Home ХАБАР ОМӮЗИШИ ОНЛАЙН ДАР МАВЗӮИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ»

ОМӮЗИШИ ОНЛАЙН ДАР МАВЗӮИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ»

by admin
96 views
Санаи 21-уми октябр дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ- инклюзивӣ» ҳафтаи чорум аст, ки омӯзиши онлайн дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ» барои омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрантон, докторонтони PhD ва донишҷӯён баргузор мегардад. Онлайн-омӯзишро профессори Донишгоҳи Корея Kim Doohyan гузаронида истодааст.
Омӯзиши мазкур дар доираи фаъолиятҳои лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, ташкилоти «Good Neighbors Tajikistan International» онро амалӣ сохта аст. Дар доираи лоиҳаи мазкур Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз шарикони асосӣ ба ҳисоб рафта, фаъолиятҳои лоиҳавӣ дар донишгоҳ амалӣ гашта истодаанд.

Related Articles

Leave a Comment