Санаи 23 январи соли 2025 дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ-ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Қодиров Некрӯз-коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Далер-коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исозода Парвиз-коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳ, Одиназода Абдураҳим-мудири бахши фарҳанги раёсати фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб, ҳамоҳангсози гурӯҳ, Хушвахтов Исмон.-раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 ва бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар-машварат коршиносон вобаста ба моҳияту зарурияти интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва нақши овози ҳар як интихобкунанда дар интихобот суханронӣ намуданд.
Мақсади баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳо доир ба интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.
Коршиносон зимни семинар-машварат таъкид намуданд, ки комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро қатъиян дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расонидани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардонидани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зеро нақши интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас аст. Мо бо боварии комил метавонем тамоми дастоварду музафариятҳоеро, ки тули солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба он муяссар гардидааст, ҳамчун самараи падидаи сиёсии интихобот эътироф намоем.
Дар хотима байни коршиносон ва иштирокчиён оид ба баргузории интихобот саволу ҷавоб сурат гирифт.