Home ХАБАР СОЛИ 2024 БАРОИНЪИКОСИ ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ДДК ХОТИРМОН БУД

СОЛИ 2024 БАРОИНЪИКОСИ ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ДДК ХОТИРМОН БУД

by admin
13 views
Бо чунин ном санаи 14-уми январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодии ҳамоиши илмӣ — назариявии вилоятӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва истиқболи шоистаи ҷашни 80-солагии Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ, декани факлтети иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технология ва менеҷмени инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дотсент Асоев Баҳодур ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад намуда, қайд намуд, ки Паёмҳои солона Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегардад, аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои роҳнамо барои рушди давлатдории миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар онҳо дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, дастовардҳои асосӣ, мушкилот ва нақшаҳои стратегии ҳукумат дар соҳаҳои мухталиф, ба таври мушаххас инъикос меёбанд. Паёми навбатӣ, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми кишвар ва тамоми қишрҳои ҷомеа қарор гирифт, фарогирии масоили куллии ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, такмили маърифат ва андешаву ахлоқи башарӣ буда, афкори мондагори Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, аз ҷумла шинохти қадри зан-модар, хидмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаву донишварона моро ба сӯйи ҷомеаи ободу озод ва зиндагии саодатбор роҳнамун месозад. Дар ин радиф аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани солҳои 2025-2030 падидаи бисёр хушоянду мавриди истиқбол буда, хоса аз мо масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозии силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ ва тадбирҳои муассиру судмандро дар ин ҷиҳат тақозо менамояд.
Дар идома Фатҳуллозода Абдухолиқ-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳ дар мавзуи “Самтҳои стратегии рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Паёми Пешвои миллат”, Асоев Баҳодур-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДТМИК дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ”, Расулзода Лутфия-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар эъмори давлатдории миллӣ”, Сафаров Аъзам-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент дар мавзуи “Тадбирҳои рушди устувори иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Наимзода Бекмурод — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Паём ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ” (тариқи маҷозӣ), Холматов Баҳром-муаллими калони кафедраи молия ва қарз дар мавзуи “Баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет”, Моҳираи Ҷурахон-муалими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар мавзуи “Ҳисобгирии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Дар зимн таъкид карда шуд, ки соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати милливу суботи пойдор дар кишвар заминаи онро фароҳам овард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии нерӯи илмӣ, рушди соҳа ва бад-ин васила ба самти ҳалли муаммоҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона кардани он тадбирҳои назаррасро роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин баҳри таҳкими нерӯи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки стратегӣ таваҷҷуҳ шудан ва маҳз бо дарки амиқу дақиқ бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии илмӣ, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз ҷумлаи ибтикороти судманд баҳри рушди неки соҳа арзёбӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки Дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои дурнамои бахшҳои хусусӣ, воридоту содирот, таъмину таъсиси ҷойҳо нави корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлатӣ, масъалаҳои зиёди молиявӣ, ҳолат ва авзои сармоягузорӣ, рушду тавсиаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энегетикии кишвар ва амсоли ин дар ҳамбастагиву робита бо ҳамдигар мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтанд, ки бозгукунандаи сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Related Articles

Leave a Comment