Home ХАБАР КӮЛОБ-САРЗАМИНИ ТАЪРИХӢ ВА МУЛКИ МАРДОНИ ДАЛЕР

КӮЛОБ-САРЗАМИНИ ТАЪРИХӢ ВА МУЛКИ МАРДОНИ ДАЛЕР

by admin
118 views

Кӯлоб ҳамчун қадимтарини мавзеъи аҳлолинишин аз замонҳои дури таърихӣ оғоз ёфта, бештар бо номҳои Ҳуттал, Хуталон, Борсорак ва минбаъд бо номи Кӯлоб дар саҳфаҳои дурахшони таърих ҷовидона сабт шудааст. Дар омӯзиши таърихи Кӯлоб олимони зиёд, аз ҷумла А.М. Белинитский, В.В. Бартолд, В.А. Ранов, Б.А. Литвинский, Юсуфшо Яъқубов ва Шокиров Б. барин донишмандони соҳаи таърих саҳми босазо доранд. Вобаста ба он ки Кӯлоб яке аз шаҳрҳои қадимтарини ҳудуди Хатлон буд бисёр ҳодисаҳои таърихиро нисбати Хатлон шарҳ додаанд. Номи Кӯлоб дар замони истилои Абдуллохони II-и Шайбонӣ аз ҷониби Ҳофиз Таниши Бухороӣ дар “Шарафномаи шоҳӣ” Кӯлоба зикр шудааст.

Дар дастрас кардани маълумотҳо оид ба таърихи Кӯлоб, олим ва тадқиқотчии машҳур Ғолиб Ғоибов хидмати арзанда кардааст. Кӯлоб аз оғоз то замони Хилофати Араб дар ҳайати давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён ва дигар давлатҳои ориёию юнонӣ арзи ҳаситӣ кардааст. Баъд аз истилои арабҳо дар Хатлон ба хусус Кӯлоб аз тарафи Туркон, Ғазнавиён, Қарахониҳо, Салчуқиён ва дигар кучманчиҳои биёбонгард тохтутозҳои зиёди ғоратгарона шуд, ки боиси аз байн рафтани маркази Хатлон шаҳри Ҳулбук гардид ва солҳои баъдӣ номи Кӯлоб ҳамчун яке аз марказҳои Хатлон дар адабиётҳои зиёде пайдо гардид.

Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ кайҳо боз машҳур гардидааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб мардум ба ҳунарҳои гунонгуни халқии қадима ва муосир ба монандӣ, бофандагӣ, навъҳои гуногуни дӯзандагӣ, аз қабили  чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ, ва оҳангарӣ машғул мебошанд. Инчунин, занони ҳунарманди Кӯлоб анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, ривоч, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд омода менамоянд.

   Кӯлобро дар баробари шаҳри далерон метавон шаҳри санъаткорон низ номид. Чунки дилхоҳ сокини Кӯлоб (чи зану чи мард новобаста аз касбу кору вазъи иҷтимоӣ) ҳатман ягон асбоби мусиқӣ, лоақал дутор ё таблаку доира навохта, суруд ё рақс иҷро карда метавонанд. Инчунин, Кӯлобро бо санъати чакандӯзиву гулбасташ дар тамоми дунё мешиносанд. Махсусан матои гулбасти Кӯлоб беҳамто буда, дар дигар минтақаҳои кишвар қариб, ки тамоман дида намешавад. Дар шаҳри Кӯлоб ҳунари чакандӯзӣ низ яке аз ҳунарҳои мансуб ба ин минтақа маҳсуб ёфта, куртаи чакан яке аз либосҳои муҳим барои ҷашни арӯсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар як арус бояд ин ҳунари аҷдодиро аз худ карда то барпо шудани ҷашни арусияш бо дастони худ барои худаш чодари нақшини чаканӣ омода намояд. Дар ин минтақа мардон бошанд дар ҳама ҷашнҳои маишиву динӣ ва, аз ҳама мароқовараш, мардҳо дар ҷашни домодияшон ба сар тоқии чакан гузошта, ҷомаи гулдузии чаканӣ ба бар мекунанд. Мардум, ки ба ин ҳунари аҷдодӣ, бо назари нек менигаранд, ҳатто хонаҳои худро бо бардевории пурнақшу нигори чаканӣ ва тирезаҳоро бошад бо пардаҳои дастдӯхти пур аз зебогиҳои табиат иникосёфтаи чаканӣ оро дода, дар хонаҳои худ бо ин ҳунари аҷдодӣ зебу зиннати дучанд  меофаранд.

Симои шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар замини сиёсати хирадмандонаву бунёдгаронаи Роҳбарияти олии кишвар дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба худ намои тоза касб карда, дар ин марҳила ба яке аз шаҳрҳои сабз мубаддал гардида истодааст.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Кӯлоб, хосатан раиси шаҳр Назарзода Б.Х. он ҳама дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар пешрафт ва рушду нумуи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр ва ҳамзамон  барои баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии сокнинони шаҳр чораҳои амалӣ меандешанд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 6 млн 3 ҳазору 140 сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маблағи 758 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби МИҲД шаҳри Кӯлоб дар атрофи шаҳр шанбегии дастаҷамъии сокинон гузаронида мешавад ва он тамоми аҳолии шаҳрро водор бар он месозад то атрофи хонаҳои худро тозаву озода нигоҳ доранд. Имрӯҳо роҳбарияти мақомоти шаҳр дар ғаму шодии мардум шарик буда, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии мардум огоҳӣ дошта баҳри беҳтар намудани рӯзгори онҳо саъю талош карда истодаанд. Бо ташаббуси МИҲД шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии садамаҳои нохуш дар соли ҷорӣ дар як чанд роҳҳои хатарзо чароғакҳо насб шуда, инчунин чароғакҳои фарсуда бо чароғакҳои замонавӣ иваз карда шуданд.

Дар воқеъ, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум чорабиниҳои зиёди илмию маърифатиро баргузор менамоянд, ки онҳо сол то сол ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмиши сиёсии мардум ва паст гаштани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар шаҳр нақши басо созгор гузошта истодаанд. 

Тайи солҳои охир раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, ба ин муносибат сохтмону азнавсозӣ ва таъмири 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ин дам аз ин ҳисоб 130 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Боиси хушнудӣ ва қаноатмандии мардуми Кӯлоб аст, ки ба кори чанде аз ин иншоот Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб бевосита ифтитоҳ бахшиданд. Аз ҷумла Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санаи 19-уми октябри соли 2023 зимни сафараи корӣ иншооти зеринро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба пешбурди кор ва фаъолияти онҳо барор таманно намуданд:

  1. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бинои он аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззамаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Муассисаи мазкур бо тамоми талаботҳои замони муоссир бунёд гардида, масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, бинои таълимӣ дар майдони 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 40 омӯзгор бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ин боргоҳи илму маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва чор ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзиш дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

  1. Бинои иловагии МТМУ №42 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ба истифода супорида шуд.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои МТМУ №42 ба 25-то расида, мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуданд. Масоҳати иншоот 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз рӯи лоиҳаи ҶСК “Шаҳрофар” бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Фаридун” дар муҳлати муайянгардида, бо риояи талаботи муосир бунёд ёфт. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 бинокори маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Бинои иловагии муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо истифода аз ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст мебошад ва ин низоми каммасраф дар мавсими сардиҳои зимистон барои бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо мувофиқ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин даргоҳи маърифат, омӯзгоронро барои равона намудани тамоми малакаву таҷрибаи хеш ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят карданд.

  1. Беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб

низ таъри 19-уми октябр соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти соҳаи тандурустӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Сохтмони он аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Фаридун» ба иҷро расид.  Дар беморхона ҳам касалиҳои наркологӣ, ҳам руҳиву равонӣ табобат мегиранд.

Дар беморхонаи наркологии минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба–шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯянд. Дар таҳхонаи беморхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ ва маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир аст. Дастгоҳу таҷҳизот, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узи, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ, аз хориҷи кишвар дастрас гардида, ҷиҳати табобати саривақтии беморон мусоидат менамояд.

Туфта мешавад, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар ҷумҳурӣ аввалин буда, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст. Дар он 20 ҳуҷра бо шароити муосир вуҷуд дошта, имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ камари ҳиммат бастаанд.

Зимни ифтитоҳи иншоот табибони беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андӯхтаи хешро равона месозанд.

  1. Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб дар таърихи фавқ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои навбунёд 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон дорад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво, бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.

Кормандони шуъба метавонанд вақтҳои барояшон мусоид аз китобхона адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд. Ҳамзамон, дар китобхона ду компютер аст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Дар бино маҷлисгоҳи кушоду барҳаво бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзиш барои машқу тамрини кормандон сохта шуд. Маҷлисгоҳ барои баргузории вохӯриҳову мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ мувофиқ аст. Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ мегардад. Ба ғайр аз ин, дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона ҷой гирифта, дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.

Номгӯи боло чанде аз иншооти ҷашнист, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ҳусни шаҳр зебоии бесмисл зам намуда, боиси ифтихор ва шарафмандии мардуми Кӯлоби бостон гардидааст. Ҳамчунин дар шаҳр бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии беназиртарин дастоварди давлаӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 231 иншоот корҳои бунёдиву созандагӣ  бомаром рафта истодаанд.

Имрӯзҳо бо шарофати сулҳу суботи сартосарӣ ва оромию осоиштагӣ шаҳри Кӯлоб чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ симои худро комилан тағйир дода, ба як гушаи хурраму ободи диёр табдил ёфтааст. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб дар ҳар қадам шоҳиди пешравию ободӣ, аз ҷумла роҳои ҳамвори нақлиётгард, боғҳои назаррабо, биноҳҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, иҷтимоию тандурустӣ, хизматрасонӣ ва фароғатӣ мегардем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар солҳои наздик шаҳри Кӯлоби бостонӣ ба яке аз шаҳрҳои сирф саноатӣ ва сайёҳӣ табдил ёфта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи ниҳоии ҷумҳурӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” нақши созгор мегузорад.

Дар ин роҳ ба мардуми сарбаланди Кӯлоби азаиз барору муваффақиятҳои беназир ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлолоу биҳиштосо ваҳдату субот ва ҳамдиливу ҳамраъйии мардуми шарафмандро таманно намуда, бо баёни шиори “Тоҷикистон ба пеш” фатҳи баландтарини қуллаҳои давлатдориву давлатсолориро орзу менамоям.

Исфандиёр Бадалов — узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, омӯзгори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment