Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
11 views
Имрӯз (22.01.2025) дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим ва намояндагони Комиссияи ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон Исмоилзода Саидмурод, Амиров Давлат, Рустамова Латофат, Неъматзода Рустам ва Азизов Абдулло, ҳамзамон, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Тағоев Бурихон ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб “Натиҷагирӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда”, “Ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз натиҷаи фаъолият дар соли 2024”, “Тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои нимсолаи аввали соли 2025”, “Тасдиқи буҷа ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2025”, “Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, дар ҳавзаҳои интихоботии №5, №6, №7, №8 ва №9-и ҳудуди шаҳри Кӯлоб” ва “Дар бораи пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб” мавриди баррасӣ қарор дода шуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Related Articles

Leave a Comment