Санаи 18.03.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика оид ба муҳокимаи пешакии диссертатсияи доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ Ҷумъахон Алимӣ дар мавзуи “Рушди фазои солими таҳсилотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҷанбаҳои назарӣ ва амалӣ)” (мушовири илмӣ Мирализода Абдусалом Мустафо – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ доир шуд.
Дар ҷаласа доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, довталаби дараҷаи илмӣ, мушовири илмии ӯ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадов Ғафур Бобоевич, муовини ректор оид ба тарби, дотсент Сафарзода Мунир, дотсент Бозоров Хушвахт, профессори фахрии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Раҳмонов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, дотсент Исозода Парвиз, дотсентон Назаров Ҳотам, Давлатов Миралӣ, Шарипов Анвар, муқарризон ва ҳайати устодону кормандони илмӣ иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ба ҳайси муқарриз доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадов Ғафур Бобоевич, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ Иззатова Муҳаббат, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотамшо баромад намуда, ҳусну кубҳи диссертатсияро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамзамон бинобар сабаби узрнок ҳузур надоштани муқарризон профессор Мирзоев Салим ва дотсент Маҷидова Кенҷамо матни тақриз аз ҷониби котиби ҷаласа, дотсент Шарипов Анвар ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Инчунин дар рафти муҳокима профессорон Иззатова Муҳаббат, Муҳаммадов Ғафур, Ашурова Нодира, дотсентон Бозоров Хушбахт, Рафиев Сафархон, Ғаюров Лоиқ баромад намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд.
Ҳамин тариқ, аъзоёни ҷаласа бо раъйдиҳии ошкоро таҳқиқоти д.и.ф., профессор Ҷумъахон Алимӣро пурра мусбат арзёбӣ намуда, бо дарназардошти ислоҳи баъзе саҳву иштибоҳот онро барои муҳокима ва баррасӣ дар зинаҳои минбаъда тавсия доданд.
Раёсати ДДК ба номи А.Рӯдакӣ ба унвонҷӯй Ҷумъахон Алимӣ ва мушовири илмии ӯ, д.и.п., профессор, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДМТ Мирализода А.М. сиҳатию саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзу менамояд.