Home ХАБАР ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАГИСТРАНТИ СОЛ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МАГИСТРАНТИ СОЛ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

by admin
107 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.01.2024, таҳти № 07(48)02-07 доир ба баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Магистранти сол” даври факултетии озмуни мазкур дар миёни магистрантони 10 факултети Донишгоҳ тибқи муқаррарот ва талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳ ва корбарии шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ миёни магистрантони факултетҳои донишгоҳ бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, роҳ надодан ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ки ба зеҳни магистрантон таъсири манфӣ доранд, ташаккули афкори солим, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эхсоси худшиносию меҳанпарастӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими зеҳни миллии ҷавонон, равона намудани онҳо ба илмомӯзӣ, бедор намудани завқи китобхонӣ ва илмдӯстӣ, тақвияти чаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳозирҷавобӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими захираи луғавӣ, фаъолгардонии раванди забондонӣ, беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимии магистрантон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти илмӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯйи бахшҳои навиштани кори хатӣ, баҳогузории пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, мақолаҳои илмии магистрант, сӯҳбат дар шакли саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, масъалаҳои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ ва омилҳои номатлуб, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ, эҳсоси масъуляти шаҳрвандӣ, забондонӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардид. Дар даври факултетии озмун 134 нафар магистрант ширкат варзида, донишу маҳорати худро санҷиданд. Дар натиҷа, тибқи хулосаи комиссия 10 нафар беҳтаринҳо ба даври донишгоҳӣ роҳхат ёфтанд.

Ҳамчунин тибқи нақшаи баргузорӣ даври донишгоҳии озмуни “Магистранти сол” баргузор гардида, ғолибони ин марҳила ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ пешбарӣ карда мешаванд.

Related Articles

Leave a Comment