Home ХАБАР ҲАМОИШ: ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ — НАМУНАИ НАХУСТИНИ ИФРОТГАРОӢ ДАР МИНТАҚА

ҲАМОИШ: ҲАРАКАТИ БОСМАЧИГАРӢ — НАМУНАИ НАХУСТИНИ ИФРОТГАРОӢ ДАР МИНТАҚА

by admin
29 views
Имрӯз, 15 феврали соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи хонишҳои сиёсӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки мақсади баргузории чунин ҳамоишҳо баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, пешгирии гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар миёни насли наврас мебошад. Таъкид намуд, ки ҳар як донишҷӯ, омӯзгор ва дар маҷмуъ ҷомеа бояд дорои ҷаҳонбинии муосири сиёсӣ бошад, то дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири афзояндаи муҳити иттилоотӣ метавонад воқеиятро дуруст арзёбӣ намуда, ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дода нашавад.
Сипас, Маҳмудов Давлатшоҳ – мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Ҳаракати босмачигарӣ намунаи нахустини ифротгароӣ дар минтақа” суханронӣ намуд. Дар баромади худ Маҳмудов Давлатшоҳ қайд кард, ки ифротгароӣ на танҳо зуҳуроти муосир, балки решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати босмачигарӣ, ки дар оғози асри XX ба миён омада буд, нахустин шакли фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа маҳсуб мешавад.
“Босмачигарӣ на танҳо як шӯриш бар зидди низоми сиёсӣ буд, балки ҳаракати пароканда ва бидуни асоси қавии миллӣ, ки аз ҷониби қувваҳои хориҷӣ ҳимоят мешуд, ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд онҳо худро муҳофизони арзишҳои миллӣ вонамуд мекарданд, воқеият нишон дод, ки бештари онҳо ба манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳӣ майл доштанд”, — изҳор дошт ӯ.
Мавзуи ифротгароӣ имрӯз низ мубрами рӯз боқӣ мемонад, зеро гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз методҳои гуногуни таблиғотӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Маҳз ҷаҳолат ва набудани дониши сиёсӣ боиси ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтидани ҷавонон мегардад.
Дар идома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучеҳр ба сухан баромада, андешаҳои худро оид ба мавзуи баррасишуда баён намуда, зарурати ташкили чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment