар миллате, ки чунин фарҳангро ба хуни дилу нури дида парвариш додааст.
Гузаштагони мо тибқи расму ойину суннатҳои наврӯзӣ ба замин дона мепошиданд, иморатҳо бунёд мекарданд, муҳитро покиза нигоҳ медоштанд, авф мекарданду озодӣ мебахшиданд, инсонҳоро арҷ мегузоштанд, гузаштагонро ба некӣ ёд меоварданд, доноёнро, фозилонро навозиш мекарданд, ҳикмат меофариданду меомӯхтанду меандӯхтанд.
Дар китобҳо омадааст, ки шоҳ Ҷамшед бунёдгузори Наврӯз ба ҳисоб меравад. Хурсандиовар аст, ки соли 2010 Шӯрои 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид доир ба рузи ҷаҳонии Наврӯз Қатънома қабул кард. Бо даст ёфтан ба ин дастоварди беназири фарҳангӣ ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо, ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум гардидааст, ниҳоят дастрасӣ оламиён гардид.
Дар марҳилаи нави давлатдорӣ ва ҳамагӣ чанде муқаддам ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми саодатманди Тоҷикистони азиз шоҳид он гардиданд, ки 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жапаров Садыр ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Мирзиёев Шавкатро ба ҳузур пазируфт. Наврӯзи Хуҷанд самараи аҳди дӯстиву бародарӣ гардид ва пойгоҳи бунёдӣ барои дӯстии абадии марддумонамон рақам хурд.
Дар ин рӯз сарони се давлат ҳуҷҷати муҳимеро имзо карданд, ки барои мо орзӯҳои садсолаҳо буд. Дар натиҷаи корбарии КДАМ-и ин кишварҳо хатти ҷудошавии сарҳадҳо муайян гардид. Сарҳади ин давлатҳо дигар на сарҳади муноқиша, балки сарҳади дӯстист.
Ин созишнома ба мо дар оянда имконият медиҳад, ки минбаъд ҳалномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакати мо пурзур гардад. Гардиши молу маҳсулот ба маротиб афзояд, табодули фарҳангӣ дар сатҳи боло қарор гирад. Сарони давлатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон инчунин дар бораи дастраси барои истифодаи обҳои хоҷагӣ, обектҳои энергетикӣ, ки оид ба истифодаи роҳҳои автомобилӣ созишномаҳо қабул гардид.
Дар ин мулоқоти таърихӣ сарони давлатҳо асосан ба самти иқтисодӣ ва тиҷории давлатҳо диққати ҷиддӣ дода, гардиши молу маҳсулоти байни кишварҳои ҳамсоя ҳар сол бамаротиб афзун мешавад. Корхонаҳои муштарак, роҳҳо, парвозҳои доимӣ боиси пешрафти муносибатҳои ин давлатҳо гардидааст. Лоиҳаи муштарак дар байни давлатҳо дар самтҳои саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт амалӣ мегардад, ки боиси дастгирии ин кишварҳо гардидааст. Сарони давлатҳо дар бораи муносибатҳои фарҳангӣ, конференсияҳо, форумҳо, фестивалҳо, симпозиюмҳо вохӯрии аҳли илм ва интелегенсия созишнома ба имзо расониданд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон ва Узбекистон бо барномаҳои консертии дилнишин баромад карданд.
Инчунин намояндагони ҳунарҳои мардумии се кишвар дастовардҳои худро дар назди роҳбарони се давлат ба намоиш гузоштанд. Дар варзишгоҳи шаҳрии Хуҷанд ҳамоиши ҷамъбастии дар иштироки сарони давлатҳо баргузор гардид, ки дар тули даҳ соли охир дар ягон давлати Осиёи Миёна дар чунин сатҳ баргузор нагардида буд.
Ҳамин тавр, Наврӯзи имсола на танҳо ҷашни суннативу фарҳангӣ, балки рамзи рӯшани оғози марҳилаи нав дар равобити ҳамсоягӣ ва дӯстии минтақавӣ гардид. Чунин ҳамоиши таърихӣ собит намуд, ки мероси фарҳангии ниёгон метавонад ба таҳкими равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ замина гузорад. Ҳамкориҳои амалӣ ва созишномаҳои ба имзорасида миёни се кишвар башорат аз суботи нав ва рушди устувори минтақаро медиҳанд. Наврӯзи Хуҷанд ҳамчун намунаи барҷастаи эҳтироми муштарак чун Наврӯзи ҳамдилӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ваҳдати башарӣ дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Холиқов Сафар, Азизхуҷазода Сино- омӯзгорони факултети химия ва биолгияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ