Home ХАБАР ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ТАРАФИ ЛОИҲАИ USAID БА ДОНИШГОҲ РАСИД

ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ТАРАФИ ЛОИҲАИ USAID БА ДОНИШГОҲ РАСИД

by admin
113 views

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз тарафи Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ” ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯйи 34 номгӯй ба миқдори 448 нусха дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ туҳфа карда шуд.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дастурҳои таълимӣ-методӣ бо сифати баланду  мазмуни хуб таҳия шуда, истифодаи дуруст ва бомавриди онҳо дар баланд бардоштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён нақши муҳимро мебозад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Лоиҳа миннатдории самимӣ баён намуда, роҳбарият ва  ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ бар он мекўшанд, ки бо истифода аз васоити таълимии  мазкур дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Related Articles

Leave a Comment