Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

by admin
131 views

дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2023)

Мусаллам аст, ки нақши Зан-Модар дар катиба ва китобҳои асотирӣ дар мартабаи баланд гузошта шуда буд. Инро мо дар мисоли маликаи об – Аноҳито дида метавонем ва то ба нузули китоби муқаддаси мусулмонон – «Қуръон»-и азимушаън дар оятҳои покаш ин олиҳаи ҳаётбахш тавсиф ёфтааст (Сураи Нисо маҳз ба занон бахшида шудааст).

Мавзуи Зан- Модар ва васфи он аз мавзуъҳои паҳншудатарин дар таърихи адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, зеро ин мавзуъ ба бузургтарин симои бани башар иртибот мегирад ва дар қатори офтобу замин хосияти офарандагӣ дорад.

«Дар қомуси башарият, – гуфтааст донишманди эронӣ Ризо Исфаҳонӣ, – ҳеҷ калимае муқаддастар аз калимаи «модар» наметавон пайдо кард. Калимае, ки сарчашмаи ҳар муқаддасот аст. Ҳамаи меҳру муҳаббатҳои башарӣ ҷилвае аз ёду номи ӯст ва ҳеҷ шаҳди ширине бидуни вуҷуди поку муқаддаси ӯ муҳтаво нахоҳад дошт».

Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бузургии Зан-Модарро барвақт эҳсос намудаву тамоми ҳуқуқҳои занонро дар пояи мардон қарор додааст ва зани тоҷик имрӯз гомҳои устувор дар пешрафту шукуфоии кишвари азиз гузошта, баробари мардон ҳамқадами ҳаётанд.

Сарвари давлат пайваста дар таҳкиму густариши ҷомеаи имрӯза нақши занонро аз мардон кам намебинанд. Ҳатто баъзан аз баъзе мардҳо онҳоро боло мегузоранд, ки ба занону бонувони мо нерӯю тавони тозае мебахшад. Пешвои миллат ҳамеша ғамхори бонувону модарони тоҷик ҳастанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар дар ҳар як паёмашон бо занону бонувони фаъол ҳамин нуктаро хотиррасон мекунанд, ки Шумо ояндасози миллати тоҷик ҳастед, офарандаю бавуҷудоварандаи наслу миллати тоҷик шумоед, ояндаи халқу миллат дар дасти Шумост ва ояндаи ҷомеа низ ба Шумо марбут аст. Ин аст, ки рӯзи 8-уми март дар баъзе аз манотиқи дунё ҳамчун Рӯзи «Озодии занон» ҷашн гирифта мешуд, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро «Рӯзи Модар» номиданд, то қадру манзалати занону модарони тоҷик побарҷо бимонад.

Дар Паёме, ки 28.12.2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти мамлакат ироа гардид, оид ба баробарҳуқуқии занон ва баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа Пешвои миллат сухан ронда, қайд намуданд, ки: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем».

Ин иқдоми неки Сарвари давлат боиси дастгирист ва мо занон ифтихор аз он дорем, ки пайваста Пешвои миллат ба занону модарон таваҷҷуҳи хоса доранд, бо онҳо бо эҳтиром сухан мекунанд, нисбати занону бонувон меҳрубониҳо зоҳир менамоянд.

Президенти мамлакат барои таҳсили духтарон Квотаи Президентӣ таъсис доданд, ки духтарони тоҷик соҳибмаълумот гарданд. Ин сабаб шуд, ки ҳам дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ҳам хориҷи мамлакат сафи донишҷӯдухтарон зиёд гардида, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти халқ саҳми онҳо назаррас аст. Дар Паёми имсола низ Сарвари мамлакат ин нуктаро махсус зикр карданд: «Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».

Президенти мамлакат духтарони соҳибмаълумоти солҳои Истиқлолиятро бо солҳои қаблӣ муқоиса намуда, қайд карданд, ки: «Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.

Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд».

Сарвари мамлакат дар пойдории сулҳу суботи кишвар, дӯст доштани Ватану ҳифзи марзу буми он, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дигар рукнҳое, ки оромии халқу мамлакат аз онҳо ибтидо мегиранд, нақши занону бонувонро хеле муҳим мешуморанд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

Зиёда аз ин, мо ҳурмату эҳтироми Сарвари давлатро нисбат ба модари азизу меҳрубонашон медидем, ки ин ҳам барои ҳар як фарди соҳибақл дарси ибрат шуда метавонист. Пешвои миллат ба куҷое сафар мекарданд ва ё барои коре камар мебастанд, албатта дуои модарро мегирифтанд, то барору кӯшоиш насибашон бошад. Ин хушрафтории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалии Раҳмон нисбати модари хеш, нисбати ҳамсари хеш ва нисбати духтарону хешовандони хеш бе ҳикмат нест. Ҳикматаш дар он аст, ки Сарвари оқилу хирадманди миллати тоҷик аз гуфтаҳои Худованду Расули барҳақи ӯ, Ҳазрати Муҳаммад (с) бохабаранд ва дар зиндагӣ онҳоро сармашқи кори худ намуда, аз рӯи онҳо амал мекунанд ва баракаташро низ дидаанд.

Чунончи Расули Худо (с) дар яке аз ҳадисҳо гуфтааст: «Худованд аз хушрафтории шумо бо занон хурсанд мегардад, зеро онон модарони шумо, духтарони шумо ва холаҳои шумо ҳастанд. Пас, ҳуқуқи ононро ба дасти эшон супоред».

Аз рӯи ривояти халқии тоҷикӣ бошад, аҷдодони мо таваллуди духтарро дар хонадон рамзи ҳусн, нур, зиё, рӯшноӣ ва зебоӣ медонанд. Ақидае байни мардуми мо ҷорист, ки бо ба дунё омадани духтар чиҳил шабонарӯз нур борида, олам гулистон мешавад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба қадру манзалати Зан-Модар гаштаю баргашта таъкид карда, танҳо як рӯзро ба занону модарон ва хоҳарону духтаронатон набахшед, балки пайваста дар хизмати онҳо будан лозим аст, боз таъкид карданд Президенти азизу маҳбуби мо: «Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».

Бинобар ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

Агар чунин бошад, пас, биёд ба қадри Зан-Модар бирасем, онҳоро азиз дорем, эҳтиром намоем ва аз Пешвои муаззами миллати тоҷик, Сарвари оқилу донишманди худ қадрдонию қадршиносиро нисбати Зан-Модар омӯзем.

Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна – номзади илмҳои филологӣ,  дотсенти Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment