Имрӯз (18.02.2025) дар кафедраи илмҳои компютерии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар ассистентони кафедра Давлатов Ҳадятулло дар мавзуи “Нақши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар гузариш ба омӯзиши мутамаркази донишҷӯён дар мактабҳои олӣ», Ғуломов Суҳроб дар мавзуи “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди омодасозии WEB-дизайнерҳои оянда” ва Алиева Фарзона дар мавзуи “Тиҷорати электронӣ ва сохтори бозори электронӣ” маърӯза намуданд.