Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ЗАНОНУ БОНУВОН АЗ ЭЪТИМОДИ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

ЗАНОНУ БОНУВОН АЗ ЭЪТИМОДИ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

by admin
9 views
Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии кишвар ҳидоятгару раҳнамои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фардои дурахшони мамлакат маҳсуб меёбад, ки бо суханрониҳои гавҳарбору пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор мегиранд. Агар ба муҳтавои Паёми навбатӣ (28.12.2024) руҷуъ намоем, аён мегардад, ки дар он бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, пешгирии ҷинояткории ноболиғон, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, тарбияи кадрҳо, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва хосатан ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Тавре маълум аст, аз нахустин рӯзҳои истиқлолият, муҳимтарин ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона гардида буд ва аз Паёмҳои солҳои ахир бармеояд, ки акнун ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳаминак рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки бевосита ба ғановати буҷаи мамлакат ва таъмини зиндагии шоиставу арзандаи мардум нигаронида шудаанд.
Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ин давра самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ фазои мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, намунаи олии ҷавонмардӣ ва олиҳимматии сарвари давлати тоҷикон дар самти баланд гардидани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа, эҳтиром ба зан-модар баръало эҳсос мегардад ва дар ҳар як Паёмашон ҷиҳати эҳтироми волидон, бахусус занону модарон таъкидҳои мондагор намуданд.
Мусаллам аст, ки дар замони истиқлол занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии миллат расонида истодааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлол ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҷурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманду кордон тасвир ёфтааст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зан-модари тоҷик олиму омузгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рузноманигор буда қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.
Ҳамин тавр, гуфтан ба маврид аст, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омодааст, саҳми худро гузорад.
Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд.
Эътимоде, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарони тоҷик иброз карданд, бонувони кишварро боз ҳам руҳбаланд намуда, ба фатҳи қуллаҳои баланди пешрафт, фаъолияти пурсамар ва пайгирии иқдому ташаббусҳои наҷиб раҳнамун месозад.
Дар робита ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони тоҷик изҳори сипосмандии бепоёнбаён намуда, баҳри сазовору шоистагӣ ба эътимоду эҳтирому боварии Пешвои маҳбуби миллат ғайратмандона, бо нерӯи хастанопазир пай анҷоми рисолати хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Савронбӣ Раҳимова, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ ва МТЗАР-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment