Home ДАСТОВАРҲО МУЖДАГОНӢ

МУЖДАГОНӢ

by admin
42 views
Имрӯз (10.04.2025) Қурбонзода Рӯдобаи Исмоил-омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи худро дар мавзуи «ОНОМАСТИКАИ «ТАЪРИХИ БУХОРО»-И НАРШАХӢ (ҷанбаи сохторию маъноӣ)», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500-Филология (6D020502-Забони тоҷикӣ), дар маҷлиси Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳомидов Дилмурод Раҷабович муваффақона дифоъ намуд.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмиашро барои ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмӣ ва шарафёб гардидан ба музаффарияти навбатӣ шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиашон барору пирӯзӣ ва комравоӣ орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment