Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
52 views

Имрӯз (11.01.2024) дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо- Ёқубов Алишер Ашуралиевич, дар мавзуи “Таърихи санъати Осиёи Марказӣ ва Шарқ оид ба кандакорӣ дар чуб ва истифодаи он дар равияи таълими технологияи материалҳо”  бо роҳбарии илмии номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи озмоишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав- Раҳмонов Ҳамид Обидович, баргузор гардид.

Дар кори муҳокима Ғуломов Ислом-профессори кафедраи математика ва методикаи таълими он, Сатторов Абдурасул-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Комилӣ Абдулҳай-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Болтаев М.А. — номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳ, Парвинаи Усмон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима муқарризон: Исоев Собир, номзади илмҳои таърих, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Сафаров Холмад, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳ баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба рисолаи мазкур баён карданд ва чанде тавсияву  пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Ёқубов Алишер Ашуралиевич бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment