Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

by admin
15 views
19-уми ферали соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.
Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуъҳои баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Саидов Даврон оғоз ёфт.
Дар маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯёни курси 3-юми факултет: Қаюмова Моҳсафар дар мавзуи “Хусусиятҳои хоси дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Табарова Оиша дар мавзуи “Аз таърихи бунёд ва ташкилёбии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаҳои баррасишуда ибрози андеша намуданд.

Related Articles

Leave a Comment