Home ХАБАР МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

МУАРРИФИИ БАРНОМАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
26 views
Санаи 17-уми феврали соли 2025 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод, раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон-Латифзода Рустам Барот, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон-Шаҳбози Аброр, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон-Ашурзода Ғиёсиддин, муовини якуми раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон-Мирасанова Зарагул Боваровна ва раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Хушвахтов Исмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад намояндагони ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи пешазинтихоботӣ ва номзадҳои пешбаригардидаро ҷиҳати иштирок дар маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот муаррифӣ намуданд.
Аз ҷумла муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-Абдуллозода Умеда дар баромади худ қайд намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025-2030 пешбинӣ менамояд. Таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо дар ин марҳала маҳсуб меёбанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, барои татбиқи моддаи якуми Конститутсия, ки барои ҳар як узви ҷомеа шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муқаррар кардааст, талош меварзад. Суботи сиёсӣ аз рушди устувори иқтисоди миллӣ вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, таъмини рушди иқтисодиёт яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат равона месозад. Баробари амалӣ гардидани нақшаҳои пешбинишуда дар бахши иқтисод ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ афзалияти бештар касб менамояд.
Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳизби мо қарор доранд. Ҳамчунин гиромидошту ҳифзи фарҳанги миллӣ ва иттилоот дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст.
Дар идома, намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ вобаста ба барномаҳои пешазинтихоботии хеш ибрози андеша карданд. Дар охир аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо дода шуда, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Related Articles

Leave a Comment