Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАҚОМИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

МАҚОМИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

by admin
220 views

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX вазъияти сиёсию ҷамъиятие ташаккул ёфт, ки дар таърихи халқҳо ва мамлакатҳо саҳифаҳои нави рангин ва муқовиматомезу хунинро боз намуд. Аз ҷумла, аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми сотсиалистии инкишоф тақдири халқҳо ва умумиятҳои ин мамлакатҳоро куллан дигаргун намуд.

Демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, плюрализми сиёсӣ, ошкорбаёнӣ ва падидаҳои дигар боиси баланд гардидани ҳисси миллӣ ва дар бештари холатҳо ғурури миллии ҳамаи умумиятҳои миллию этникӣ гардидаанд. Ҷомеа ба демократия рӯ оварда, кӯшиши ба таври мустақилона ва озодона муайян намудани роҳи инкишофи хеш гардид. Ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки анъана ва таҷрибаи зарурии равандҳои демократиро надошт, роҳбарияти мамлакат ва нерӯҳои сиёсӣ ва тамоюлҳои инкишофи стратегии мамлакатро муайян карда натавонистанд. Вазъияти умумии инкишофи мамлакат тадриҷан бад мегардид. Он оқибати ҳолати бӯҳронии инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва махсусан, сиёсии ҷомеа буд. Зиддиятҳо ва муқовиматҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба сатҳи зиндагӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар шаклҳо ва мазмуни мухталиф таъсир бахшиданд. Мушкилиҳо ва муқовиматҳои раванди сиёсӣ ифодаи барҷастаи коҳиш ва пусиши муносибатҳои ҷамъиятӣ буданд.

Нерӯҳои мухталифи хокимиятхоҳ ташаккул ёфта, ғасби ҳокимиятро хадафи асосии хеш медонистанд. Ҳисси адолати иҷтимоӣ тағйироти куллӣ пайдо намуда, ба навъи махсуси ифротгароӣ табдил ёфт. Ноҷуриҳо ва мушкилиҳою шиддатнокии масъалаҳои иҷтимоӣ бештар хосияти сиёсӣ пайдо намуданд. Номутаносибии иҷтимоӣ ва касодии маънавию ахлоқии шахсият заминаи асосии муқовиматҳо ва ҳолати моҷарогароии ҷомеа гардиданд. Шиддати раванди номутаносиби инкишофи ҷомеа ҳолати буҳронӣ ва вазъияти идоранашавандаеро ташакул дода, Тоҷикистонро ба низоми бенизомӣ ворид намуданд. Дар ин давра нерӯҳои сиёсии гуногун муборизаи ошкороро барои ҳокимият оғоз намуда, раванди сиёсиро қурбони муқовимати мусаллаҳона намуданд. Махсусан, ташаккули иттиҳодияи «Маърифат», ки дар шакли Фронти халқии кишварҳои назди Балтика таъсис ёфта буд ва клуби «Рӯ ба рӯ», ки бо ташаббуси Комитети марказии комсомоли мамлакат ба фаъолият шурӯъ намуд, дар муқовиматомез гаштани ҳаёти сиёсӣ нақши фаъол гузоштанд. Баъдтар ҷунбиши мардумии «Растохез», Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои зиёду гуногуни маҳаллӣ ва маданию миллӣ ба раванди моҷарогароӣ таъсир бахшиданд. Дар натиҷа, кишвар ба гирдоби муқовиматҳои сиёсӣ кашида шуд.

Воқеаҳои хунини феврали соли 1990 аз он шаҳодат медоданд, ки бенизомии сиёсӣ хосияти сартосарӣ пайдо намуда, инкишофи ҷомеаро бесубот гардонидааст. Тадриҷан бенизомӣ ва муқовиматҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва нерӯҳои сиёсии нав афзун гардида, мамлакатро ба ҷанги ҳамватанӣ наздик мегардониданд. Дар моҳи майи соли 1992 муқовимати байни нерӯҳои ҳоким ва оппозитсионӣ ба моҷарои мусаллаҳона табдил ёфтанд. Ба хотири пешгирии бенизомиҳо ва таъмини шароити мӯътадили инкишоф Ҳукумати муросои миллӣ таъсис ёфт, ки дар он мақоми пешбарро намояндагони оппозитсияи сиёсӣ соҳиб буданд, аммо ҳукумати нав низ натавонист суботи сиёсӣ ва шаҳрвандиро таъмин созад. Дастаҳои зиёди мусаллаҳ пайдо шуда, ҳар яке дар доираи манфиатҳо ва ҳадафҳои хеш моҷарогароӣ менамуданд ва вазъиятро тоқатфарсо менамуданд. Дар кишвар ҳолати беҳокимиятӣ пайдо гардид. Махсусан, моҳҳои сентябр ва октябри соли 1992 ҳодисаҳои зиёде рух доданд, ки ба амнияту мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва якпорчагии он таҳдид менамуданд. Дар чунин вазъияти ҳассос роҳбарияти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ягона ниҳоди легитимии кишвар мансуб меёфт, кӯшиши ба даст ва ихтиёр гирифтани раванди идоракунӣ ва аз ҳолати муқовимат берун гаштанро намуд. Ҳамин буд, ки дар Қасри Арбоби наздикии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Он боиси гирифтани пеши роҳи нобудшавии кишвар, оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид. Вазифаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бештар дар ду самт ба таври барҷаста намудор гардидаанд. Аввало, аз ҳолати муқовимати мусаллаҳона баровардани кишвар ва ба оштии миллӣ расидан. Ба мураккабии масъала нигоҳ накарда, роҳбарияти нави мамлакат дар хамгироӣ бо нерӯҳои сулҳҷӯи ҳам дохилӣ ва ҳам бо мадади кишварҳои хориҷию созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо имзои Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мушарраф гардид. Тоҷикистон тавонист роҳу воситаҳои зарурии аз муқовимат баромаданро дарёбад ва ваҳдату якпорчагии кишварро таъмин намояд, истиқлолро нумӯъ бахшад. Сипас, масъалаи таъмини ваҳдати ҷомеа пеш омад. Ин самти вазифаҳо бештар мушкилтар буда, заҳмати зиёди на танҳо ҳукумат, балки тамоми бошандагони кишвар ва махсусан, фарҳангиёнро талаб менамуд. Ташаккули раванди ваҳдати ҷомеа муддати муайянеро талаб менамояд.

Худобахш БОБОЕВ, донишҷӯи соли 2-юми факултеи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment