Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҶАШНҲОИ БУЗУРГИ АҶАМИЁН ДАР ОИНИ КАЁН

ҶАШНҲОИ БУЗУРГИ АҶАМИЁН ДАР ОИНИ КАЁН

by admin
275 views

(ба истиқболи иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати нашр ва ба мардум расонидани “Шоҳнома”-и устод Абулқосим Фидавсӣ)

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шоҳкории ҳамаи давру замонҳо дар баробари васфи шуҷоъату далерӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, ситоиши хирад ва дониш, ақидаҳои инсондӯстона, андешаҳои моломол аз ифтихорот нисбат ба расму оин ва ҷашнҳои ниёгонро дар бар мегирад.

Ҷашнҳои суннатии мардуми Аҷам махсусан, се ҷашни бузурги он – Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар «Шоҳнома» хеле ҷолиб тасвир ёфта, он ба давраи ҳукумронии Пешдодиён-шоҳони аввалини мардумони эронтабор, ки онҳоро Каёниён низ меноманд, нисбат дода мешавад.

Аз рӯи мутолиа ва мушоҳида ҷашнҳои мазкур аз табори Кайюмарс- аввалин подшоҳи Аҷам, шуруъ шуда, ба тартиби зайл омадааст:

Сада аввалин ҷашн буда, нисбат ба Наврӯз пештар пайдо шудааст. Асосгузори ин ҷашн набераи Кайюмарс Ҳушанг писари Сиёмак мебошад. Ин мард, ки тафсири номаш марди боҳуш ва бо фарҳанг мебошад, дар баробари дигар корномаҳо аз қабили ба мардум омӯхтани пешаи оҳангарӣ ва кишоварзӣ ҷашни Сада ба ӯ нисбат дода мешавад.

Ҷашнгирии Сада дар «Шоҳнома» хеле ҷолиб ба қалам дода шудааст. Ҳангоми ба сӯи куҳ рафтан аз назди Ҳушанг море пайдо мешавад ва ӯ морро бо санг заданӣ мешавад. Санг ба мор неву ба санги дигаре бар мехӯрад, ки аз он оташ ба вуҷуд меояд. Ҳушанг аз ин ҳодиса фоли нек гирифта, онро ҳадяи худовандӣ медонад. Ва оташи бузург афрохта, он шабро бо тарабу шодӣ истиқбол мекунад ва парастиши оташро муқаддас мешуморад, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин манзара хеле хотирмон ва ҷолиб ба қалам дода шудааст:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта валекин ин роз,
Падид омад оташ аз санг боз.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду бихонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу куҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашн фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр (Шоҳнома, Ҷ. 1. саҳ.54).

Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки ҷашни Сада аз даврони яке аз подшоҳони «Шоҳнома» Ҳушанг шуруъ шуда, ин ҷашн бо афрӯхтани оташи бузург оғоз мегардидааст. Мардум ин ҷашнро дар гирди оташ бо шодиву нишот ид мекарданд. Ва шояд оини оташпарастӣ низ дар расми порсиёни қадим аз ҳамон давра боқӣ монда бошад, ки онро муқаддас мешумориданд.

 Дигаре аз ҷашнҳои суннатии мардумӣ, ки боиси ифтихори мардуми мо ва тамоми форстаборон аст ҷашни Наврӯз мебошад. Аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маълум мегардад, ки ҷашни Сада нисбат ба Наврӯз қадимтар аст. Бинобар ин дар ин асар ҷашни Наврӯз баъд аз ҷашни Сада омадааст.

Дар «Шоҳнома» низ мисли дигар сарчамаҳои таърихиву фарҳангӣ ҷашни Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода мешавад, ки табори ӯ низ ба Каюмарс- аввалин подшоҳи сулолаи Каёниён, рафта мерасад. Агар ба насабномаи Ҷамшед назар андозем бо чунин тартиб меояд: Ҷамшед писари Таҳмурас писари Ҳушанг писари Сиёмак писари Каюмарс.

 Даврони Ҷамшед низ ба ғайр аз корномаҳову кишваркушоиҳо сар то сар ободкориҳо мебошад. Масалан ҳунари тайёр намудани олоти ҷангӣ, ресандагиву бофандагӣ, саноати дорусозӣ ва истифодаи киштиҳо ба даврони ӯ нисбат дода мешавад. Лекин бузургтарин хизмати ӯ асос гузоштани ҷашни Наврӯз мебошад.

Ҷашни Наврӯз дар оини ҷамшедӣ ҳамчун рӯзи хушию хуррамӣ ёдовар шуда, он аз рӯзи ба тахти зарин нишастани Ҷамшед шуруъ гардида, бо ибораи Рӯзи нав ва ё аввали сол ёдовар шудааст, ки дар аҳди ӯ 300 сол давом мекунад: Чунончи дар «Шоҳнома» омадааст:

Ба Ҷамшед – бар гавҳар афшонданд,
Мар – он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Бароканда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шоди биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонданд аз он Хусравон ёдгор.
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор (Шоҳнома Ҷ.1. саҳ. 64).

Ва ниҳоят ҷашни дигари мардуми Аҷам Меҳргон мебошад, ки ин низ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба табори шоҳони Каёнӣ нисбат дода мешавад. Барои он ки хонандаи арҷманд ба мафҳуми Меҳргон хубтар ошно шавад, кӯшиш намудем, ки дар асоси дигар сарчашмаҳо низ ба ин вожа каме равшанӣ андозам. Дар «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ», Душанбе: Маориф, 1990 ин калима ба чор маъно омадааст, ки онро лозим донистем, ин ҷо ёдовар шавем. Меҳргон аслан вожаи тоҷикӣ буда маънои зеринро дар бар мегирад: 1. меҳру муҳаббат; 2. номи рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ; 3. номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки офтоб дар бурҷи Мизон қарор дорад ва ибтидои фасли хазон (тирамоҳ) аст; 4. номи яке аз идҳои қадимаи мардуми эроннажод.

Ба ҳар сурат доир ба Сада бисёри маълумотҳое, ки дар «Шоҳнома» вомехӯрад бо дигар маъхазҳои фарҳангӣ махсусан, мафҳуми он ба «Бурҳони Қотеъ» сахт наздикӣ дорад.

Чи дар «Шоҳнома» ва чи дар «Бурҳони Қотеъ» онро яке аз идҳои бузурги тоҷикон дониста, ҷашни онро ба Фаридун авлоди падари Ҷамшед Таҳмурас нисбат медиҳанд. Ногуфта намонанд, ки Фаридун низ дар «Шоҳнома» яке аз шоҳони аввалин аз сулолаи пешдодиён мебошад. Ҳамчунин ин рӯзро рӯзи фархунда дониста, онро ҳамчун рӯзи ба меҳру муҳаббат пайвастан, рӯзи меҳрубонии шоҳон ба раият медонистанд. Бахусус дар «Шоҳнома» Фаридун ҳамчун подшоҳи одил, меҳрубон ва саховатманд, ҳамчун асосгузори ҷашни Меҳргон ба қалам дода шудааст. Бахшоиши Фаридун то ба дараҷа будааст, ки дарвешро аз доро фарқ карда намешудааст. Ҳамчунин ин рӯзро ғалабаи некӣ бар бадӣ, рӯзи дар куҳи Дамованд баста шудани Заҳҳоки морон, ки шоҳи бисёр бадкирдор буд ва аз тарафи Фаридун ҷазо дода шуда буд, медонанд. Ва шояд дар «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» (саҳ. 148), ба маънои рӯзи қатли шоҳи золим омадани вожаи Меҳргон рабт ба ҷазо додани Заҳҳок аз тарафи Фаридун бошад. Ба ҳар сурат ин ид дар тули ҳазорсолаҳо аз ҷиҳати шукӯҳу шаҳомот на камтар аз иди Наврӯз аст. Ҳатто аз рӯи анъанаи ҷашнгирӣ он низ мисли Наврӯз шаш рӯз идома меёфтааст ва онро ба Меҳргони хос ва омма ҷудо менамудаанд. Ибтидои рӯзи шонздаҳум то рӯзи бистум Меҳргони омма ва рӯзи бисту якумро Меҳргони хоса мегуфтанд, ин мафҳум дар фарҳанги ашъори Рӯдакӣ (саҳ. 148 – 149) шарҳи худро хеле хуб ёфтааст.

Дар «Шоҳнома» Меҳргон дар достони Фаридун омадааст. Фаридун ҳамчун давомдиҳандаи ойини каён тамоми расму русуми авлодони худро арҷ гузошта риоя мекардааст. Ва рӯзе аз рӯзҳо дар аввали Меҳрмоҳ ҷашни наве барпо намуд, ки онро Меҳргон ном ниҳоданд. Чуноне ки дар «Шоҳнома» дар ин бора ишора меравад:

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ .
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар бариниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо барандохтанд,
Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.
Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хурдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикушу ба ранҷ эч манмой чеҳр (Саҳ. 123 — 124).

Ҷашни Меҳргон дар оини Ардашери Бобакон ба таври хоса қайд карда мешудааст. Он мисли оини Фаридун бо маросими тоҷгузорӣ оғоз гардида, сараввал қабули донишмандону муъбадон баъдан аз тарафи мардум илтифоту меҳрубонӣ ба як дигар, нӯшидани гулоб ва ба бадан молидани равғани бон, ки онро табарук медонистанд, оғоз мегардидааст.

Оростани ҳафт хон аз шакар ва меваҷоте мисли турунҷ, себ, биҳӣ, ангур, уноб, анор ба фарзанд ниҳодани ном ва аз шири модар ҷудо кардани кӯдак ҳамчун фоли нек аз ҷумлаи оинҳои анъанашудаи даврони Ардашери Бобакон мебошад, ки дар оини шоҳони дигар идома ёфтааст.

Хулоса, Меҳргон ҳамчун рамзи меҳру муҳаббати инсонҳо ба якдигар дар оини шоҳон асрҳо роиҷ будааст.

Ҳатто устод Рӯдакӣ низ аз ин ҷашн ба ваҷд омада, чунин сароидааст.

Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад (Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ саҳ. 148 – 149).

Бад-ин минвол дар асоси таҳлили «Шоҳнома»-и безаволи устод Фирдавсӣ метавон ҳадс зад, ки ҷашнҳои бузурги аҷдодии мо Сада, Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадима дошта, он ба даврони ҳукумронии аввалин шоҳони каёнӣ рост меомадаст. Фирдавсӣ дар симои шоҳони Аҷам ва расму оинҳои ҷоринамудаи онҳо на танҳо оини оташпарастӣ ва базму нишот, инчунин хайру эҳсон, бахшишу саховат, некиву накӯкорӣ, покиву парҳезкорӣ ва меҳру муҳаббати инсонҳоро ба якдигар нишон додааст.

 Қиссаҳои «Шоҳнома» зимни нишон додани оини шоҳон бозгӯи расму оин ва урфу одатҳои неки ниёгони мо мебошанд.

Шермад Тоиров- муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment