Home ДАСТОВАРҲО ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ МУБОРАК, УСТОДОНИ ГИРОМӢ!

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ МУБОРАК, УСТОДОНИ ГИРОМӢ!

by admin
40 views
Бо фармоишҳои Комиссисяи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 унвони илмӣ ва 1 дараҷаи илмии устодони донишгоҳ тасдиқ шуд.
Ба иттилои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ аз ин шумора 1 унвони илмии профессор, 2 унвони илмии дотсент ва тасдиқӣ 1 рисолаи номзадӣ мебошад.
Аз ҷумла, тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №17/уи ба доктори илмҳои таърих- Абдуллоев Маҳмуд Холович, шаҳодатномаи намунаи давлатии унвони илмии профессор аз рӯйи ихтисоси “Таърих” ва бо фармоиши №16/уи аз 31.01.2025 ба устодон Бакиев Рузибек Усмонович шаҳодатномаи намунаи давлатии унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Таърих” ва Аблуллоев Насуло шаҳодатномаи намунаи давлатии унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси “Сиёсатшиносӣ” дода шуд.
Инчунин мутобиқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2025, №13/ди рисолаи илмии муаллими калон- Абдулов Дилшод Назарович тасдиқ гардида, ба ӯ дипломи намунаи давлатии дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд.
Раёсат ва ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устодонро ҷиҳати мушарраф гардидан ба дастовардҳои илмӣ самимона табрику шодбош гуфта, дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба онҳо барору комёбҳои беназир таманно менамоянд.
*расмҳо аз рӯи тартиби номҳо дар матн ҷойгир шудаанд

Related Articles

Leave a Comment