Home Без рубрики ИШТИРОКИ МУВАФФАҚОНАИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ МУВАФФАҚОНАИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

by admin
11 views
Устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович ва номзади илмҳои иқтисодӣ Вазирзода Дилором Раҷамат бо пешниҳоди мақолаи илмӣ дар мавзуи «Таҳлили вазъи рушди маблағгузории хурд ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони «FUNDAMENTAL SCIENCE INNOVATION AND TECHNOLOGY», ки санаи 27-уми декабри соли 2024 аз ҷониби Маркази илмӣ — нашриётии «Вестник науки» шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор карда шудааст, иштирок карда бо ДИПЛОМ ДАРАҶАИ I (БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМӢ) сазовор гаштанд. Инчунин ҳайати тадорукоти конференсия ба унвонии раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои мусоидат дар омодасозии корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони мазкур изҳори сипос байён намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки мақолаи илмии муалллифон дар Маҷмуаи мақолаҳои илмӣ аз рӯйи маводи VI Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «FUNDAMENTAL SCIENCE INNOVATION AND TECHNOLOGY» ба табъ расида, пешкаши хонандагон гардидааст.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муллифони мақолаи илмӣ барои сазовор шуданашон ба ДИПЛОМ ДАРАҶАИ I (БЕҲТАРИН МАҚОЛАИ ИЛМӢ) дар Конференсияи байналмилалӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барор мехоҳанд.

Related Articles

Leave a Comment