Home ХАБАР ИШТИРОКИ ҲАЙТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ МОДАР ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ИШТИРОКИ ҲАЙТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ МОДАР ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
14 views
Санаи 7-уми марти соли 2025 дар дар шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба РӮЗИ МОДАР баргузор гардид.
Дар ҷамъомади идона роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон ва ҳамзамон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шаҳр аз ҳисоби занону духтарон иштирок доштанд.
Дар ҳамоиши идона таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта буда, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан-Модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷисму ҷон мебошад.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода қайд кард, ки имрӯзҳо бонувони шаҳр номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу назаррабо гардидани кишвар талошу заҳмат мекашанд.
Зимнан муовини ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, шоира Хосият Вализода, собиқадори меҳнат Саъбагул Валиева, ғолибони даври ниҳоии озмун ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар фарорасии фасли баҳор рамзист, зеро бедоршавии табиат ба ҳаётбахшии модар шабоҳат дорад. Дар ин рӯзи муборак инсонҳо бояд ба аёдати модарону хоҳарон биёянд. Хотири онҳоро болида намоянд ва анъанаи неки ниёгонро гиромӣ доранд.
Нақши занон дар ҷомеа хеле бузург аст. Бар замми он ки зан модар аст, ҳамчунин хизматчии давлатӣ, олим, муаллим, ҳуқуқшинос ва муҳандису духтур мебошад. Бузургтарин шахсиятҳои таърих — арбобони давлативу сиёсӣ, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятгирандаи модар буданду ҳастанд. Ҳоло ҳар яки мо шоҳиди онем, ки дар кишвар барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон имкониятҳои мусоид фароҳам аст ва ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамеша дар мадди назар қарор дорад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор бонувони фаъолу хизматнишондода, собиқадорони арсаи меҳнати Донишгоҳ ва шаҳр ифтихорномаю сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Барномаи ҷолиби ҳунарии бахши фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи Модар бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба шукӯҳи чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Тошматов Умарҷон,
“Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment