Home ХАБАР ДАРСИ НАМУНАВӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

ДАРСИ НАМУНАВӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

by admin
9 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат санаи 18.02.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдулов Дилшод дарси намунавӣ дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ” дар гурӯҳи таълимии 209-и ихтисоси Андоз ва андозбандӣ бо иштироки мудири кафедра, дотсент Содиқзода Зафар ва дигар омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.
Абдулов Дилшод дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс    “ Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ ” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки Фаъолияти бонкӣ яке аз ҷузъҳои муҳими низоми молиявии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Он тибқи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии муқарраргардида танзим ва назорат карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ маъмулан аз қонунҳо, қарорҳои ҳукумат, санадҳои танзимкунанда ва меъёрҳои байналмилалӣ иборат мебошанд.
Дар қисмати дигари дарс донишҷӯён иброз доштанд, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ заминаи муътамади рушди устувори низоми бонкӣ ва молиявиро фароҳам меоранд. Онҳо кафолат медиҳанд, ки бонкҳо боэътимод, шаффоф ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ амал намоянд.
Дар идома муаллим ба донишҷӯён суол дода, донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Related Articles

Leave a Comment