Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

by admin
147 views
Зиндагӣ дар ҷомеае, ки бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи халқи тоҷик буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ин орзуи халқи тоҷикро амалӣ сохта, барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро муқаддас эълон кард. Аз ин ҷиҳат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян гардидааст. Ин суханҳо имрӯз дар мизи мудаввари ташкилнамудаи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Конститутсия- асоси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд” шунида шуданд.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, ҷонишини декан оид ба таълими ғоибонаи факултети химия ва биология Имомов Зафар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет суханронӣ намуда, нишастагонро ба муносибати Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас, Имомов Зафар дар мавзуи “Решаҳои таърихии Конститутсия: аз аҳди Куруш то оғози асри ХХ”, Мастонаи Р, донишҷӯи факултет дар мавзуи “Конститутсия-сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Манижаи А, донишҷӯи факултет дар мавзуи “Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қосимова А. дар мавзуи “Конститутсия кафили осоиши оила, модар ва кӯдак” маърӯзаҳои худро пешниҳоди аҳли нишаст намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо суолу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment