Home ХАБАР ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

by admin
12 views
(ҳамоиши ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмунҳо дар соли 2025)
Барои аҳли зиё ва мардуми саодатманди кишвар мояи ифтихор ва шарафмандист, ки санаи 2 январи соли 2025 Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 ба тасвиб расид, ки идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҷаноби Олӣ ба хотири рушд ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа мебошад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз (03.01.2025) бо ҷонибдорӣ аз ин сиёсати хирадмандонаву маърифатпарваронаи Роҳбарияти Олии кишвар ҳамоиши ҳайати устодону донишҷӯёнро дар ҳошияи ба тасвиб расидани Амрҳои мазкур зери унвони “ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ФАРҲАНГУ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА” бо мақсади ташреҳи тағйироту дигаргуниҳои низомномаҳои озмунҳо, тарғибу ташвиқи омӯзгорону муҳассилин ҷиҳати омодагӣ, иштироки фаъол ва касби ҷойҳои ифтихорӣ ва ба ин васила, афзудани нуфузу эътибори Донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, дар партави омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир намуд.
Дар кори ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар ва ҳайати устодон, кормандон, дастаҳои олимпии донишҷӯёни донишгоҳ ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.
Сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Шарипов Анвар зимни ифтитоҳи ҳамоиш бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ёдовар шуд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад ва насли наврасро лозим аст ҳар чи бештар омӯзанд, соҳибкасб гарданд ва мутахассиси варзида гардида, дар рушду нуми ватани худ саҳмгузор бошанд.
Гуфта шуд, ки нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа омили муҳим ва нақши муассир дошта, имтиёзоти муқаррагардида барои ғолибон, шуълаи умед ва талоши бештарро дар қалби насли наврас афзун гардонидааст.
Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром дар мавзуи Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва рушди фарҳангу ҳунар”, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, дотсент Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- асоси дарёфти чеҳраҳои нав ва тақвиятбахши неруи зеҳнии аҳолии мамлакат” ва мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он Холиқов Сафар дар мавзуи “Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”- омили рушди тафаккури табиию техникии аҳолии кишвар” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки боиси хушҳолии хурду бузург ва мояи суруру умедвории ҷомеаи мадании кишвар аст, ки тайи чанд соли охир таҳти cарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангсолору маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»- ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии аҳолӣ; Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»- бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»- ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, болобурди маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик баргузор мегардад.

Related Articles

Leave a Comment