Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастурамали нодиру пурарзиш ва роҳнамои фардои босаодат, баҳри ҳар як фарди ҷомеа, ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои тамоми мардуми Тоҷикистон ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як падидаи интизорӣ ва муҳимми сиёсиву давлатӣ буда, он чун як сарчашмаи илҳом ва корномаҳои минбаъда пазируфта мешавад. Маҳз ҳамин аст, ки Паём як консепсияи стратегие мебошад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон таҳлилу баррасӣ мегарданд, ки тамоми дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа, ҷаҳон ва баланд бардоштани мавқеи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст.
Воқеан ҳам Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво, сохтор, бандубаст, мантиқ ва баёни масъалаҳо фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ буда, масоили калидӣ ва усулан муҳими мамлакатро дар бар мегирад. Дар ҳар як Паёми Роҳбари давлат масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзиш, масъалаҳои оила, занон, ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳад, амният ва субот дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои ифротгаро, пешгирии густариши фарҳангу ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти хатарафзо дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифта, он пояи нақшаву барномаҳои мушаххаси ҳаллу фасли масоили зикршуда ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми худ ба Маҷлисӣ Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 — 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ҳамзамон дар робита бо ин Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Инчунин ба ин Донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултету кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
Инчунин сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 ба масъалаҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
Табиист, ки соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии мардум дар Паёми Президенти мамлакат мавқеи махсусро касб намудааст. Ба ин самтҳо даққати махсус зоҳир намудани Сарвари давлат беасос нест, зеро саломатии мардум агар сарвати асосии давлат бошад, саводнокии халқи он меҳвари асосии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳисоб меравад. Соҳиб будан ба мутахассисони кордон, олимони соҳаҳои гуногун ва, умуман, мардуми босавод ин зерсутуни давлати пойдор ва мамлакати мутараққӣ аст.
Қобили зикр аст, чун ҳарсола сиёсати давлатии ҷавонон аз мади назар дур намонд. Зимни суханронӣ дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нуктаҳои асосиро оид ба ҷавонон, ки ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, қайд намуданд, ки: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд».
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо ҷавонони кишвар мулоқот баргузор намуд, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои муҳими ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ гардиданд. Дар солҳои аввали таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли мо, Пешвои миллати тоҷик нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буданд. Мисоли чунин гуфтаҳо нахустин вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар, 17- марти соли 1994 мебошад, ки дар ин мулоқот роҳбари давлат, ҷавононро бо вазъи воқеии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар шинос намуданд ва дар ҳамон рӯзҳои аввал таваҷҷуҳи ҷавононро ба ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҷалб менамуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар суханронии худ аз мушкилоти мавҷуда дар мавриди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, ёдовар шуда таъкид карданд, ки: «Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид».
Воқеан таҳлилҳои марказҳои омӯзишӣ ва назари коршиносон дар мавриди афзудани таҳдидҳо дар солҳои охир ба ҳам мувофиқ меояд ва масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ ҳамешагӣ мавриди назари Сарвари давлат қарор дорад ва дар кулли суханрониҳои худ дар минбарҳои баланди байналмилалӣ аз қабили Созмони Милалли Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ба мавзуи мазкур андешаҳо кардаанд.
Ҳамин тавр, нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон зарур ва аҳаммиятнок аст. Ва мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки соҳибватану соҳибдавлат будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин арзиши ҳаётист. Пас моро лозим аст, ки дар атрофи сиёсати Роҳбари Олии кишвар муттаҳид гардида, нукоти Паёми ояндаафрӯзро сармашқи кори худ қарор дода, барои ободии диёр ва Тоҷикистони азиз аз сидқ пайи амал шавем.
Каримҷонзода Манучеҳр- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Файзов Рамазон- номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ