Home ХАБАР ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ЛИНГАФОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ЛИНГАФОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
235 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ синфхонаи лингафонӣ ифтитоҳ ёфт. Синфхонаи мазкур дар факултети филологияи хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи он ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ ҳангоми ифтитоҳи синфхонаи мазкур ҳозиринро ба фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрику шодбош гуфта, дар зимн таъкид доштанд, ки  дар марҳилаи рушд ва пешрафти ҷомеаи башарӣ забондонӣ омили муваффақияти ҳар як фард ба шумор меравад. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ имкон фароҳам меорад, ки шахс аз як тараф маълумоти бештарро фаро гирад, аз ҷониби дигар донишу ҷаҳонбинии хешро такмилу тақвият бахшад.

Мутмаинем, ки шароити фароҳамоварда барои донишандӯзии насли наврасу ҷавон мусоидат намуда, донишҷӯёни мо бо дарки масъулият ва хештаншиносӣ бо истифода аз заминаи  мусоид ба омӯзиши ҳарчи бештари  забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Дар ин робита ба устодону донишҷӯён дастур дода шуд, ки аз имкониятҳои мусоид ва арзандаи синфхона истифода бурда, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои хуб тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома садорати факултет ва донишҷӯён барои таъмини шароити муосид ва заминаи дурусту саривақтии донишандӯзӣ ба Роҳбарияти олии кишвар ва раёсати донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ  баён намуданд.

Related Articles

Leave a Comment