Файзов Рамазон-н.и.с., ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.
Терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки пеши шомилгардонии ҷавонони кишварамон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ гирифта шавад [1].
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули си соли сипаригардида марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофро паси сар намуд. Дар ин давра системаи сиёсӣ ва ниҳодҳои сиёсии ҷомеа хеле дигаргун гардиданд. Дар марҳилаи навини давлатдорӣ татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатӣ дурнамои рушди минбаъдаи кишварро муайян менамоянд. Аммо чи дар марҳилаҳои сипаригардида ва чи дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ таҳдиду хатарҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар самти амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаҳои миллӣ ба таври ҷиддӣ монеа эҷод намудаанд. Яке аз ин таҳдиду хатарҳо зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд. Дар шароити Тоҷикистон терроризм ва экстремизм ба сохтори конститутсионии давлат, якпорчагии марзу бум, ба устувории пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ба сулҳу субот ва оромии ҷомеа мустақиман таҳдид менамоянд.
Сабабҳои маъмултарини терроризм ин сепаратизм ва ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ, инчунин низоъҳои динӣ, этникӣ ва идеологӣ мебошанд. Ба андешаи муҳаққиқи ватанӣ Ҷононов С. «Мо ҳамарӯза шоҳиди манзарахои мудҳиши амалиётҳои террористию экстермистӣ мегардем. Рӯзе нест, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон таркиш, сӯиқасд ва задухӯрд ба амал наояд. Аламовараш дар он аст, ки дар ин амалиётҳои хунин аксаран мардуми бегуноҳ ва кӯдакон қурбон мешаванд» [3,12].
Тули ду даҳсолаи охир зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бештар гардидани низоъҳои сиёсию ҳарбии минтақаҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ терроризму экстремизм миқёси худро васеъ намуда, дар сатҳи глобалӣ зоҳир гардида истодааст. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, соли 2001 ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ин падидаи номатлубро ҳамчун таҳдиди сатҳи байналмилалӣ муайян намуданд. Воқеан ҳам имрӯз терроризм хусусияти байналмилалӣ касб намудааст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои террористии замони муосир чун «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида» ва монанди инҳо намояндагони халқиятҳо ва миллатҳои зиёдро ба сафҳои худ шомил намуда, дар кишварҳои гуногуни олам амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ кишварест, ки нахустин шуда стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризмро ба тавсиб расонидааст. Ҳанӯз соли 2016 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016 — 2020» ва нақшаи иҷрои он ба имзо расида буд. Ва ҳадафи Стратегия муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар баромаду суханрониҳои хеш пайваста хавфу хатари терроризм ва экстремизмро ёдоварӣ менамоянд ва ҷиҳати пешгирии он ба мақомоти дахлдор ва сокинони кишвар дастуру супоришҳо медиҳанд. Соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро қабул намудаанд.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба иқдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зидди террористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳиднамудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст [2].
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолияти худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ системаи иҷтимоию сиёсии кишварро тағир медиҳанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, талаб мекунад.
Таҷрибаи бараъло собит намуд, ки охири асри XX ва ибтидои асри XXI барои миллати тоҷик давраи пуртаззоду пурталотуми сиёсию иҷтимоӣ буд. Боиси хушнудист, ки мо чун мардуми волофарҳанг тавонистем ин давраи нокомию фоҷиаҳоро паси сар карда, ба бунёдкорӣ ва ободии Ватани муҳбуб рӯ овардем. Имрӯзҳо бисёр муаррихон, файласуфҳо, ҷомеашиносон ва дигар намояндагони илму фарҳанг ҳангоми арзёбии давраи гузариш аз қарнӣ XX- XXI-ро мекӯшанд ҳамчун давраи тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ дар заминаи омилҳои этникӣ, мазҳабӣ ва гоҳе чун даврони нофаҳмиҳои якдигар тасвир созанд [4, с. 110].
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд қарор мегиранд. Ва яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон бештар аз надоштани таҷрибаи ҳаётӣ, бекорӣ, маълумоти касбӣ, фаъолият дар муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ, дурӣ аз падару модар ва бепарвои зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон ва ғайраҳо мебошад.
Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Сабаби пайдоиши терроризму экстремизм гуногун буда, ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, идеологӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҷойдоштани камбуди дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳангӣ иттилоотӣ ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр барои пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо имрӯз мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бори дигар ба таълиму тарбия, пурсамар гаштани вақти ҷавонону наврасон ва ҷалби онҳо ба маҳфилҳои ҳунаромӯзи ҷиддӣ назар намоем. Чунки пешгири намудани амалҳои ифротгароӣ, қабл аз ҳама, ба таълиму тарбияи дурусти оила, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии он вобастагӣ дорад. Пас моро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани ин марзу бум, тарбия намоем. Ва Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем ва барои ҳимояи он ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷо амал намоем.
Адабиёт:
1. Раҳмон Э. Уфуқҳои Истиқлол [Матн] / Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «Ганҷ-нашриёт», 2018. – С. 37.
2. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 [Манбаи электронӣ] https://www. prokuratura.tj/news-tj/1229-piramidai-moliyav-19.html (санаи муроҷиат: 17.12.2023).
3. Ҷононов С. Терроризм ва экстремизм:умумият, фарқият ва чораҳои пешгирӣ Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1 (1) 2018) Бахши илмҳои гуманитарӣ ва педагогикаи касбӣ. – Душанбе: “Шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи технологии Тоҷикистон”, 2018. – 152 с.
4. Ятимов С. Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ Душанбе «Ганҷ-нашриёт» 2015. — С. 114.