Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРАНТИ PHD

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРАНТИ PHD

by admin
3 views

Санаи 13.12.2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии хатмкардаи шуъбаи докторантураи PhD-и кафедраи биология ва методикаи таълими они факултети химия ва биология Мирзозода Сулаймон Мадислом дар мавзуи “Растаниҳои шаҳддиҳандаи минтақаи Кӯлоб: масъалаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи онҳо” бо роҳбарии номзади илмҳои биологӣ, дотсент Мадаминов Абдулло Асракулович баргузор гардид. 

Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, дотсент Бобоев Бахтиёр, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он, дотсент Холиқов Сафар ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.  

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи ботаника ва дендрологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобоев Ҷурабой ва номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он Ҳисайнов Далер баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд.  Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии Мирзозода Сулаймон бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Мирзозода Сулаймон ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму таҳқиқ мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment