Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бар асоси моддаи 70 Конститутсияи кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба кулли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва шарикони хориҷӣ ироа мешаванд, дар воқеъ, метавон санади муҳимми банақшагирии стратегӣ, дастури раҳнамову равшанибахши марҳилаҳои рушду пешрафти соҳаҳои Ватани азизу маҳбубамон арзёбӣ намуд.
Хурсандибахш аст, ки таъмини рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, афзудани некуаҳволии мардум, тақвияти фарҳангу маънавиёти аҳолӣ, аз ҷумла боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки омили муҳим ва меҳварии ташаккулу такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқи консепсияи давлати ҳуқуқбунёд мебошад, зери таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар соҳаи илму маориф, ки ба таъбири Пешвои муаззами миллат, рушди он калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад, иқдомҳои судманду саривақтӣ ва маблағгузории беш аз пеш сурат мегирад.
Чунончи дар Паёми навбатии Пешвои миллат қайд гирдид, Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил аст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари мавриди омӯзиш ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Зимнан, таъкид карда шуд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон, ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо намуда, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Илова бар ин, аз масъалагузориҳои Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 (25.01.2024) бармеояд, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 33,4 фоиз, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ- 39,8 ва олии касбӣ- 40,3 фоиз баробар буда, нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд. Зеро тибқи стандартҳо агар нишондиҳандаи сифати таҳсилот то 50 фоизро ташкил диҳад, ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Пешвои миллат бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки дар чунин ҳолат омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, инчунин, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмиву педагогӣ ғайриимкон мебошад. Дар ин замина, масъулин вазифадор карда шуданд, ки фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷоннок намуда, доир ба мунтазам гузаронидани мониторинги сифати таълим чораҷӯйӣ намоянд.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро бо вуҷуди фароҳам будани заминаи комили танзими ҳуқуқӣ, пайваста дар суханрониҳову Паёмҳои Сарвари давлат баррасӣ ва арзёбӣ шудани масоили соҳа, масъалагузориҳои мушаххас, шароити рӯ ба беҳбуди кору фаъолият, роҳандозии имтиёзҳову тадбирҳои ҳавасмандсозӣ ва зимнан, чораҳои интизомиву қонунӣ нисбат ба масъулин, нақша-чорабиниҳо ва барномаҳои давлатии қабулшуда ба таври дилхоҳу шоиста ва мавриди дархӯри ниёзҳои аҳли соҳа татбиқ намешаванд? Бешак, яке аз сабабҳои татбиқи нотамоми ин санадҳо марбути маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.
Бо назардошти 30-солагии Конститутсияи халқи кишвар, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 падидаи бисёр хушоянду саривақтӣ буда, хоса аз мо омӯзгорон, масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ андешидани тадбирҳои судманди роҳандозии таълим ва тарбияи ҳуқуқии насли наврасу ҷавон, силсилаи чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, тарғибу ташвиқи васеи асосҳои конститутсионии давлат ва қонунгузории миллиро тақозо менамояд.
Банди 58 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 (аз 06.02.2018) баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ муқаррар намуда, амалишавии онро тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ пешбинӣ менамояд.
Мусаллам аст, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне шиносонидан, огоҳонидан, омӯзонидани низоми қонунгузории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва зимнан, уҳдадориҳои шаҳрвандиву масъулиятҳои касбӣ ба шаҳрвандон тавассути таълиму тарбияи ҳуқуқӣ сурат мегирад. Аз ин ҷост, ки ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 мавриди татбиқ қарор дорад.
Мутобиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа маънидод шуда, таркиби он аз ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон иборат аст. Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо буда, мақсади ниҳоии тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад.
Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, аз Конститутсия сарчашма мегирад, зеро бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд бе ташаккули маърифату фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст. Мафҳуми тарбияи ҳуқуқӣ бисёрҷанба буда, ҷомеашиносон онро як намуди фаъолияти иҷтимоӣ; сиёсатшиносон — таъсири идеологӣ ба шуури шахс медонанд. Дар илми педогогика тарбия ҳамчун падидаи асосӣ ҷиҳати ташаккули тафаккур ва инкишофи шахсият фаҳмида мешавад.
Таълими ҳуқуқӣ дар адабиёти илмӣ роҳи ифодаи беруна ва ташкили интиқоли маводи назариявии ҳуқуқӣ ба объекти таълим буда, ҳадаф аз он ташаккули заминаи назариявии шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини сатҳи зарурии ба низом даровардани донишҳо дар бораи ҳуқуқ, рушди манфиатҳои ҳуқуқӣ, ҳиссиёт, тафаккури ҳуқуқӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҳуқуқӣ мебошад.
Таълими ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, донишҳо дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, масъулияти шахс барои риоя накардани ҳуқуқро дар назар дорад. Он ба тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати эҳтиромона ба қонунҳо ва Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳо дигарон ва муносибати танқидӣ нисбат ба онҳое, ки меъёрҳои қонунро вайрон мекунанд, нигаронида шудааст.
Таълими ҳуқуқӣ фаъолияти мақсаднок ва муназзами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва такмил додани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахс мебошад, ки идеяи бунёди давлати ҳуқуқбунёдро амалӣ менамояд.
Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ, давлати ҳуқуқбунёд — ташкилоти соҳибихтиёр, ҳудудӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар он арзиши иҷтимоии инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш, волоияти қонун, худмаҳдудшавии ҳуқуқии давлат таъмин карда мешавад.
Давлати ҳуқуқбунёд дар замони муосир зинаи олии инкишофи озодӣ ва инъикоси он дар падидаҳои давлатӣ — ҳуқуқӣ мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд шакли маҳдуд намудани ҳокимият бо ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ҳуқуқу озодиҳои фард муҳимтарин воситаи мувозинат бо пурқудратии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Мақсади давлати ҳуқуқбунёд ин таъмини ҳудуди озодии фард, дахлнопазирии ҳудуди озодӣ, ки бо ҳуқуқ муайян шудааст, манъ будани истифодаи чораҳои маҷбурсозии ғайриҳуқуқӣ мебошад. Зимнан, афзалияти ҳуқуқи инсон масъулияти ӯро барои истифодаи ғайридахлдори ҳуқуқу озодиҳояш истисно намекунад, балки бар дӯши ӯ як қатор уҳдадориҳоро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат вогузор мекунад. Дар ин замина алоқаи махсуси ҳуқуқӣ барпо мегардад — масъулияти мутақобилаи давлат ва инсон.
Алоқамандии фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насриддинзода Э. С. дар таълифоти илмии хеш ба таври васеъ таҳлил намуда, қайд менамояд, ки байни фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёд алоқаи мутақобила ҷой дарад: аз як тараф давлати ҳуқуқбунёд барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ шароит муҳайё менамояд; аз тарафи дигар давлати ҳуқуқбунёд сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқиро талаб менамояд.
Дар ташаккули фарҳанг ва тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо рушди фарҳанги ҳуқуқӣ асосан тавассути таълими ҳуқуқӣ сурат мегирад, аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аммо бояд қайд намуд, ки дар барномаҳои таълимии ихтисосҳои ғайриҳуқуқӣ, чун қоида, як нимсола барои омӯхтани фанни ҳуқуқшиносӣ ва сипас дигар фанҳои ҳуқуқӣ ҳамчун фанҳои интихобӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳатто донишҷӯёне, ки дар чунин фанҳои ҳуқуқӣ иштирок менамоянд ва баҳои мусбат мегиранд, дониши возеҳи ҳуқуқие, ки дар ҳаёти воқеии ӯ зарур мебошад, аз худ намекунанд. Ба андешаи инҷониб, ҷавонон бояд қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро муфассалтар омӯзанд. Мутаассифона, айни замон дар бештари донишгоҳҳои кишвар фанни «ҳуқуқи инсон» умуман таълим дода намешавад.
Ба иттилооти аҳолӣ ва, махсусан, ҷавонон расонидани маълумот дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиротҳои қонунгузорӣ муҳимтарин вазифаест, ки танҳо тавассути таълимоти ҳуқуқӣ ҳал карда мешавад. Таълими ҳуқуқии ҷавонон аз тарафи субъектҳои гуногун (давлат дар симои мақомоти он, ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайра), ки воситаҳои гуногуни тарбияи ҳуқуқиро истифода мебаранд, амалӣ карда мешавад.
Мусаллам аст, ки рушди волоияти қонун, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фарҳанги олии ҳуқуқиро тақозо мекунад, ки бидуни он амалишавии чунин арзишҳо ва принсипҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, аз қабили волоияти қонун, афзалияти шахс, ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонашавандаи ӯ, таъмини боэътимоди ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон аст.
Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дигарест, ки роҳҳои татбиқи кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандро барои гирифтани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ва заминаи ташкилию ҳуқуқиро муқаррар менамояд. Бо вуҷуди ин, агар аҳолӣ дар гирифтани чунин таҳсилот манфиатдор набошанд, чораҳои андешидаи давлат натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад. Аъзои ҷомеа бояд на танҳо имконияти дастрасӣ ба арзишҳои қонунӣ дошта бошанд, балки инчунин, зарурати татбиқи ин самтро дарк намоянд. Ҳар як фард бо назардошти сатҳи рушд (маълумот, синну сол, вазъи иҷтимоӣ, фаъолияти касбӣ) уҳдадор аст, ки аз мафҳумҳои умумии ҳуқуқӣ бархӯрдор бошад.
Чунончи Пешвои муаззаму маҳбуб, хирадрою маърифатафзои миллат зимни Паёми хеш таъкид намуданд: «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Исозода Парвиз, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ