Home ХАБАР ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ — КАФИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ — КАФИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

by admin
47 views
Санаи 12-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” вохӯрӣ бо намояндагони Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.
Дар вохӯрӣ сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, директори Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Бердиев Оқилҷон, сармутахассиси марказ Тағоева Сайлонбӣ, намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Кӯлоб Диловаров Давлатмурод, намояндаи Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Сатторзода Умар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром суханронӣ намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, гузаронидани чунин вохӯриҳо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд. Сипас, директори Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Бердиев Оқилҷон дар мавзуи “Пешгирӣ аз паҳншавии нашъамандӣ миёни ҷавонону наврасон”, сармутахассиси маркази мазкур Тағоева Сайлонбӣ дар мавзуи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Кӯлоб Диловаров Давлатмурод дар мавзуи “Солимии ҷомеа аз оила шуруъ мегардад” ва намояндаи Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Сатторзода Умар дар мавзуи “Пешгирӣ аз паҳншавии бемории ВНМО ва БПНМ” маърӯза намуданд.
Маърӯзакунандагон иброз намуданд, ки пешгирии нашъамандӣ ва бемориҳои вобаста ба он бояд на танҳо вазифаи сохторҳои тиббӣ ва ҳукуматӣ бошад, балки тамоми ҷомеа, бахусус омӯзгорон ва волидон низ дар ин раванд нақши фаъол дошта бошанд. Онҳо зикр карданд, ки нашъамандӣ на танҳо ба саломатии инсон зарар мерасонад, балки сабаби афзоиши ҷинояткорӣ, паст шудани сатҳи зиндагӣ ва вайрон шудани оилаҳо мегардад.
Дар охири вохӯрӣ донишҷӯён ба маърӯзакунандагон саволҳо пешниҳод намуданд. Ҷавобҳои муфассал ва тавсияҳои мутахассисон ба иштирокдорон кумак намуд, то ки дар оянда дар ҳаёти худ ва ҷомеа масъулиятшинос бошанд.

Related Articles

Leave a Comment