Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШГОҲ

by admin
54 views

Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонуниашон ё ҳуқуқу озодӣ ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.

Ин матлаб имрӯз зимни семинар — машварат, дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” (аз 23.07.2016, №1339) ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар ин самт» баргузор гардид, баён шуд.

Дар семинар сардори Маркази илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдулвоҳид, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Назаров Бахтиёр, коргузорон ва танзимгарони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдулвоҳид, суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои мавзуи интихобгардидаи семинар маълумот доданд.

Сипас Назаров Бахтиёр, ҳуқуқшиносӣ донишгоҳ дар мавзуи “Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 23 июни соли 2016 қабул шуда, аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад ва тибқи он, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.

Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.

Related Articles

Leave a Comment