Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАСФИ ҶАШНИ САДА ДАР ҚАСИДАҲОИ НАМОЯНДАГОНИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОҶИК ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XI

ВАСФИ ҶАШНИ САДА ДАР ҚАСИДАҲОИ НАМОЯНДАГОНИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОҶИК ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XI

by admin
29 views
Ҷашни Сада яке аз се ҷашнҳои куҳантарин ва бузургтарини бостонии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, ба даҳуми баҳманмоҳи (ҳафтаи нахустини моҳи феврал) рост меояд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин се ҷашни муқаддаси миллиро (Меҳргон, Сада, Наврӯз) ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзад. Дар ҳақиқат барои зиндаву поянда доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти махсус доштанду доранд, фарзонагону донишмандони ҳар давру замони мо пофишориҳои фаровон карда, гоҳе ҷон ба гарав гузоштаанд. Бузургоне чун Фирдавсии Тӯсӣ ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба Эрон, дар баробари таассуф доштан аз он ки «Эрон куноми палангону шерон мешавад», дареғу дард дошт, ки ҷашнҳои Наврӯзу Сада тира хоҳанд гашт:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Мутаассифона, ин ҷашни хеле зебои тоҷикон гармиву равшании худро то андозае аз даст дода, дар садсолаи охир тира гаштаву рӯ ба нобудӣ ниҳодааст. Ҷашни Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвастагие надошта, як ҷашни миллии эронитаборон мебошад.
Дар адабиёти нимаи аввали XI мавзуи ашъори шоирон, аз ҷумла шоирони дарбори Ғазнавиёнро бештар мавзуъҳо аз ҳаёти воқеӣ-тасвири ҳолати ошиқ, зебоиҳои маъшуқа, ҳодисаҳои табиат, фаслҳои сол, авсофи меваҳо, инчунин инъикоси ҷашнҳои миллӣ фаро мегиранд. Дар ашъори шоирони дарбори Ғазнавиён-Унсурии Балхӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва Манучеҳрии Домғонӣ, ки аслан суннатҳои шоирони пешинро идома додаанд ва маҳорати суханварии худро бештар дар тағаззулоти қасидаҳояшон ба харҷ дода, тасвирҳои ҷолиберо офаридаанд, мавзуи тасвири ҷашнҳои миллӣ мавқеи муҳим дорад.
Таърихнигорони бузурги форс-тоҷик, аз ҷумла Берунӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ дар китобҳои худ овардаанд, ки ҷашнгириҳои Сада, ба сони ҷашнҳои Меҳргон ва Наврӯз дар замонҳои исломӣ, то истилои муғул идома дошта, ҳатто дар аҳди шоҳони турктабор бо ҷалолу шукӯҳи вижа баргузор мешудааст. Унсурӣ дар замони ҳукмронии Ғазнавиён ба ҷашни Сада қасидае сароида, онро ба Маҳмуди Сабуктегин мебахшад, ки матлаи он чунин аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст…
Васфи зебоиҳои табиат ва ҷашнҳои миллӣ дар ҳама навъҳои адабии эҷодкардаи Унсурӣ садо медиҳанд. Аммо аз ҳама беш шоир дар ин масъала доди суханро дар ташбибҳои қасидаҳояш додааст. Дар тағаззулоти Унсурӣ аксар ситоиши табиат ва оҳангҳои ишқӣ гузориш доранд. Вале бисёртар дар байни байтҳои боқимондаи достонҳояш ва пас дар қасоид ва дигар асарҳои лирикиаш оҳангҳои панду андарз ҳам боздид мешаванд. Дар ашъори Унсурӣ, махсусан дар қисмати аввали онҳо васфи табиату баҳори зебо, тасвири манзараҳои дилнишин, ҳусну ҷамоли маъшуқа ва аҳволи ошиқ, васфи ҷашнҳои ниёгони халқи тоҷик — Наврӯз. Суханҳои ӯ дар бораи ҷашнҳои қадима бошанд, низ дар ташбибҳояш омадаанд.
Чунонки дар боло овардем, Унсурӣ дар яке аз ташбибҳои ба тасвири ҷашни Сада бахшидааш ёдгори Афредуну Ҷам будани Садаро таъкид карда, нуру тоби оташи шабонаро, ки дар ҷашн фурӯзон сохтаанд, бо як ҳисси баланди шоирона васф намудааст. Е. Э. Бертелс ин ташбибро пурра нақл карда, мувофиқи он тарзи ҷашнгирии Садаро дар он давра қайд намудааст.
Маълум аст, ки дар давраи Унсурӣ ҷашнгирии Сада, ҳамчун яке аз идҳои қадимӣ маъмул буд. Ташбиби Унсурӣ, ки дар аввали қасидаи ба амир Наср бахшидашуда омадааст, дар тасвири Сада ранги воқеӣ гирифтааст. Ба ҷиҳати ин Бертелс дуруст таъкид кардааст, ки он ба эҷодиёти давраҳои аввали Унсурӣ мансуб аст. Тасвири оташи Сада инчунин дар қасидаи дигари мадҳи амир Наср омадааст.
Дар талаби яке аз қасидаҳои Унсурӣ, ки дар мадҳи Маҳмуд аст, ин байтҳо собит шудаанд:
Худойгоно, ҷашни худойгонон аст,
Бихоҳ бодаву бифрӯз хисравиозар.
В-агар набошад оташ, сиёсати ту бас аст,
Сиёсати ту зи оташ басе фузуд шарар.
Агар аз ӯ шараре даррасад ба кӯҳи баланд,
Дар ӯ намонад ҷуз тӯдаҳои хокистар.
Дар ин байтҳо низ тасвири Сада рафтааст, вале ин тасвир бо тарзи ифодааш аз тасвирҳои номбаршудаи Сада қисман фарқ кардааст. Агар шоир дар он қасидаҳо Сада ва оташи онро васф карда бошад, дар ин ҷо сиёсати соҳибҷоҳро аз ин оташ беҳтар ҳисобидааст.
Ин аҳвол ҳамоно ба сиёсати исломпарастӣ ва таассуби динии Маҳмуд вобаста шудааст. Ин шоҳи баландсавлат муқобили дину ойин ва расмҳои қадимӣ буд ва ба ҷои онҳо дину одатҳои исломро тарғиб менамуд. Ба ин ҷиҳат вай оҳиста-оҳиста зидди Сада баромадааст ва аз ин рӯ бо тақозои сиёсат акнун дар бораи ин ҷашн овозро паст кардани шоир лозим шудааст.
Дар гуфтори зерини Унсурӣ ба ин маънӣ кушодтар бармехӯрем:
Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гӯям,
Ба ҷашни деҳконоин ба зиннати баҳман,
Ки андар ӯ бифрӯзанд мардумон маҷлис,
Ба гавҳаре, ки бувад сангу оҳанаш маъдан…
Чунин ки дидам оини ту қавитар буд,
Ба давлат андар з-ойини Хусраву Баҳман.
Ту марди диниву ин расими (расм) габргон аст,
Раво надорӣ бар расми габргон рафтан.
Ҷаҳониён ба русуми ту таҳният гӯянд.
Туро ба расми касон таҳният нагӯям ман.
На оташ аст Сада, балки оташ оташи туст,
Ки як забона ба тозӣ занад, яке ба Хутан.
Ин ҷо Унсурӣ ҷашну ойини Садаро «расми габргон» номида, расми нави Маҳмудро, ки ба дини ислом асос ёфтааст, қавиву пурзӯр ҳисобидааст. Вай ишора кардааст, ки бо расми шоҳони гузаштаи бостонӣ Маҳмудро таҳният нахоҳад гуфт, баръакс рас¬ми нави ӯ лоиқи таҳсину офарин аст; оташи Сада дар назди ота¬ши сиёсати Маҳмуд, ки як забонааш ба арабу дигараш ба Ху¬тан аст, ҳеҷ аст.
Унсурӣ барои дастгирии сиёсати Маҳмуд ошкоро Садаро — ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобида¬аст ва ба ҷояш расму суннати динии маҳмудиро тарғиб намуда¬аст.
Чунин амалиёт барои гардондани рӯҳи халқ аз оину одатҳои бостонӣ, хоса аз ҷашни Сада кӯшиши зарароваре буд. Вале чунон ки мебинем, сабаби ин кӯшиш ба сиёсати мутаассибонаи соҳибҷоҳ алоқаманд будааст.
Зоҳиран сиёсати Маҳмуд бар зидди Сада барабас нарафтааст. Дар давраи ӯ рафта-рафта дар дарбор махсус ҷашнгирии Са¬да маҳдуд шудааст.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин бояд гуфт, ки ҷашнгирии Сада минбаъд низ муддатҳо давом кардааст. Доираи он танг шуда бошад ҳам, баъд аз сари Маҳмуд дар замони Масъуд низ вай як андоза барқарор мондааст. Ба пеш омадани ин ҷашн ва оташи вай ишора кардани Манучеҳрӣ дар як қасидаи мадҳи Масъуд ва ба ҷашн гирифта шудани он вақте аз тарафи ин шоҳзода ишора кардани Байҳақӣ ин маъниро ҳақиқат мегардонад.
Мо дар эҷодиёти Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ дар васфи ҷашни Сада ва оташи он шеъру байтҳое пайдо мекунем, ки дар вақтҳои гуногун ба муносибати ҷашн оростани мамдӯҳ дар истиқболи Са¬да ва пеш омадани ин рӯзи фархунда бунёд шудаанд. Маълум, ки тарафдорони ҷашни Сада он вақтҳо чӣ дар замони Маҳмуд ва чӣ баъди ӯ дар ҳама ҷо, дар байни мардуми одӣ ва давлатмандону феодалон низ бисёр будаанд ва онҳо дар рӯзи гузориши он хурсандӣ мекардаанд.
Васфи ҷашнҳои миллиро Унсурии Балхӣ асосан дар қисмати ташбибҳои қасидаҳояш кардааст. Дар шаклҳои шеърии дигар ба нудрат аз ин мавзуъ сухан кардааст. Лекин ҷо-ҷо мо бо номи ҷашнҳои миллӣ, хусусан бо номи ҷашни пуровозаи Наврӯз дар қитъаот ва рубоиёти шоир вомехӯрем.
Фаррухӣ низ дар ашъори худ чун муосиронаш ба ҷашнҳои маъмули он давр Меҳргон ва Сада ишораҳо кардааст. Вай на танҳо ин ҷашнҳоро медонистааст, балки дар иди онҳо бисёр иштирок намуда, шодию хурсандиҳо кардааст ва ба таассуроти аз ин идҳо пайдо кардааш, бо ҳунармандии хоси худ либоси бадеӣ пӯшонидааст.
Шоир дар ташбибе дар таҳнияти Сада ва васфи оташи он чу¬нин сухан рондааст:
Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,
Чун шаби торе ҳаме аз рӯз равшантар шавад.
Равшноӣ осмонро бошаду имшаб ҳаме
Равшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад.
Равшанӣ бар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст
К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
Оташе кардаст хоҷа, к-аз фаровон муъҷизот,
Ҳар замон гирад ниҳоде, ҳар замон дигар шавад.
Гоҳ гавҳарпош гардад, гоҳ гавҳаргун шавад,
Гоҳ гавҳарбор гардад, гоҳ гавҳарбар шавад.
Гоҳ чун зарриндарахт андар ҳаво сар баркашад,
Гаҳ чу андар сурхдебо луъбати Барбар шавад.
Боз дар ёздаҳ байти дигар бо такрори калимаи «гоҳ-гоҳ» дар аввали байтҳо чигунагии оташи фурӯзон бо муқоисаву ташбеҳҳои рангоранг тавсиф шудааст. Дар ин тавсиф шоир суханро ба ҳар тараф печутоб додааст, баланду паст шудани оташ, ран¬гу шакли он, фурӯғу шарорааш, ларзишу дам ва забонаашро як-як қайд намудааст. Ин байтҳо васфи ҷилодори оташи Сада мебошанд ва бо вуҷуди муболиғавӣ будан мазмуни воқеӣ доранд.
Хулоса, ҳамаи инҳо аз зиндадилию ҳаётдӯстии Фаррухӣ ба хубӣ дарак медиҳанд. Ӯ дӯст доштан, хурсандӣ кардан истеъмол кардани май, иштирок кардан дар ҷашнҳоро бо ҷуръат тарғиб карда, аз мастию хурсандию зиндадилии қаҳрамони лирикии худ баланд гуфтугӯ намудааст.
Манучеҳрӣ дӯстдори ҷашнҳои қадима будааст ва ба онҳо самимияти тамом доштааст. Вай ин идҳоро бо ҷон баробар дидааст ва аз онҳо ба ваҷд омада, хеле шоду мамнун шудааст. Рақсу шӯхӣ, маю мутриб ва мақлисҳои базми дилнишин дар ин вақтҳо шавқи ӯро рӯҳбаланд сохтаанд ва ӯ ҳамон ба назди бостон, ба назди бунёдкунандагони чунин таомулҳои рӯҳбахш cap хам кардааст. Шоир дар бораи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва расму одатҳои дигари мардуми ориёитабор зиёд сухан гуфтааст.
Дар қасидае, ки ба Амир Бахтиёр унвон шудааст, баъди панҷ байт дар талаби бода ва ҳафт байти мадҳ аз ҷашни Садаю оташи он чунин сухан мешунавем:
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, в-Исфандиёр бошад.
3-он барфурӯз, к-имшаб андар ҳисор бошад,
Ӯро ҳисори миро марҳу афор бошад.
Он оташе, ки гӯӣ нахле ба бор бошад,
Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи нор бошад.
Чун бингарӣ ба арзаш, аз кӯҳсор бошад,
Чун бингарӣ ба тӯлаш, сарву чанор бошад…
Чун лолазор бошад, чун марғзор бошад,
На лолазор бошад, на марғзор бошад,
Чаммидаму қарораш монанди мор бошад,
Рахшидану шуоаш гӯй асор бошад.
Манучеҳрӣ дар ташбиби қасида низ аз соқӣ ва талаби май гуфтугӯ кардааст. Аммо ин талаби ӯ дар шаби ҷашни Сада ба амал омадааст, ки вай ба ин ҷиҳат амир Бахтиёрро ба барафрӯхтани оташи он ташвиқ кардааст.
Дар ин ҳангом сухан аз маю Сада, ки дар он шаб бояд асоси хурсандии аҳбоб қарор гирад, ҳатмӣ шудааст. Манучеҳрӣ бо завқ соқиро ба майдиҳӣ даъват намудааст ва то рӯзгор ҳаст, бода хӯрданро барои ҳамгинон зарур ҳисобидааст.
Ҷашни Садаро расми кибор ва оини Каюмарсу Исфандиёр гуфтани шоир дуруст аст. Асосгузори ин ҷашн мувофиқи баъзе ривоятҳо Каюмарс мебошад. Манучеҳрӣ оташи Садаро васф намуда, асли онро нур, фаръашро нор, арзашро аз кӯҳсор, тӯлашро ба ҳадди сарву чанор, рангашро чун лолазор, ҳаракату қарорашро мисли мор ва ғайра дидааст. Тасвири Садаву оташи он ва талаби май рӯҳи ҳаётии шеъри шоирро таъмин намудаанд.
Сухан аз Сада ва оташи он дар шеъри зерини Манучеҳрӣ низ омадааст:
Омад эй саййиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барфурӯз оташи Барзин, ки дар ин фасли шито
Озари Барзини пайғамбари озор бувад.
Оташе бонд чунонки фарози аламаш
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад…
Пас аз ин шоир аз дуди оташ ва шарари он сухан ронда, баъд хоҷаро ба майнӯшӣ даъват кардааст:
Май хӯр, эй саййиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад.
Ба назари Манучеҳрӣ Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои иззатманди бостонӣ будааст. Вай ба хоҷа аз омадани ин ҷашн башорат дода махсус таъкид кардааст, ки ҳурмати шаби ин ҷашн афзун аст. Ӯ хоҷаро ба оташафрӯзӣ даъват карда, ба таърифи оташ гузаштааст.
Ҷашн боиси хурсандии умум буд ва мувофиқи ин ба гардиш даромадани косаи май гулранг ҳатмӣ мегашт. Аз ин рӯ ба майнӯшӣ таклиф шудани хоҷа аз тарафи Манучеҳрӣ дар ин шаб як амри табиӣ буд.
Манучеҳрӣ дар аввали қасидае аз ҷашни дигари қадимии халқҳои эронӣ-Баҳманчана сухан рондааст. Ҷашни Баҳманчана рӯзи дуюми моҳи Баҳман (моҳи ёздаҳуми соли шамсӣ, ки ба 22-юми январ- 20-уми феврал рост меояд) баргузор мешудааст. Сухани шоир, аз Баҳманчана, ки аз қасидаи ба Масъуд унвон шуда мебошад, ин аст:
Расми Баҳман гиру аз нав тоза кун Баҳмачана,
Эй дарахти мулк, борат иззу бедорӣ тана.
Урмузду Баҳману Баҳманчана фаррух бувад,
Фаррухат бод Урмузду Баҳману Баҳманчана.
Рост пиндорӣ булурин ҷомҳои чиниён
Бар сари тасвири зангориву банди ойина.
Ё ба минқори зуҷҷоӣ барканад товуси нар
Паррҳои тӯтиён аз тӯтиён вақти чина.
Эй худованде, ки рӯзи хашми ту аз хашми ту
Дарҷаҳад оташ ба санги оташу оташзана.
Хашми ту чун моҳии фарзанди Довуди набӣ,
К-ӯ биявборад ҷаҳон, гӯяд, ки ҳастам гурсуна.
Дар дуои муъминину муъминотӣ з-он ки ҳаст
Зери борат гардани ҳар муъмину ҳар муъмина.
То тавонӣ, шаҳрёро, рӯзи имрӯзин макун
Ҷуз ба гирди хум хиромиш, ҷуз ба гирди дан дана.
Бомдодон ҳарби ғамро таъбия кун лашкаре,
Ихтиёраш бар талоя, ифтихораш бар буна.
Ту ба қалби лашкар-андар, хуни ангурон ба даст,
Соқиён бар майсара, хунёгарон бар маймана.
Соқиёни ту фиканда бода андар ботия,
Ходимони ту фиганда анбар андар мадхана.
Мутрибон соат ба соат бар навои зеру бам,
Гоҳ Сарвистон зананд имрӯзу гоҳе Ишкана,
Гоҳ Зери Қайсарону гоҳ Тахти Ардашер,
Гоҳ Наврӯзи Бузургу гаҳ навои Баскана,
Гаҳ навои Ҳафтганҷу гаҳ навои Ганҷи гов,
Гаҳ навои Деврахшу гаҳ навои Арҷана,
Навбате Полизбону навбате Сарви сиҳӣ,
Навбате Равшанчароғу навбате Ковизана.
Манучеҳрӣ аз Масъуд талабидааст, ки расми Баҳман гираду аз нав ҷашни Баҳманчанаро тоза кунад. Зоҳиран ба Масъуд ин ҷашн мисли ҷашнҳои дигар хуб маълум будааст ва Манучеҳрӣ онро ҳатто барои ӯ «фаррух» ҳисобидааст.
Дар ин маврид аз ҳинои сабзи сари ангушти маъшуқон сухан рондани Манучеҳрӣ табиист. Ҳангоми ҷашнҳо аз ҷумла ҷашни Баҳманчана сари ангуштро сабз кардани занон ва ҳар гуна нақшу нигори идона кардани онҳо одат буд.
Дар байтҳои баъд шоир ба овози чанг май хӯрданро таклиф кардааст. Умуман, дар он замон дар ҷашнҳо аз рӯи одат бо маю чанг хурсандӣ кардан табиӣ буд.
Ҷашни Сада ҳам чун Меҳргон дар давраи Манучеҳрӣ маъмулӣ буд ва аз ин рӯ шоири табиатгаро аз он бамаврид сухан кардааст.
Ҳамин тарз диди эстетикии қаҳрамони лирикии Манучеҳрӣ бо ваҳдати эстетикии табиати моддӣ пайвастагии ҷудонашаванда доштааст. Табиат барои ӯ макони хушбахтӣ, макони комронӣ ва ишқу зебоист ва образи вай дар ситоишу васфҳои беназиру нотакрори муҷалло чун шахси ғолибан ватандӯсту ватанхоҳ ва қаҳрамони далеру шуҷоъ зуҳур мекунад.
Хулоса, шоирони бузурги дарбори салотини ғазнавӣ – Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ новобаста аз он ки дар дарбори яке аз шоҳони ҷаррору мутаассиб Султон Маҳмуди Ғазнавӣ хизмат мекарданд, аммо гоҳ-гоҳ ба саройидани ашъор дар васфи ҷашнҳои миллии мардумони куҳантаъриху фарҳангпарварашон майл доштанд. Ин шоирони тозаандешу балеғсухан бо ин роҳ мехостаанд на танҳо соҳибону намояндагони ин фарҳангу таърихи куҳанро бо гузаштаи пурифтихори худ шинос намоянд, ҳамчунин онҳо хоҳиш бар он доштаанд, ки рӯҳу равони мамдӯҳони бегонатабору аҳримансифати худро низ тарбият намоянд.
Дар поёни ин навиштаҳо базгӯ намудани ин нукта зарур дониста мешавад, ки ҷашни Сада пайвастагие бо бовариҳои динӣ надошта, рӯзест, арҷгузорӣ ба беҳтарин подошҳои Худованд – ба офтобу оташ, ки рушноиву гармӣ меоваранд.
Ашурова Нодира-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment