Home ХАБАР #ПАЙКИ_НАВРӮЗӢ: ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ “ХИМИЯИ АНАЛИТИКӢ” ВА СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ

#ПАЙКИ_НАВРӮЗӢ: ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ “ХИМИЯИ АНАЛИТИКӢ” ВА СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ

by admin
25 views
Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башарӣ илму маърифат, фарҳангу тамаддун равшангароиву маърифатафзоӣ ҳамчун унсурҳои муҳим барои рушд ва пойдории давлату миллатҳо нақши муҳимро ба ӯҳда гирифта, омили муҳим ва василаи олии наҷоти ҷомеаи мутамаддин гардидааст. Инчунин рушди ҳар кишвар ба низоми мукаммали илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дошта, маҳз нуру зиёи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърих ҳифз намудаву менамояд. Ба бахт ва саодати мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масоили марбут ба онро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намудааст.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар партави ҳидоятҳои саодатбахш, омӯзаҳои хирадбунёд, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тадбирҳои судмандро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиду созгор барои таълиму тадриси илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ роҳандозӣ намуда, санаи 20 марти соли 2025 дар ҳошияи баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Закариёи Розӣ-эҳёгари илми кимиё ва тиб» бахшида ба бузургдошти 1160-солагии мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, 80-солагии Донишгоҳ, амалигардонии нишондоди Нақшаҳои чорабиниҳои Вазорат оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», “Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” дар факултети химия ва биология бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, аҳли раёсат, намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ, ҳайати устодону кормандони факултет, намояндагони васоити ахбори омма озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютерӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Озмоишгоҳи мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорат оид ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму техника ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютерӣ ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз нақш ва аҳамияти Наврӯзи байналмилалӣ дар таҳкими ҳамбастагӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳу дӯстӣ ёдовар шуда, бо руҷуъ ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои омӯзиш ва рушди илмҳои риёзию табиӣ такони ҷиддӣ бахшида, бе шак, барои амалӣ намудани Стратегияи чоруми ҷумҳурӣ — саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи маълумоти садорати факултети химия ва биология ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тадрис соли таҳсили 2023-2024 5 озмоишгоҳи муосири химиявии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ (1) озмоишгоҳи химияи ғайриузвӣ, (2) химияи таҳлилӣ, (3) химияи узвӣ, (4) физиологияи одам ва ҳайвон, (5) физиологияи растаниҳо ифтитоҳ гардида, дар онҳо шароити муназзаму муосир ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯёну илмомӯзии муҳассилин роҳандозӣ гардидааст.
Ҳайати устодон маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи химиявии “Химияи аналитикӣ” ва синфхонаи компютериро рӯйдоди муҳим барои рушди илм ва таълим арзёбӣ намуда, ба раванди дарсҳои омӯзгорон ворид шуданд ва аз самаранокии технологияи муосир ва таҷҳизоти истифодашаванда дар озмоишгоҳ огоҳ гардиданд.
Зимни чорабинӣ, муаллимон ва донишҷӯён ба меҳмонон таҷрибаҳои химиявии ҷолиб нишон доданд. Ин таҷрибаҳо, ки бо истифода аз модулҳои муосир гузаронида шуданд, ба меҳмонон имконият доданд, ки шеваҳои амалии таҳқиқоти химиявиро дар амал бубинанд ва барои онҳо равшан шавад, ки чӣ гуна методҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти муосир барои фаҳмидани назарияҳои мураккаби химия кумак мекунанд. Дар ин баробар чорабинӣ шеваи муосири таҳсил ва таҳқиқоти илмиро ба намоиш гузошт, ки метавонад барои рушди ояндаи химия ва илмҳои дигар аҳамияти хеле муҳим дошта бошад.
Ҳамин тавр, озмоишгоҳҳои муосири химиявии Донишгоҳ бо дастовардҳои инноватсионии илму техника муҷаҳҳаз буда, барои тадриси дарсҳои самараноки озмоишии омӯзгорони фанҳои соҳавӣ, барангехтани шавқу завқи муҳассилин, ташвиқ ва сафарбарсозии онҳо ба масири илму ихтироот, пажӯҳишҳо дар мавриди обу иқлим, тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати саноатикунонии босуръати кишвар, дарёфту коркард, пешниҳод ва татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз», таъмини рушди устувор ва некуаҳволии рӯзафзуни халқи саодатманди Ватани азизу маҳбуб заминаҳои воқеиву муътамад эҷод мекунанд.
Донишҷӯёни донишгоҳ низ зимни сӯҳбат таъсису ба истифода додани озмоишгоҳ ва синфхонаи мазкурро идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи оламафрӯз ва 80-солагии Ддонишгоҳ арзёбӣ карда, барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба амалигардонии дастурҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охир ба устодону донишҷӯён дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мусоид ва арзандаи озмоишгоҳ ва синфхонаву китобхонаи электронӣ истифода бурда, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуб чораҳои зарурӣ анҷом диҳанд.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид
рӯзномаи “Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment