Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛӢ Ё БАҲОРӢ?!

НАВРӮЗ – ҶАШНИ МИЛЛӢ Ё БАҲОРӢ?!

by admin
68 views

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷик буда, рамзи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣ мебошад. Бо омадани ин ҷашн на танҳо дашту биёбон, боғу гулгаштҳо қабои идона ба бар мекунанд, балки дар замири инсонҳо ҳисси шодию сурур падид меояд. Ин аз табиати Наврӯзу баҳор аст.

Таърихи ҷашни Наврӯз ва тарзи ҷашнгирии он дар бисёр аз эҷодиёти мутафаккирон, чун Фирдавсию Анварӣ, Берунию Хайём ва ғайра зикр ёфтааст ва аксар зимни баррасии ҷашни наврӯз чун далели боэътимод ба ин олимон такя мекунанд. Воқеан, маҳз тавассути асарҳои таърихию бадеӣ мероси ниёгони миллати мо то ба имрӯз омада расидааст.

Дар адабиёти давраи нави тоҷик саҳми Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки дар ҳассостарин давраи таърихии халқи тоҷик зиндагӣ ва эҷод карда, аз худ мероси гаронбаҳои бадеӣ, илмӣ ва публисистӣ боқӣ гузошт, барои қувват гирифтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин исботи «вуҷуди доштани як қавме бо номи тоҷик» басо бузург аст.

«Ёддоштҳо» аз асарҳои ҷамъбастии устод Садриддин Айнӣ маҳсуб ёфта, воқеаҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии халқи тоҷикро дар як давраи ниҳоят муҳим ва ҳассоси таърихи халқи тоҷик дар бар гирифтааст. Мо аз ин асари устод Айнӣ роҷеъ ба бисёр анъаноти миллати тоҷик, ки зери асорати даврони амирӣ монда буданд, огоҳӣ пайдо мекунем, аз ҷумла роҷеъ ба ҷашни Наврӯз.

Мафҳуми наврӯз ифодакунандаи рӯзи нав, яъне умедворкунанда ба зиндагии беҳтаре аст. Аз ҷумла, С. Айнӣ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Мири Араб ба даст овардани китобчаи «Маҳмуд ва Аёз»-ро ҳамчун наврӯз номидааст: «Он рӯз дар мадрасаи Мири Араб барои ман наврӯз буд – он рӯз як рӯзи наве буд, ки аз ғайри чашмдошти ман, ба ман бахти нав оварда буд. Китобчаро ба даст гирифта давон-давон дубора ба ҳуҷра баромада, шитобкорона вайро варақ зада cap то пояшро аз назар гузаронидам: дар он вақт он китобча ба назари ман чунон муҳим намуд, ки ба дунёҳо меарзид». Тавре равшан мегардад, ҳар чизе, ки боис ба хушҳолӣ мешавад ва дар он манфиате барои оянда аст, чун Наврӯз аст ва, албатта, ин баҳси дигар аст.

Дар «Ёддоштҳо» роҷеъ ба ҷашни Наврӯз дар чанд маврид, аз ҷумла дар бобҳои «Сайри Файзобод» ва «Иди Наврӯзӣ ва сайри ширбадан» маълумот дода шудааст. Дар боби «Сайри Файзобод» оид ба ҷашни Наврӯз ва эътиқоди мардум ба он сухан рафта, аз ин ҷашн фоида бурдани соҳибмансабон, аз ҷумла «уламои дин»-ро ифшо намудааст: «Дар Бухоро дар он вақтҳо Наврӯзро, ки иди баҳории умумии форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳатто уламои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият — пеш аз истилои арабҳо одатан миллӣ буда, баъд аз мусулмон шудан ҳам мардум ин идро тарк накарда буданд, ранги динӣ-исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд, — аз оятҳои Қуръон ҳафтсалом навишта ба ғӯлингоб, ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара буд, тар карда мехӯронданд ва пул мегирифтанд. Дар рӯзи Наврӯз дар арки амир як маросими динӣ ташкил намуда зиёфат мехӯрданд, пул мегирифтанд ва хилъат мепӯшиданд ва пас аз Наврӯз ба шарафи соли нав чандрӯза сайрҳои расмӣ ташкил мекарданд ва монанди инҳо.

Аммо халқ пеш аз соли нав, ки дар солҳои одӣ 22 март ва дар солҳои кабиса (соле, ки феврал 29 мешавад) 21 март медарояд, сайрҳо ташкил намуда, гӯё ба¬рон пешвозгирии Наврӯз ҳозирӣ медиданд».

Аз суханони устод Айнӣ бармеояд, ки Наврӯз ҷашни халқ аст ва он ба ҳеҷ дину мазҳаб ва равия марбут набуд ва решааш қадимӣ мебошад. Ин ҷо мехоҳем роҷеъ ба ифодаи иди баҳории умумии форсизабонон истодагарӣ кунем. Чунин тавсиф кардани ҷашни Наврӯз дар матни Куллиётӣ ва ҳатто дар «Энсикпопедияи насри муосири тоҷик С. Айнӣ. Ёддоштҳо (чаҳор қисм) (2009) вомехӯрад. Дар асоси муқоисаи матнҳои давраи ҳаёти нависанда бо матнҳои баъдӣ равшан мегардад, дар ҷумлаи «Дар Бухоро дар он вақтҳо «наврӯз»-ро, ки иди миллии умуми форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд» иди миллӣ ба иди баҳорӣ иваз гардидааст. Тағйироти мазкур ба мазмуни ҷумла таъсир нарасонида бошад ҳам, моҳияти иҷтимоии матнро коҳиш додаст, зеро Наврӯзро ҳамчун иди миллӣ тавсиф кардан ишора ба дастоварди бузурги мардуми ориётабор мебошад, ки ин дастоварди фарҳангии миллати тоҷик дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаи миллии Наврӯз басо равшан таҷассум ёфтааст: «Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих қобили қабул ва боиси хушнудист».

Шояд чунин хурдагирӣ ҷузъӣ намояд, аммо барои миллати тоҷик Наврӯз ҳамчун нишони таърихи бою фарҳанги қадима доштан мебошад. Баҳор фасли сол аст ва дар аксари кишварҳо дар ин фасл ҷашну маросимҳои хос баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз, хурдтарин иштибоҳот метавонад, таъсири манфӣ ба бор оварад. Ин гувоҳ бар он аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни миллӣ аст.

Дар боби мазкур, инчунин роҷеъ ба тозакориҳои фасли баҳор, ки ҳама ҷо сабзу хуррам ва дашту биёбон гулрез мешаванд, сухан рафтааст. Ба таъбири устод Айнӣ ин ҳама зебоӣ «бар рӯи саҳро ба пешвози Наврӯзи дилафрӯз густурда шуда буданд».

Дар боби «Базмҳои Бухоро ва базмгардӣ» ҳафтаҳо идома ёфтани базмҳои наврӯзӣ таъкид ёфтааст: «дар сайрҳои наврӯзӣ, ки ҳафтаҳо дароз мекашид, бе пул хизмат мекарданд (созандагон – Ш.Ҷ.), хӯрок ва харҷҳои дигарашон ҳам дар ин гуна базмҳо аз худашон мешуд».

Дар боби «Иди Наврӯзӣ ва сайри Ширбадан» Садриддин Айнӣ боз ҳам аз таърихӣ будани ҷашни Наврӯз таъкид шуда, қадр ва манзалати онро махсус қайд кардааст: «Иди Наврӯз, ки дар сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал cap мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халқи тодик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод».

С. Айнӣ аз сайри Ширбадан (номи чорбоғ, ки ба амир Музаффар марбут буд), ки бошандагони Бухоро ва гирду атрофи он маҳсули дасти худро ба тамошо (фурӯш) мебароварданд, инчунин базмҳо ва бозиҳои варзишӣ ташкил мегардид, илҳом гирифта, дар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достони «Достони сайри Ширбадан»-ро эҷод кардааст. Намуна:

Зимистон гузашта, шуда навбаҳор.
Фалак беғубору замин сабзазор.
Ҳаво буд форам, на сарду на гарм,
Насимаш чу анфоси маҳбуба гарм.
Чи беди сиёҳу чи беди сафед,
Ҳама гашта хушбӯй чун мушкбед.
Дарахтони серсабзаи мевадор
Шукуфта зи мастӣ чу рӯи нигор.
Зи бас ҷашни фирӯзи Наврӯз буд,
Ҳама чиз гӯё ки фирӯз буд.
Шуда ҷашн барпо ба наврӯзгоҳ,
Ба як Ширбадан ном маъвои шоҳ

Умуман, дар «Достони сайри Ширбадан» базму суруд ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба таври муфассал тасвир гардидааст. Фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ оид ба достони мазкур сухан ронда, чунин нигоштааст: «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ дар воқеъ яке аз манбаъҳои нодири анъанаҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷашнҳои хонаводагию умумӣ мебошад».

Ҳамин тариқ, устод Айнӣ чун ходими барҷастаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баҳри ҳастии миллати тоҷик ва таърихи пурғановати он талош варзидааст. Бозтоби ҷашни Наврӯз дар «Ёддоштҳо» гувоҳ бар он аст, ин ҷашни миллӣ таърихи қадима дорад ва дар саргаҳи он миллати тоҷик меистад.

Дар саросари кишвари азизамон шуруъ аз оғози моҳи март тадорукоти Наврӯзӣ дида мешавад. Ба бар кардани либосҳои чакану атлас ва адрас, ба сар кардани тоқиҳои гулдузию зардузӣ, пӯхтани таомҳои миллӣ, ки хоси ҷашни Наврӯзанд, сол то сол нуфӯзи ин ҷашнро даҳчанд гардонида истодааст. Пас, метавон гуфт, ки Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст ва гувоҳ инсондӯстию сулҳпарварии ин миллати куҳанбуёнд мебошад.

Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

Шамшоди Ҷамшед, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment