«Мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз бурдбориву комёбиву муваффақиятҳои нав ба нави мамлакатамон дар ҳама самтҳо буд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин Паём аз ояндаи дурахшони мамлакату миллатамон гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин замина, хизматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илму маориф барои пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон дар ҳар як сухани ин абармарди дунёи сиёсӣ бараъло мушоҳида мегардад.
Мусаллам аст, ки иқтисодиёт яке аз фишангҳои пурқудрати ҳар як мамлакату давлат мебошад. Бинобар ин, роҳбари муаззами миллатамон Паёмашонро вобаста ба сиёсати дохилӣ аз пешравиҳои иқтисодӣ оғоз намуданд. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт таҳти роҳбарӣ ва ташаббусҳои бевоситаи сарвари давлату Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав ҳамасола ноил гардида истодааст. Чуноне ки аз ироаи Паёми Президенти кишвар маълум гардид, барои пешравии иқтисодиёт ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешравии давлатамон Ҳукумати мамлакат тамоми қудрату имкониятҳои мавҷударо барои беҳтар намудани зиндагии шоистаи мардуми сарзаминамон равона менамояд. Вобаста ба пешравии соҳаи иқтисод қайд карда шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар вобаста ба суръати рушди воқеъии он дар соли 2024 ба миқдори 8,4 фоизро ташкил дода, 150 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Хушбахтона, бо супоришу роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ бо ҳисоби миёна 7,7 фоиз расонида шудааст, ки ин аз пешравии мамлакати мо дар соҳаи иқтисодиёт гувоҳӣ медиҳад, ки барои беҳбудӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона карда мешавад.
Дар асоси гуфтаҳои боло аз ироаи Паём маълум гардид, ки Ҳукумати мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ равона карда, тибқи нақша ва барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ ба он зиёда аз 197 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба таври сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон яке аз бандҳои асосии ироаи Паёми имсолаи роҳбари муаззами миллат, ки аз пешравию тараққиёти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, маҳсуб меёбад. Дар ин замина, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд».
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, роҳбарияти давлату Ҳукумат тамоми кӯшишу ғайрати худро барои дастгирии пайваста ва кумаку пешравии соҳаи маорифу фарҳанг, тандурустиву варзиш равона намуда, саҳми соҳибкорону шахсиятҳои хайрпешаро дар ин самт доимо хотирнишон сохта, ба онҳо баҳои арзанда медиҳанд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло аз ироаи Паёми сарвари ғамхори кишварамон маълум гардид, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ин масъала хеле назаррас буда, бо ташаббуси ин қишри ҷомеа се соли охир дар мамлакатамон барои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 1500 иншоот, ҳамчунин барои соҳаи тандурустӣ 660 иншоот, барои соҳаи варзиш 480 иншоот, барои фарҳангу фароғат 175 иншоот ба истифода дода шудааст.
Мусаллам аст, ки роҳбарияти олии мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайваста кӯшиш менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас зери назорат ва супориши бевоситаи шахсияти дурандешу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол даромади пулии аҳолӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас расонида шуда, музди меҳнати кормандони ҳамаи соҳаҳо баланд бардошта мешаванд. Аз ҷумла, аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, даромади пулии аҳолӣ дар панҷ соли охир аз 48 миллиард сомонӣ ба 147 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин дар соли 2024 се баробар зиёд нисбат ба соли 2019 мебошад. Дар натиҷаи ин тадбирҳои инсондӯстона, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои давлатӣ 40 фоиз баланд бардошта шуд. Дар ин раванд кӯмаки бевоситаи давлату Ҳукумат ба нафақахӯрон аз ғамхории Сарвари кишварамон ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Андозаи нафақа аз ҳисоби буҷаи мамлакат дар соли 2024, 30 фоиз зиёд карда шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад, ки роҳбари муаззами миллат ба кормандони соҳаи маориф ва илм таваҷҷӯҳи хоса доранд ва барои зиндагии шоистаро доро будани омӯзгорон пайваста тадбирҳои муҳим меандешанд. Хушбахтона, дар Паёми имсола низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои дар боло зикргардида, махсусан соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20 фоиз иттиллоъ дода, ба сохторҳои марбут ба соҳаи маблағгузорӣ супориш дода шуд, ки дар муддати чор моҳ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро тартиб дода, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2025 супориши мазкур амалӣ карда шавад. Аз натиҷаҳои зикргардида бармеояд, ки Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии таворум сайъу кӯшиши зиёд ба харҷ дода, музди меҳнатро дар солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 ба 100 фоиз расонид, ки 80 фоизи он ба солҳои 2024, 2025 рост меояд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд буда, аз заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Ба мо маълум аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар давраи Истиқлол дар баробари аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё сол то сол дастовардҳои назарраси иқтисодиву илмиву техникиро ноил гардидааст ва ҳамзамон, барои боз ҳам вусъат бахшидани чораҳои зарурӣ дар ин самт гузаштан ба иқтисоди рақамӣ яке аз роҳҳои асосии пешравии мамлакат мебошад.
Дар ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат ба масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодӣ миллӣ аҳамияти калон дода шуда, аз ҷониби роҳбари давлат супориш дода шуд, ки «иқтисоди сабз» вусъат дода шуда, барои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Вобаста ба масъалаи боз ҳам баланд бардоштани таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ роҳбари кишварамон таъкид намуданд, ки барои гузариш ба рақамикунонии соҳаи иқтисоди миллӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин замина, Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд”.
Навовариву навгониҳо ва алоқамандии онҳо бо истеҳсолот яке аз масъалаҳои ҳалталаби замон маҳсуб меёбад ва саҳми Роҳбари муаззами миллат вобаста ба он хеле бузург мебошад. Бинобар ин, дар ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати пайванди инноватсия бо истеҳсолотро муҳим шуморида, ба Вазорати адлия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи номбаршуда санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар баробари ин, таъкид намуданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода намудани барномасозон ва дигар ихтисосҳои барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, зарурати ташкил додани муассисаи олии касбиро дар тайёр намудани мутахассисони иқтисоди рақамӣ муҳим дониста, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад, ки ин бори дигар аз хизматҳои шоистаи Роҳбари маҳбуби кишвар аз баланд бардоштани савияи дониши насли ҷавону ояндадор ва дигар қишрҳои ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Дар баробари дигар масъалаҳои дар Паём ироагардида, тарбияи насли наврасу ҷавон бори дигар зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти мамлакат қарор дода шуд. Презеденти кишвар чунин қайд намуданд, ки «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт». Ҳамчунин, қаноатмандии хешро нисбат ба ин қишри ҷомеа дар Паём чунин изҳор намудаанд: «Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Боиси хушнудист, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар тули 33 соли Истиқлоли давлатӣ барои дастгириву кумак ва тарбияи насли ҷавон хизматҳои бузург намуда, ҷиҳати дар ҷомеа ҳамчун шахсиятҳои аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ баркамол ва соҳибмаърифату бомаданияту донишманд гардидани онҳо чораҳои судманд андешида мешавад. Ҳамзамон, барои инкишофи ин қишри ҷомеа тамоми шароитҳои заруриро сар карда аз муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва коллеҷу донишгоҳҳо муҳайё сохтааст.
Мусаллам аст, ки қадршиносӣ ва ҳурмату эҳтироми зан – модар яке аз самтҳои авлавиятдоштаи давлату Ҳукумат буда, пайваста дар он ғамхориҳои роҳбари фарҳехтаи миллат мушоҳида карда мешавад. Ин масъала дар Паёми имсола низ зери таъкидҳои пайвастаи хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошт. Дар ин замина, ба мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосири тоҷикон аҳамияти махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки занон дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон нақши созгор дошта, дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият доранд.
Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи маориф ҳаст, ки таҳти ғамхориҳои падаронаи роҳбари ғамхорамон 73 фоизи кормандони соҳаи маорифро занону бонувон ташкил медиҳанд. Дар тӯли 28 соли охир 11600 нафар духтарон муассисаҳои олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Роҳбарияти кишвар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи илмӣ ва касбии духтарону бонувон аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои дар хориҷа таҳсил намудани онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Дар Паём қайд гардид, ки 35000 духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, соҳибмаълумот гардиданд.
Ҳамин тариқ, тамоми масъалаҳое, ки дар Паём ироа гардид, барои пешравию тараққиёти Тоҷикистон азизи мо равона гардида, аз ояндаи равшану дурахшони Ватани биҳиштосои мо башорат медиҳад ва мо, бонувони Тоҷикистон аз ин ғамхориҳои роҳбари маҳбуби миллат илҳом гирифта, кӯшиш менамоем, ки тамоми саъю талоши худро барои амалисозии ин мақсадҳои наҷиб равона созем.
Мубина Қаюмова, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабуллоҳи Рӯдакӣ