Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
146 views

15 феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул дарси кушод дар мавзуи “Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ” дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар дарс муаллими калони кафедраи мазкур Қаюмова Мубина, ассистентони ҳамин кафедра Нозимова Саодат, Мирова Мунира ва дигарон иштирок доштанд.

Нахуст, дарсро муаллим Ситораи Абдурасул оғоз намуда, оид ба зарф, намудҳои зарф ва калимасозии зарф ба донишҷӯён маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ тибқи роҳнамоии муаллима дар бораи навъҳои зарф: зарфи тарзи амал, зарфи макон, зарфи замон ва доир ба калимасозии зарф иловаҳо карданд.

Инчунин, ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд ва дар тахтаи синф ҷумлаю ибораҳо навишта, онҳоро таҳлил намуданд.

Дар фарҷом дарс бо муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид ва ҳозирин дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment