Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамасола дар ҳошияи истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ ҷиҳати натиҷагирии фаъолияти ҳайати олимону профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмунҳои донишгоҳӣ аз рӯйи номинаҳои гуногун ташкилу гузаронида мешавад. Имсол низ мутобиқи қарори Шурои олимони муассиса озмунҳои донишгоҳии “Олими сол”, “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол”, “Куратори сол”, “Донишҷӯи сол”, “Варзишгари сол”, “Маҳфили сол”, “Ҳуҷраи беҳтарин дар хобгоҳ” гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ки озмунҳои мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами корӣ, рушди қобилияти илмию эҷодӣ ва тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, тарбия намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, озмунҳои номбурда дар ҳошияи Наврӯзи байналмилалӣ натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон аз рӯйи номинаҳо санаи 20-уми марти соли равон зимни таҷлили Наврӯзи хуҷастапай ба таври зайл муайян ва қадршиносӣ гардиданд:
Аз рӯйи номинатсия “Олими сол-2023” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор;
- Саидзода Муҳаммад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент;
- Бозоров Хушвахт, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Аз рӯйи номинатсия “Факултети сол-2023” факултетҳои зерин ғолиб дониста шуда, деканҳои онҳо бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Факултети физика ва математика (декани факултет дотсент- Самариддинова З.Н.);
- Филологияи рус (декани факултет дотсент- Шарифзода О.П.).
Аз рӯйи номинатсия “Кафедраи сол-2023” кафедраҳои зерин ғолиб дониста шуда, мудирони онҳо бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Кафедраи сиёсатшиносӣ (мудири кафедра дотсент-Пирназаров Эмомназар);
- Кафедраи журналистика (мудири кафедра муаллими калон-Алишери Абдулмаҷид).
Аз рӯйи номинатсия “Муаллими сол-2023” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Исмоилова Муборак Кенҷаевна, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон;
- Сафарова Муборак Бобохоновна, муаллими калон;
- Шарипов Анвар Абдурасулович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент;
- Фирдавси Холмуҳаммад, муаллими калон.
Аз рӯйи номинатсияи “Куратоли сол-2023” устодони зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Мирсаидов Муҳаммаднаим Негматович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
- Шоҳсанами Ризо, муаллими калон;
- Яқубзода Фируз Нурмат, номзади илмҳои сиёсӣ, муаллими калон.
Аз рӯйи номинатсияи “Маҳфили сол-2023” маҳфилҳои зерин ғолиб дониста шуда, роҳбарони онҳо бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Маҳфили “Забони англисӣ-қулфкушои ҳама дарҳо”-и кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (роҳбари маҳфил: Ёқубов Д.);
- Маҳфили “Менеҷерони ҷавон”-и кафедраи менеҷмент ва маркетинг (роҳбари маҳфил: Содиқзода З.С.);
- Маҳфили “Русское слово”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ (роҳбари маҳфил: Эргашева Ш.Г.).
Аз рӯйи номинатсия “Донишҷӯйи сол-2023” донишҷӯёни зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Расулзода Абдулбосит Абдулмахсум, донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ;
- Мирзозода Насиба, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора;
- Тошматов Умарҷон Фарҳодович, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика;
- Сафарзода Сироҷиддин, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи хориҷӣ.
Аз рӯйи номинатсия “Варзишгари сол-2023” донишҷӯёни зерин ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 5 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Ҳаким Анушервон Зафар, донишҷӯи курси 1-уми факултети молиявию иқтисодӣ;
- Қурбонов Асламҷон Сулаймоншоевич, донишҷӯи курси 1-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва ОДҲ;
- Нозимова Малика Ҷумахоновна донишҷӯи курси 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг.
Аз рӯйи номинатсия “Беҳтарин ҳуҷраи хобгоҳ дар соли 2023” ҳуҷраи 110 дониста шуда, истиқоматкунандагони он бо диплом ва мукофоти пулӣ (ҳар як нафар) дар ҳаҷми 2 стипендияи муқаррарӣ сарфароз гардонида шуданд:
- Миршарафиддинова Соро, донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ.
- Аюбова Дилангез, донишҷӯи курси 1-уми факултети химия ва биология;
- Бекмамадова Фотима, донишҷӯи курси 1-уми факултети физика ва математика;
- Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи курси 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг.
Зимнан дар радифи ҷамъбасти озмунҳои фавқ ғолибони мусобиқаҳои варзишии футболи хурд ва волейбол миёни кормандону омӯзгорони донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин дар идома як гурӯҳ устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати фаъолияти назаррас бо Сипосномаи ректори муассиса қадршиносӣ гардиданд.