Имрӯз (24.01.2025) дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии мураббия Изатова Шоира дар гурӯҳи таълимии тайёрӣ ба мактаб (кӯдакони синни 6-7-сола) аз фанни математика баргузор гардид.
Дар дарс мудири кӯдакистон номзади илмҳои педагогӣ Саодати Раҳмоналӣ ва ҳайати дигари мураббияҳо иштирок доштанд.
Дарс бо шунидани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои кӯдакони гурӯҳ оғоз гардид.
Сипас мураббия Изатова Шоира дарсро бо ҷамъу тарҳи адаҳои натуралӣ бо ёрии кӯдакон дар тахтаи синф идома дод. Дар ин радиф ҳар яке аз таълимгирандагони гурӯҳ оид ба рақамҳои ба онҳо супурда шуда, шеърҳо қироат намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дарси намунавӣ бо забони русӣ доир гардида, кӯдакон дар он хело ҳам фаъол буданд ва ба суолҳои аз ҷониби мураббия пешниҳод шуда ҷавобҳои мушахас доданд.
Дар охир ҳозирин дарси мураббияро хуб арзёбӣ намуданд ва дарс бо сурудани таронаи ватандӯстона аз ҷониби кӯдакон ба охир расид.