Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢ 75 СОЛ: ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ДОНИШГОҲ

75 СОЛ: ТАЪРИХИ МУХТАСАРИ ДОНИШГОҲ

by admin
236 views

Бахшида ба 75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи

давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хурсандибахш буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2-юми сентябри соли 2014, таҳти рақами 565 ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2015 дар саҳни донишгоҳ гузаронида шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар паҳлуи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкардагони солҳои гуногун ва кормандони сохторҳои донишгоҳ 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифтанд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Он дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон нақши муассире дорад. Ва таъсиси он тақозои рӯзафзуни давру замон буд. Мусаллам аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба рушду нумӯи мактабу маориф таваҷҷуҳи зиёд медод. Яке аз натиҷҳои он таъсиси Институти дусолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳри Кӯлоб буд.

Ҳоло ба таърих рӯ меоварем. Қарори Шӯрои Комиссариати халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунии дусола» аз 23.06.1940, зери рақами 724 ба табъ расид.

Мутаассифона, бо сабаби таҳдиди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба Иттиҳоди Шӯравӣ, нарасидани маблағ, ҷамъ карда натавонистани довталабон (абитуриентон) ва ба низоми ҳарбӣ даровардани фаъолияти тамоми корхонаҳо имкон надоданд, ки ин қарор амалӣ гардад.

Баробари ғалабаи музаффаронаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германия ва оғози азнавбарқароркунӣ ва тараққиёти хоҷагии халқ Донишкадаи давлатии Кӯлоб бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб, тибқи қарори Вазорати маданияти СССР аз 15-уми августи соли 1945, таҳти рақами 1373 дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, ки дар гузашта номҳои курси педагогӣ (1931-1934), техникуми педагогӣ (1934-1935), комбинати педагогӣ (1935-1938)-ро доштааст, таъсис ёфт ва баъдан бо Қарори Вазорати маорифи СССР аз августи соли 1945 Донишкадаи муаллимтайёркунии дусола ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола табдил дода шуд. Институт дар ибтидо дорои факултаҳои таърих ва филология, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия буд.

Соли аввали фаъолияти Институт дар факултаҳои мазкур ҳамагӣ 48 нафар абитуриентон қабул гардиданд, ки ба онҳо 9 нафар омӯзгорони таҳсилоти олидошта таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов буда, тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми августи соли 1945 ба ин вазифа таъйин мешавад. Дар соли аввали таҳсил нақшаи қабули донишҷуён 80% таъмин карда шуд, вале бо кӯмак ва дастгирии идораҳои марбутаи давлативу ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб барои шогирдон ба миқдори зарурӣ синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, озмоишгоҳҳо ва хобгоҳ пайдо карда мешаванд. Раванди таълиму тарбия ба низом даромад. Омӯзгорони беҳтарин аз дуру наздик ҷамъ оварда шуданд.

Вазъи қабули ҷавонписарону духтарон ба Институт дар соли таҳсили 1947-1948 беҳтар гардид, 90 нафар ҷавонон сазовори номи пуршарафи донишҷӯ шуданд. Соли 1947 аввалин хатмкунандагон соҳиби диплом шуданд: Хоркаш Қодиров, Худойдод Сангов, Шариф Ҳасанов, Шариф Зиёев, Ҳамрохон Файзиев (аз факултаи физика-математика), Ғулом Бӯриев, Султон Бекматов, Қосим Исмоилов, Умаралӣ Комилов, Муъмин Мирзоев, Худойдод Мирзоев, Ғафур Муллоев, Сафаралӣ Наимов, Файзулло Пӯлодов, Талбак Раҳмонов, Сайдаҳмад Раҳимов, Зайнал Салимов, Шараф Шарифов (аз шуъбаи таърих), Баён Раҳимов ва дигарон (аз факултаи табиатшиносиву ҷуғрофия). Баъзе хатмкардагон ба корҳои комсомолӣ, партиявӣ ва роҳбарӣ дар ноҳияҳои вилояти Кӯлоб сафарбар карда шуданд: М. Аҳмадалиева, Санг Абдуллоев, Вазир Ҷалилов, Карим Қурбонов, Абдураҳмон Маҳмудов, Кӯган Наҷмиддинов, Ғиёс Набиев, Наим Назаров, Рашид Одинаев, Болта Раҳимов, Э. Зардиев, Аюб Файзиев, Ҷаббор Шарифов, Пирӣ Шукуров, Ҳайит Шерхонов ва дигарон.

Соли таҳсили 1947-1948 дар ин маркази илму маърифат кафедраҳои асосҳои марксизм-ленинизм (мудир Хоҷабобо Ортиқов), забону адабиёт (мудир Шаҳидӣ Каримов), физика-математика (мудир Аъзам Акбаров), табиатшиносиву ҷуғрофия (мудир, худи директор Раҳмон Каримов), педагогика ва психология (мудир Абдулло Раҳимов) фаъолият мекарданд.

Сохтори Институт сол то сол мукаммал мегардид, теъдоди факултаҳо, шумораи донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон меафзуд. Акнун шумораи донишҷӯён дар соли таҳсили 1951-1952 ба 446 нафар расид. Миқдори омӯзгорон аз 9 то ба 39 нафар афзуд. Дар он солҳо русҳо, украинҳо, ӯзбекҳо ба кор омаданд, ки миёни онҳо омӯзгорони ботаҷриба – И.В. Тарасов, В.С. Миснер, М.М.Шматко, Э.И. Радишева, А.Г.Лиситская, В.В.Жабан, В.М. Венахин, Р.Усмонов, С.Хоҷаев, М.Худойназаров буданд.

Директор Муҳаммадӣ Исматуллоев бисёр олимону омӯзгорони ҷавонро аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Душанбе ба Кӯлоб даъват намуд. Солҳои директории Худойназар Мамадназаров дигаргуниҳои чашмрас рӯи кор омада, нақшаи қабули абитуриентон ба Институт хеле меафзояд, кафедраву факултаҳои нав ташкил меёбанд, сифати таълиму тарбия беҳтар мегардад ва дар ҷобаҷогузории кадрҳо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Чунончи, муаллими калон Ҳ.Б.Боғиров котиби бюрои партиявӣ, А.Сиддиқов раиси иттифоқи касаба ва Д.Г.Резник мудири шуъбаи таълими ғоибона таъйин карда шуданд. Ҷиддияти вазъиятро аз ин ҳам қиёс бояд кард, ки мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм аз ҷониби бюрои Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон таъйин мегардид. Роҳбарии кафедраи мазкурро Б.Т. Абдураҳимов ба дӯш дошт ва дар он омӯзгорон Х.Мамадназаров, А.Сиддиқов, Ғ.Ятимов, М.Шукуров, Маллаев, Варханин кору фаъолият мекарданд. Дар кафедраи таърихи халқҳои СССР бошад, омӯзгорон Ҳ.Б.Боғиров, Р.Усмонов, Минязов, Д.Г.Резник таъйин карда шуданд.

Яке аз омӯзгорони ҷавоне, ки он солҳо ба кор қабул гардид, Ниёз Сафаров буд, ки дар рушду нумӯи минбаъдаи таълиму тарбия ва илм саҳми бузург гузоштааст.

Институт қадам ба қадам афзоиш меёбад ва таъминоти кафедраҳо бо омӯзгорон рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Шумораи онҳо дар соли таҳсили 1952-1953 ба 576 нафар ва теъдоди олимону омӯзгорон ба 100 нафар расид, мутахассисони лаёқатманд Салоҳиддин Атоев, Ё.А.Бобоев, М.Г.Кабина, Ҳ.Назаров, Моёншо Назаршоев, Мирзо Султонов, Парвиз Ирфон, Ҳомид Хоҷаев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор қабул карда шуданд. Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб дар зарфи 8 соли фаъолияти худ (солҳои 1945-1953) дар тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони таҳсилоти олии нопурра нақши бориз дорад. Дар ин муддат дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи он беш аз 900 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, беш аз 750 нафарашон соҳиби дипломи таҳсилоти олии нопурра гардиданд.

Дар баробари таълим устодон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гашта бошанд ҳам, асосан ба омӯзиши маводи таълимии мавҷуда, аз рӯи онҳо ба тартиб даровардани нақшаи фанни таълимӣ ва таълими босифат иборат буд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Институт на фақат ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон низ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд. Маҳз бо дастгирӣ ва кӯмаки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти муаллимии Кӯлоб номзадҳои илм низ равон карда мешуданд ва ба ин сабаб нерӯи илмии он мустаҳкам ва пурзӯр мегардид, ҷавонони толибилм рӯ ба пажӯҳиш ва дониш меоварданд.

Бо ҳамин марҳилаи аввали фаъолият ва рушди Институти муаллимии Кӯлоб хотима ёфта, аз соли таҳсили 1953-1954 марҳилаи дуюми он шурӯъ мешавад. Бо вуҷуди натиҷаҳои чашмгир ошкор буд, ки Институт тақозои афзояндаи соҳаи маорифро дар ҷануби Тоҷикистон қонеъ гардонида наметавонад. Роҳҳои нав бояд ҷӯст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки заминаҳои моддӣ-таълимӣ дар зарфи 8 соли мавҷудияти Институт пайдо шуда буд. Қабл аз ҳама, ҳайати устодону омӯзгорони ботаҷриба ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия дар мактаби олӣ – Институти 4-солаи педагогӣ омода буд. Роҳбарияти Институт дар назди мақомоти шаҳру вилояти Кӯлоб ва Ҳукумати мамлакат доир ба таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб батакрор дархостҳо пешниҳод мекард. Ниҳоят, ин хоҳишу дархостҳои садорати Институт аз тарафи Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд ва 7 августи соли 1953 фармони Вазорати маорифи СССР «Дар бораи барҳам додани Институти дусолаи муаллимии Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар соли таҳсили 1953-1954» таҳти рақами 1373 ба тасвиб расид.

Дар асоси фармони мазкур Совети Вазирони РСС Тоҷикистон низ «Дар бораи дар заминаи Институти муаллимии шаҳри Кӯлоб аз 15-уми августи соли 1953 кушодани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» қарори махсус қабул намуд.

Акнун марҳилаи дуюми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб шурӯъ гардид. Директори Институт Худойназар Мамадназаров аз 10-уми августи соли 1953 бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷои ӯ мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм Ашраф Сиддиқов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Институти давлатии педагогии Кӯлоб таъйин гардид.

Бо таъсисёбии Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар сохтор ва роҳбарият, нақша ва барномаҳои таълимӣ, раванди таълиму тарбияи он дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Дар ду соли аввал теъдоди факултаҳои он: забону адабиёт, физика-математика, таърих, табиатшиносиву ҷуғрофия зиёд нашуда бошад ҳам, шумораи донишҷӯён нисбатан зиёд гардида, ҳамон сол ба курси якум 179 нафар абитуриентон дохил шуданд. Теъдоди донишҷӯён дар соли таҳсили 1953-1954 якҷо бо донишҷӯёни курси дуюми Институти муаллимӣ 311 нафарро ташкил дод. Дар ҳамин соли таҳсил 34 нафар шуъбаи таълими рӯзона ва 58 нафар шуъбаи таълими ғоибонаро хатм намуданд.

Ҳамин тавр, дар соли таҳсили 1953-1954 миқдори донишҷӯёни шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи Институт ҳамагӣ 572 нафарро ташкил кард. Вобаста ба тавсеаи доираи ҳар як ихтисос афзоиши шумораи донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон дар Институт, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо ва дафтарҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Дар китобхона миқдори адабиёти илмӣ, методӣ, бадеӣ ва адабиву техникӣ афзуда, масъалаи баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос низ ба миён гузошта шуд. 19-уми декабри соли 1953 номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳ.К.Хоҷаев ректори Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб таъйин карда шуд. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани заминаи моддиву техникӣ ва ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъминоти моддию маишии омӯзгорон дар Институт корҳои шоиста ба анҷом мерасонад. Масалан, бо кӯмаку талошҳои ӯ биноҳои дуошёнаи рақамҳои 25, 27 воқеъ дар кӯчаи ба номи Карл Маркс (ҳоло С.Сафаров) ва бинои якошёнаи воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Орҷонкидзе (ҳоло дар ҷои он бинои чорошёнаи шуъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳрӣ қомат афрохтааст) аз ҷониби мақомоти шаҳр ба ихтиёри Институт дода шуд. Ҳайати устодону омӯзгорон бо истиқоматгоҳ таъмин карда мешаванд. Дар натиҷа тарк кардани донишгоҳ аз ҷониби кадрҳои омӯзгорӣ ҳаталимкон қатъ гардид, ҳайати асосии омӯзгорон нигоҳ дошта мешавад.

Институт дар марҳилаи дуюми рушди худ садҳо муаллимонро ба камол расонида, соҳиби таҳсилоти олии касбии пурра гардонид. Аз ҷумла, Муаллими халқии СССР Идӣ Халифаев, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Сония Аккалаева, Сарахон Турахонов, Карим Қодиров, Аҳмад Ҳаётов, Санг Самадов, Барот Мирзоев ва дигарон.

Дар соли таҳсили 1956-1957 Институт аз таҳсили 4-сола ба таҳсили 5-солаи ҳамгиро гузашт, зеро мамлакат ба муаллимони гуногунсоҳа эҳтиёҷ дошт. Дар факултаҳо ихтисосҳои ҳамгиро амал мекарданд. Масалан, дар факултаи таъриху филология муаллимони забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, адабиёт, таърих, дар факултаи физика-математика омӯзгорони фанҳои математика, физика, нақшакашӣ, астрономия ва ғайра тайёр карда мешуданд. Гузаштан ба таълими ҳамгиро роҳбарияти Институтро водор сохт, ки нақша ва барномаҳои таълимӣ, такмили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ҳаҷму меъёри машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ таҷдиди назар карда шаванд.

Соли 1957 барои Институт соли бобарор ва комёбиҳои бузург маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, пояи моддӣ-техникии он пойдор ва устувор мегардад. Ду бинои таълимӣ ва толори варзишӣ ба кор даромаданд, ки дар натиҷа миқдори дарсхонаҳо афзуд ва ба кори кабинету озмоишгоҳҳо самаранок гарид.

Шумораи донишҷӯёни Институт дар ҳамин давра ба 750 нафар расид. Онҳо дар се факулта – физика-математика, таъриху филология (дар 30 гурӯҳи таълимӣ) таҳсил мекарданд. Чунин раванди босуръати тараққиёт дар бобати тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ тақозои замон буд. Соли 1957 Институтро беш аз 100 нафар хатм намуда, ба соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ, хосса соҳаи маориф ва муассисаҳои давлатӣ фиристода шуданд. Миёни онҳо аз факултаи забон ва адабиёти тоҷик 41 нафар (Каромат Муродов, Машраб Муродов, Пӯлод Раҳматов, Бобо Эгамбердиев, Тӯрахон Шамсов, Сония Аккалаева, Ғазал Зардов, Барот Мирзоев), аз факултаҳои физика-математика 34 нафар (Аҳмад Ҳаётов, Идӣ Халифаев ва дигарон) буданд. Моҳи майи соли 1957 Х.К.Ҳоҷиев аз вазифаи ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб озод ва ба ҷои ӯ номзади илми таърих, дотсент Назришо Латифов таъйин карда шуд. Ин дигаргуниҳо натиҷаи мусбат дод.

Солҳои 1958-1959 Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар пешсафу пешқадам буд. Омӯзгорон ба ҷои зист таъмин карда шуданд. Институт бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд аз ҳисоби хатмкардагони худ ва Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко низ таъмин мегардид. Дар соли таҳсили 1958-1959 ба таълиму тарбияи шогирдон беҳтарин устодон Ф.Усмонов, А.Сиддиқов, И.И.Палчиков, М. Назаршоев, А.Муъминов, А.В.Килкинов, М.Г.Ярошевкий, Э.А.Загумёнова, Л.Г.Камолова, И.Тамлихоев, Ф.Қудратова, М.Қурбонов, Р.Юсупова, Ҳ.Муҳибов, Б.Муродов, А.Суфиев, А.И.Аминов, П.А.Вайнкурт, М.Н.Чиликина, И.П.Конкова, М.Исмоилов, Р.Т.Токарева, Х.Қодиров, Ш.Раҳмонов, Ш.Умаров, А.Акбаров, К.П.Марсаков, Ҳ.Б.Боғиров, Н.Латипов, С.Фузайлов, В.Д.Пчелников, М.В.Чижикова, М.И.Макаревич, В.С.Миснер, А.Л.Спектор, Г.Ашӯрмамадов, И.Шарипов, А.Асроров, В.А.Сивочуб, Е.Б.Амитин, Р.Ф.Иванова, Ш.Юсуфов, М.Ризоев, С.Холматов, О.Қурбонов, Ч.Мардонов, М. Султонов, С.Чалишев ва дигарон машғул буданд. Аз ин 8 нафарашон дараҷа ва унвони илмӣ доштанд.

Марҳилаи севуми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба соли 1960 садаи 20-ум рост меояд, ки онро марҳилаи рӯ ба таназзул овардани Донишгоҳ меноманд. Ташкилотҳои партиявии мактабҳои олӣ низ нисбат ба такмили сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бетараф набуданд. Намояндагони КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон зуд-зуд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ташриф оварда, дар ҷаласаҳои партиявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯроҳои олимони онҳо ширкат варзида, зарурати омода намудани муаллимони соҳибмаълумотро барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста таъкид месохтанд. Масалан, моҳи октябри соли 1959 котиби дувуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон П.С. Обносов, котиби якум ва нозири кумитаи партиявии шаҳри Кӯлоб З.М.Абдулин ва Раҳматов дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии бюрои ташкилоти партиявии Институти давлатии педагогии Кӯлоб иштирок менамоянд.

Котиби бюрои ташкилоти партиявии Институт Моёншо Назаршоев (ҳамзамон мудири кафедраи марксизм-ленинизм ба шумор мерафт) дар ҷаласаи васеи партиявӣ бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад мекунад. Пас аз шунидани ҳисоботи солонаи котиби бюрои партиявӣ Моёншо Назаршоев чанде аз коммунистон, аз ҷумла ректор дотсент Назришо Латифов, дотсент Қодир Собиров, номзади илмҳои таърих К.П.Марсаков, муаллими калон В.Д.Пчелников, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Анвер Аминов, муовини ректор оид ба таълим, тарбия ва илм Ниёз Сафаров бо истифода аз фурсати муносиб ва иштироки котиби дувуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон Н.С.Обносов дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ба музокира баромада, дархостҳояшонро оид ба бартараф намудани вазъи ногувори иқтисодии шаҳру ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Коммунистон қотеона талаб менамоянд, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳбуди шароити зист, ҷои истиқомат, хона ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дониши донишҷӯён тадбирҳои оҷил андешанд. Инчунин муаллимони калон Раҳмон Усмонов, Шарқӣ Юсуфов, дотсент Қодир Собиров аз кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм дар хусуси мустаҳкам намудани заминаи моддиву таълимии Институт, сохтани биноҳои таълимӣ, хобгоҳи умумии донишҷӯён, толори варзишӣ, китобхона, қироатхона, ошхона ва озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимиро оид ба фанҳои дақиқ ба миён гузошт. Ҳаллу фасли чунин дархосту пешниҳодот дар солҳои 50 ва 60-ум бегумон кори осон набуд. Котиби бюрои ташкилоти партиявӣ марди ҷасур Моёншо Назаршоев бо далелҳои раднопазир исбот намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ин дархосту пешниҳодоти ҳайати олимону омӯзгорони Институтро ба эътибор нагирад, онҳо донишкадаро тарк хоҳанд кард.

Чунин ранг гирифтани маҷлиси партиявӣ ва дархостҳои ҷиддиву нотарсонаи олимону омӯзгорони Институт ба табъи нозуки котиби КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон П.С. Обносов чандон нафорид ва бо як «ҳиллаи шаръӣ» соли 1960 Институт ҳамчун воҳиди мустақил барҳам дода шуда, филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) мегардад. Институт мустақилияти худро аз даст дод.

Тибқи қарори батасвибрасида донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюми ҳамаи факултаҳо ба Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко гузаронида, донишҷӯёни курсҳои 4-5-ум дар филиали Кӯлобии Институти мазкур таҳсилро идома медиҳанд. Дар соли таҳсили 1960-1961 ба филиал нақшаи қабули абитуриентон муқаррар карда намешавад.

Соли таҳсили 1959-1960 дар Институт беш аз 750-800 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошанд, дар соли таҳсили 1960-1961 320 нафар дар Институт боқӣ монда буданду бас.

Қатъи фаъолияти Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба фарҳангу маънавиёти мардуми собиқ вилояти Кӯлоб хисороти ҷиддии маънавию фарҳангӣ ворид сохт; фонди китобхона хароб гашта, нусхаҳои адабиёти нодиртарини он ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ интиқол ёфт. Адабиёти зарурии илмӣ, бадеӣ, оммавӣ, сиёсӣ аз истифода соқит карда шуданд.

Инчунин, донишмандону омӯзгороне, ки аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои гуногун ба Институт омада буданд, ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаштанд. Қисмате аз онҳо дотсентон М.Г. Ярошевкий, К.П. Марсаков, Қ.Собиров, дотсент Н.Латифов ва муаллимони калон М.Назаршоев, Н.Сафаров, А.Л. Спектор, Д.Г. Резник, А.Аминов, А.Асроров, А.Сатторӣ, Н.Кириленко ва дигар омӯзгорони ҷавон Институтро тарк намуданд.

Пас аз ба филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ табдил ёфтани Институт ҳайати он пароканда ва шумораи омӯзгорони он аз 100 ба 23 нафар расид. Дар соли таҳсили 1961-1962 боз ба факултаҳои асосии филиал шумораи ками донишҷӯён қабул гардиданд.

Ҳаёт собит сохт, ки қарори муттаҳид намудани мактабҳои олии омӯзгорӣ бар зарари рушду нумӯи низоми мактабу маориф дар кишвари азизамон гардид.

Бо қарори КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 1962 Институти давлатии педагогии Кӯлоб барқарор гардид. Ректори он номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров таъйин карда шуд.

Бо ҳамин марҳилаи сеюми таърихи душвори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1960-1962) анҷом ёфта, марҳилаи нави таърихи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1962-1991) шурӯъ мегардад.

Дар соли таҳсили 1962-1963 дар ду факулта: факултаҳои филология бо ду шуъба – тоҷикӣ ва рӯсӣ, физика-математика 150 нафар абитуриентон ба Институт қабул гашта, дар маҷмӯъ бо донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва чоруму панҷум 241 нафарро ташкил медод ва ҳамагӣ 19 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул буданд. Дар назди ректор Т.Умаров дар эҳёи Институт мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омаданд, ки ҳаллу фасли онҳо ҷасорат, коршиносӣ, ташкилотчигӣ тақозо мекард. Институт боз аз нарасидани дарсхонаҳо, хобгоҳ, адабиёти таълимӣ ва илмӣ, аз мутахассисони варзида танқисӣ мекашид.

Аз ин рӯ, бо талабу дархостҳои ректор Т.Умаров роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ҷиҳати мусоидат ба Институт тариқи равон кардани кормандони шинохтаи илмии мамлакат, аз қабили академикҳо А.Мирзоев, Б.Ниёзмуҳаммадов, Р.Амонов, аъзоёни вобастаи АИ Тоҷикистон, Н.Маъсумӣ, С.Ш.Табаров, Ш.Рустамов, докторони илм, профессорон Ш.Ҳусейнзода, Р.Ғаффоров, Д.Тоҷиев, Б.Тилавов, Д.Карамшоев, А. Мирзоев, дотсентон А.Эшонҷонов, С.Мирзоев, Х.Ҳусейнов ба Институт ба таълиму тадриси фанҳои алоҳида, курсҳои махсус ва тарбияи мутахассисони илмӣ равон менамояд. Онҳо бо ҳузурашон дар дарс ва суҳбатҳои ҷудогона ба донишҷӯёну омӯзгорон фазои илмӣ пайдо карданд. Хидмати ин олимони маъруф дар муайян кардани мавзӯъҳои рисолаҳои илмии омӯзгорон ва роҳбарӣ ба онҳо шоистаи таҳсин мебошад. Шогирдоне, ки аз суҳбат ва дарсҳои ин донишмандон баҳра бурдаанд, имрӯз устодонашонро ба некӣ ёд менамоянд.

Дар соли таҳсили 1962-1963 шуъбаи таълими ғоибона аз нав барқарор гардид. Қабули донишҷӯён ба Институт меафзояд. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 1965-1966 анқариб ба 1500 (аз ин 570 нафарашон дар шуъбаи таълими ғоибона) мерасад.

Дар интиҳои солҳои 60-ум ва ибтидои 70-ум шумораи кафедраҳо зиёд гашт. Омӯзгорони ҷавони Институт рӯ ба илм ниҳоданд. Дар ибтидои солҳои 70-ум Қодир Рустамов, Бобоқул Қурбоналиев, Ислом Ғуломов, Соат Чалишев, Раҳим Саидов, Достӣ Шарифов, Барот Нозимов, Хушвахт Ғафуров, Кароматулло Қаландаров ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ҳайати олимони Институтро афзун гардониданд.

Баъди ба кори дигар гузаштани Т.У. Умаров як муддати кутоҳ (аз соли 1971-1972) номзади илми фалсафа, дотсент Абдулло Раҳимов, ки чандин сол муовини ректор буд, ректори Институти таъйин гардид. Ҳиссаи ин олим ва инсони наҷиб дар танзими таълим ва илм дар Институт бузург мебошад.

Аз соли 1973 ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор И.Д. Хушвахтов таъйин гардид.

Соли таҳсили 1975-1976 дар Институт 198 нафар профессорону омӯзгорон, аз ҷумла 28 нафар номзадҳои илм, 13 дотсент, 162 омӯзгор, 7 ассистент фаъолият мекарданд. Шумораи кафедраҳои Институт дар ҳамин соли таҳсил ба 19 адад расид.

Теъдоди олимону омӯзгорон дар давраи ректории дотсент Иқбол Давлатович Хушвахтов ба 227 нафар – 35 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 72 нафар муаллимони калон, 120 нафар омӯзгорону ассистентон расид.

Солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ робитаи Институт бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қавӣ гардид. Солҳои 1980-1990 дотсентон С.К.Каримов, Х. Ғафуров, М. Маликов, К. Қодиров, М.О.Ибодов, И.Икромов, А.Маҳмадов, Қ.Б.Қодиров, Х. Афзалов, Р.Саидов, Ҷ.Шарифов, А.Кӯчаров, А.Паҳлавонов, Ҷ.Алимӣ ва дигарон рисолаҳои докторӣ дифоъ намуданд.

Дар марҳилаи чоруми рушд (1962-1991) роҳбарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров, (1962-1971), доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулло Раҳимов (1971-1972), номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Иқбол Давлатович Хушвахтов (1973-1980), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Тағай Раҳмонов (1980-1990), доктори илмҳои таърих Маҳмуд Ҳакимович Маликов (1991-1993) буданд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз бозсозии солҳои 80-уми М.С.Горбачев ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зуҳуроти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда, ба ҷумҳуриҳои мустақил ҷудо шуд. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълом дошт ва 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав – Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омад.

Аммо қувваҳои гуногуни сиёсӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳи ғайриконститутсиониро пеш гирифта, мардумро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, ҷумҳуриро ба вартаи ҳалокат оварданд.

Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Хуҷанд ҷамъ омад, Ҳукумати конститутсионӣ дар кишвар аз нав барқарор ва эҳё гардид. Бо кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҷонибдорони сулҳу ваҳдат ва бо миёнаравии сарони давлатҳои дӯст 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар давраи бисёр ҳассосу душвори ҳаёти ҷамъиятии кишвар Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» аз 24-уми июли 1992 таҳти рақами 235 ба тасвиб расонд. Дар он рӯзҳои сангину ҳалокатбор Донишгоҳи ба истилоҳ «навташкил» таълиму тардрисро ягон рӯз ҳам қатъ накарда, раванди таълиму тарбияро пеш мебурд. Зеро Кӯлоб ҳамеша тарафдори ягонагӣ ва суботи ҷомеа буд.

Бо ибтикороти шахсан академик С.К.Каримов ва Вазорати маориф аз соли таҳсили 1992-1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳои нав ташкил менамоянд. Ин аз аввалин самараи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва заҳматҳои Президенти Ватани маҳбубу азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари ташкил ёфтани факултаҳо шӯъбаҳои нав дар донишгоҳ факултаҳои пештараи он низ инкишоф ёфта, хеле мустаҳкам гардиданд. Шумораи донишҷӯёну омӯзгорон босуръат афзудан гирифт. Соли таҳсили 1992-1993 дар факултаи математика 373 нафар донишҷӯ, физика 312 нафар, забон ва адабиёти тоҷик 549 нафар, забон ва адабиёти рус 556 нафар, дар факултаи методикаи таълими ибтидоӣ 388 нафар, шӯъбаи равоншиносӣ (психология) 167 нафар, биология 45 нафар, шӯъбаи муолиҷавӣ 127 нафар, табобати кӯдакон 77 нафар, таърих 37 нафар, шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии кишоварзӣ 31 нафар, баҳисобгирии бухгалтерии саноатӣ 55 нафар, иқтисодиёти байналмилалӣ 30 нафар, иқтисодиёти иҷтимоию банақшагирӣ 35 нафар, шуъбаи англисӣ 28 нафар ва дар маҷмӯъ 2800 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ таҳсил мекарданд.

Дар соли 1992 олимони донишгоҳ 35 дастури методӣ, 21 васоити таълимӣ, 11 китоби дарсӣ, 12 коркарди методӣ, 13 монография таълиф ва дастраси донишҷӯён намуданд.

Моҳи сентябри соли 1993 ректори донишгоҳ М.Ҳ.Маликов бо хоҳиши худ аз вазифа даст кашид. Ба ҷои ӯ аз моҳи ноябри соли 1993 ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб академик, профессор, доктори илмҳо С.К.Каримов таъйин гардид. С.К. Каримов яке аз роҳбарони собиқадор ва устодони пуркор мебошад. Аз ин аст, ки ӯ тавонист нуфузи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он афзун гардонад. Акнун аксари довталабони ихтисосҳои иқтисодиёт, тиб, кимиё, биология, таърих, тарбияи ҷисмонӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гардиданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ факултаҳо ва ихтисосҳои нави мухталиф кушода шуданд. Алҳол дар 10 факултет ва 29 кафедраи донишгоҳ 588 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, аз ин шумора 206 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии омӯзгорони доимӣ 1 нафар академик, 8 нафар доктори илм, 67 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин 98 нафар омӯзгорон ба ҳайси ҳамкор ва ба тариқи соатбайъ фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии донишҷӯён айни ҳол дар ҳама зинаҳои таҳсилот 10873 нафар мебошад, ки аз онҳо 5915 дар таълими рӯзона, 4628 дар таълими ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва дар зинаи магистратура бошад 330 нафарро ташкил медиҳанд. Таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр аз рӯи 55 ихтисос, шакли таҳсили фосилавию ғоибона аз рӯи 19 ихтисос, зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи 24 ихтисос ва зинаи докторантураи PhD аз рӯи 20 ихтисос дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 10 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 417 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 261 нафар духтарон ва 156 нафар писарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд.  

Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ 571 адад компютер, аз ҷумла 518 адад компютери рӯи мизӣ, 53 адад ноутбук, 50 адад тахтаҳои электронӣ ва 55 адад видеопроекторҳо мавриди истифода қарор доранд. Дар донишгоҳ 6 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 246 адад компютер ва 5 синфхонаи лингофонӣ бо теъдоди 60 адад компютер фаъолият менамояд. Таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён ба 0,06 баробар аст, яъне ба ҳар 17 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд. Дар Донишгоҳ 332 адад компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад. 

Айни ҳол дар донишгоҳ факултаҳои филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, филологияи хориҷӣ, таърих, хуқуқ ва муносибатҳоли байналмилалӣ, химия-биология ва география, физика-математика ва информатика, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, иқтисод ва идора, молиявию иқтисодӣ, омӯзгорӣ ва фарҳанг ва 36 кафедра амал менамоянд, ки кафедраҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогика, психология, забонҳои хориҷӣ, тарбияи ҷисмонӣ, забони русӣ ба кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар кафедраҳо марбути факултаҳо мебошанд.

Пояи моддӣ-техникии Донишгоҳ торафт пурқувват гашта, яке аз асосҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Донишгоҳ ба шабакаи Интернет пайваст буда, омӯзгорону донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Китобхонаҳо ва толорҳои хониши Донишгоҳ ҳамеша дар хизмати донишҷӯёну омӯзгорон буда, дорои беш аз 150 000 адад адабиёти илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, бадеӣ аст.     

Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои беш аз 100000 феҳрасти адабиёти илмӣ ва таълимӣ бо 25 ҷои нишаст таъмин мебошад.

Дар муддати 75 соли фаъолияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки теъдоди донишҷӯёнро аз 48 то ба зиёда аз 11 000 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 580 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба зиёда аз 130 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 29 расонад.

Дар тӯли 75 соли пурфайз инҳо ба вазифаи бошарафи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин ва интихоб гардидаанд: Раҳмон Каримов (авг. 1945 – фев. 1948), Бозор Шарифзода (фев. 1948 — дек. 1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (сен. 1948 — ноя. 1950), Худойназар Мамадназаров (янв. 1951 — авг. 1953), Ашраф Сиддиқов (авг. 1953 — дек. 1953), Ҳамид Қосимович Хоҷаев (дек. 1953 — авг. 1957), Назришо Латипов (авг. 1957 — авг. 1960), Ниёз Сафаров (авг. 1960 -июл. 1962), Тоҳир Умаров (июл 1962 – июл 1971), Абдулло Раҳимов (июл 1971 – март 1972), Иқбол Давлатович Хушвахтов (март 1973 — июн 1980), Тағай Раҳмонов (июн 1980 – май 1990), Маҳмуд Ҳакимович Маликов (май 1990 – сен. 1993), Самариддин Каримович Каримов (сен. 1993 – дек. 2004), Хурсанд Саидович Аъзамов (дек. 2004 – окт. 2008), Каримҷон Қодиров (окт. 2008 – сен. 2010), Нуралӣ Назарович Солеҳов (сент. 2010 – авг. 2012), Абдулло Ҳабибуллоевич Табаров (авг. 2012 – янв. 2020), Мирализода Абдусалом Мустафо (аз 21 январи 2020 то инҷониб).

 

Related Articles

Leave a Comment