Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
15 views
20 феврали соли 2024 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти унвони «Артиши миллӣ – такягоҳи давлат ва сипари миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Мануҷеҳр, муовинони декани факултет, сармутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Ғаниев Фируз, ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.
Маҳфилро ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Файзов Рамазон ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ таъкид дошт, ки Артиши Миллии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат мебошад ва дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, сатҳи омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳ дар солҳои охир ба таври назаррас баланд гардидааст.
Сипас, роҳбари маҳфил Муродов Аюбҷон суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо маърӯзаҳои пешниҳодшуда шинос кард.
Дар идомаи маҳфил, донишҷӯёни фаъол бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд:
Қодирова Шарифамо, донишҷӯи курси дуюм, дар мавзӯи «Ҳуқуқи дипломатӣ»;
Бобоев Абубакр, донишҷӯи курси сеюм, дар мавзӯи «Сарчашмаҳои ҳуқуқи дипломатӣ»;
Шаҳнозаи Тоҷиддин, донишҷӯи курси сеюм, дар мавзӯи «Артиши миллӣ – сипари боэътимод».
Дар қисмати ҷамъбастӣ, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғанизода Фируз фаъолияти маҳфили мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, донишҷӯёнро ба иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ даъват кард.

Related Articles

Leave a Comment