Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ДАСТУРИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

by admin
10 views
Ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани Паём ба Маҷлиси олӣ ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат тантанаи давлатдории миллӣ, амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон ва яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд.
Боиси сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст, ки Паёми навбатии сарвари давлат сани 28- уми декабри соли 2024 дар бинои тозаифтитоҳи Парлумони Тоҷикистон сурат гирифт, ки ин нишони возеҳи ободкориву созандагиҳои замони соҳибистиқлолист.
Имрӯз на танҳо пойтахти кишвар, балки ҳар як гӯшаю канори Ватани азизамон дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат ба истиқболи ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ зебову шукуфо гардида, зиндагии шоиставу арзандаи ҳар як сокини мамлакат таъмин мегардад.
Нутки пурмуҳтаво ва барномавии Пешвои муаззами миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои пурифтихори созандаи давлату миллати шарафманди тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ин ҳуҷҷати муҳим дарстури зиндагии босаодат дар диёри аҷдодии мост.
Дар Паёми солонаи сарвари давлат боз як бори дигар таъкид ба он карда шуд, ки дар замони пуртаҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдиди буҳронҳои шадиди ҷанги сард ва ҷаҳонишавии бошитоб ҳар як фарди ватандӯст бояд дар пай такмили андешаи солиму созанда бошад ва роҳи саодату хушбахтии худро дар ҳифзи асолат, таҳкими сулҳу субот тавассути аз худ кардани илмҳои муосир, бахусус омӯзиши технологияҳои ҷадид баҳри рушди саноату иқтисод равона намояд.
Пешвои миллат бори дигар хотирнишон карданд, ки барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Дар ин замина Сарвари давлат иброз намуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Дар асоси супориши Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.
Сарвари кишвар барои тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро зарур ва муфид донистанд. Аз мазмуни суханони саршори меҳри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон чунин хулосаи муҳим ҳосил мешавад, ки сарвари кишвар ба насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун ворисону ҳомиёни ояндаи давлату миллат, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат эъттимоди комил доранд.
Дар маҷмуъ, бо дилу нияти пок, садоқатмандона арҷ гузоштан ва эҳтироми модар, боз ҳам баланд бардоштани нақш ва мавқеи занон дар ҷомеа, таҳкими суботу якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, либоси миллӣ, рушди саноату иқтисод, маърифати ҳуқукии шаҳрвандон, саҳми арзишманд гирифтани ҳар як сокини мамлакат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат хати меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод, дар пасманзари ин масъалагузориҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз дода шуд.
Дарвоқеъ Паёми Пешвои миллат барои мо дастури зиндагии босаодат аст, ки ҳар яки мо бояд дар партави ин ҳуҷҷати муайянкунандаи хушбахтиҳои ҳамасолаамон барои худ нақшаи вижаи амалкардҳоямонро таҳия созем ва дар атрофи сиёсати дурандешона, маорифпарварона, модарпарварона, бунёдкоронаву созандаи Пешвои маҳбуби миллат муттаҳид гардида, Тоҷикистон биҳиштосоямонро обуду зебо гардонем.
Мавҷуда Ҳалимова-муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment