Санаи 29-уми декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2023, №05/33/05-152 мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида ҷаласаи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону кормандон оид ба “Ҷамъбасти фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои иҷтимоию идорӣ дар соли 2023” баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси ш. Кулоб Ҳамидиён Орзу, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ноболиғони қисми минтақавии Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб майори милитсия Ситора Бобохонзода, нозири калони Бахши муқовмимат бо коррупсияи Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб капитани адлия Аҳмадзода Нурулло Маҳмуд, Намояндаи Гурӯҳи фаврии КДАМ дар шаҳри Кўлоб Шарифзода Дустмурод ва дигар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, ректори Донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, бо таҳлили амиқи самтҳои фаъолияти муассиса дар соли 2023, аз дастоварду комёбиҳо, натиҷаҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ободониву хоҷагидорӣ, дастовардҳои донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ёдовар шуд. Инчунин, бо зикри таҷрибаву камбудиҳои ҷойдошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди соҳаи илму маорифи кишвар, роҷеъ ба дурнамои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2024 масъалагузориҳои мушаххас ва оростаи ҳусни тадбир ироа гардид.
Профессор Раҳмон Д. С. таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки соҳаи илм ва маориф чун ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои хирадрою маърифатафзои миллат қарор дошта, қайд гардид, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд буда, дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари мавриди омӯзиш ҷойи 21-умро ишғол менамояд, барои аҳли илму маориф, омӯзгорону муҳаққиқон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллективи бузургу муътабари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури раҳнамо ва асоси масъулияти бештару афзун ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.
Чунончи аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, натиҷаи азхудкунии сессияи фаъоли тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар таълими рӯзона 71,7% (нисбат ба соли гузашта-4,3% кам) ва дар таълими фосилавӣ бошад 48,9%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта -6,8% кам мебошад.
Соли 2023 52 нафар – 41 нафар таълими рӯзона, 1 нафар таҳсилоти фосилавӣ ва 10 нафар зинаи магистратураи донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки 2,8%-и теъдоди умумии хатмкардагонро ташкил медиҳанд ва нисбат ба соли гузашта 2 нафар кам мебошад. Аз 52 нафар хатмкардаи гирандаи дипломи аъло 45 нафар хатмкардаи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва 7 нафарашон равияи ғайриомӯзгорӣ мебошанд. Аз шумораи умумии гирандагони дипломи аъло 39 нафар буҷавӣ, 10 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар тариқи шартномавӣ хатм намуданд. Муҳассилине, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳро хатм намуданд 85 нафарро ташкил менамоянд.
Аз 317 нафар донишҷӯёни хатмкардаи равияи омӯзгорӣ 185 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шуда, 109 нафар бо сабаб ва 23 нафар бе сабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд, ки парвандаҳои 12 нафари онҳо ба сохторҳои дахлдор ирсол шудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки соли ҷорӣ бо мақсади аз байн бурдани норасоии кадрӣ дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.09.2023, №1214 оид ба ҷалб намудани донишҷӯёни хатмкунандаи шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ)-и ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ 84 нафар донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ихтисоси нави ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти мамлакат (12 ихтисос дар таълими рӯзона ва 3 ихтисос дар зинаи магистратура) дар заминаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии донишгоҳ ворид гардид, ки шуруъ аз соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи ихтисосҳои мазкур гурӯҳҳои академӣ таъсис дода мешаванд.
Дар соли 2023 ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 2 китоби дарсӣ 34 монография, 22 васоити таълимӣ, 21 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 887 мақолаҳои илмӣ ва дигар маводи илмиро рӯи нашр овардаанд. Афзоиши маводи нашрӣ дар соли ҷорӣ эҳсос мегардад.
Ҳайати устодону кормандон дар соли 2023 аз рӯйи 18 равия, 25 масъала ва 28 мавзуъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд.
Дар соли 2023 34 нафар омӯзгорон рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, нисбат ба соли гузашта 19 нафар зиёд мебошад. Инчунин, 48 нафар унвонҷӯён ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои худро омода карда, барои пешниҳод ба шуроҳои диссертатсионӣ омодагӣ мегиранд.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2023 ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ бесобиқа арзёбӣ мегардад. Аз ҷониби кафедраҳо дар соли ҷорӣ 71 чорабинии илмӣ: 3 конференсияи байналмилалӣ, 11 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи шаҳрӣ, 50 конференсияи донишгоҳию факултетӣ, 30 мизи мудаввар ва 15 семинари илмӣ ташкил ва гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 конференсияи байналмилалӣ, 4 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи вилоятӣ, 12 конференсияи донишгоҳию факултетӣ, 6 семинари илмӣ ва 4 мизи мудаввар зиёд мебошанд.
Дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шурои диссертатсионӣ аз рӯи 2 равия ва 3 ихтисос амал мекунад. То имрӯз ҳимояи рисолаи номзадии 9 нафар муҳаққиқон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ташкил ва баргузор гардидааст, ки 6 нафари онҳо омӯзгорони донишгоҳ мебошанд. Аз ин шумора 3 нафар (ду нафар аз донишгоҳ) муҳаққиқон дар соли 2023 ҳимоя намудаанд.
Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни эҷодии рӯзномаи “Хатлон” таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ-Алломаи Машриқзамин” ғолиб гардида, бо Дипломи дараҷаи II қадрдонӣ карда шуд.
Мудири кафедра ва саромӯзгорони кафедраи таърихи халқи тоҷик Холмуродова Меҳрафрӯз ва Исуфов Шердил, Мирзоев Некқадам ва саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетин Сафарова Муборак дар соли 2023 дар конкурси байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз тарафи Ҷамъияти умумироссиягии рушди таҳқиқоти илмӣ соҳиби дипломи Лауреати дараҷаи 1 гаштанд.
Муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Сафарова Муборак Бобохоновна бо медали «Омӯзгори беҳтарин – 2023» дар миёни давлатҳои ИДМ сарфароз гардид.
Муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ — Сулаймони Абдуқаҳор мақоми “Омӯзгори соли Тоҷикистон -2023”-ро сазовор гардид.
Соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ Айниева Омина ва Гулназарова Меҳрона барои ширкат дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» итирок намуда, бо ифтихорнома сазовор гардонида шуданд.
Соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз донишгоҳ донишҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд, ки дар даври ниҳоӣ Мадасани Азизмад магистранти курси дуюми ихтисоси география сазовори ҷойи якум ва Мирзозода Насиба донишҷӯи курси дуюми ихтисоси география сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи география гардиданд.
Соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 190 — солагии романи “Евгений Онегин” баргузор гарид. Озмуни мазкур аз рӯи се номинатсия ба роҳ монда шуд. Аз донишгоҳ донишҷӯёни факултети филологияи рус дар он ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Соли 2023 ба Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ — «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» 43 лоиҳаи беҳтарини донишҷӯён пешниҳод карда шуд, ки 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1,2,3 гардида, 2 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки шумораи донишҷӯёни ғолиби озмун нисбат ба соли гузашта як баробар зиёд мебошанд.
Дар даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Пояи давлат намонад бе маориф устувор”, ки санаи 16-17 майи соли 2023 дар Донишгоҳи молиявию иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардида буд, донишҷӯёни мо сазовори ҷойҳои якум, сеюм ва ифтихорӣ гардида, аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар озмун — фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадами устувор ба инноватсия», ки аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар донишҷӯёни донишгоҳ: Ғаффори Мурод –донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқи факултети таърих, ҳуқуқ ва МБ бо ихтирооти «Мевағундора» сазовори дипломи дараҷаи 3-юм ва Сафарзода Сироҷиддин — донишҷӯи бахши 5-уми ихтисоси забони англисӣ-хитоии факултети филологияи хориҷӣ бо ихтирооти «Либосхушккунак» сазовори диплом гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Донишгоҳ 81 чорабинии гуногуни хусусияти иҷтимоидошта, аз ҷумла 18 чорабинии сиёсӣ, 16 чорабинии фарҳангӣ, 14 варзишӣ, 15 аксияҳо ва 18 чорабинии гуногуни шаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, аз рӯйи “Номинатсияи навозандагӣ” — Одинаев Фазлиддин, корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ иштирок намуда, соҳиби ШОҲҶОИЗА ва бо маблағи 50000 сомонӣ ва Қаландарбекова Моҳбибӣ, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар жанри анъанавӣ аз рӯи “Номинатсияи сарояндагӣ”-и озмуни мазкур (аз сини 18 то 40-сола) сазовори Дипломи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардиданд.
Инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Маснавихонӣ” низ донишҷӯён Абдураҳимзода Ҳабиба-донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи рус дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм, Сайдаҳмадзода Марям ва Давронова Савсан- донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар даври вилоятии озмуни мазкур бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар 10 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, 17 ҷумҳуриявӣ ва 25 вилоятӣ иштироки фаъол намуда, соҳиби 52 медал, аз ҷумла 17 медали тилло, 20 нуқра, 9 нафар номзад ба устоди варзиш ва 6 нафар сазовори унвони устоди варзиш ва 31 ифтихорнома гардиданд. Донишҷӯёни курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Мирзоев Умар дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини самбо, ки дар шаҳри Останаи Ҷумҳурии Қазоқистон (12-13.06.2023) баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм соҳиби медали нуқра гардид.
Давоми соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳ бо зиёда аз 90 МТОК-и хориҷӣ кишвар ҳамкории судмандро идома ёфтанд, ки ба самтҳои табодули таҷриба, табодули дастовардҳои соҳаи таълим, табодули таҷриба дар соҳаи илм ва иштирок дар чорабиниҳои илмии якдигар ва ғ. равона карда шудааст.
Дар давоми соли 2023 дар донишгоҳ ду лоиҳаи грантии Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER ва дар ҳамкорӣ бо Филлиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи “Good Neighbors International” лоиҳаи “Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ”, як Лоиҳаи Оҷонсии рушди байналхалқии Амрико (USAID) бо номи “Биё ҳамроҳ омӯзем”, амалӣ гардиданд.
Дар ин давра 16 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба МТОКи хориҷи кишвар сафарҳои хизматию омӯзишӣ дошта, ба табодули таҷриба, забономӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра иштирок намудаанд.
Айни ҳол, 13 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD- донишгоҳ таҳсили худро идома дода истодаанд.
Дар доираи лоиҳаи TRIGGER- (Ҷалби равандҳои иноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кортаъминкунии донишгоҳи Осиёи Марказӣ) дар шаҳри Афинаи Юнон тренинги омӯзиши барои омӯзгорони МТОК-и шарики лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки дар он 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар соли 2023 дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия 5 маротиба намояндагони донишгоҳи мазкур ба донишгоҳ ташриф оварданд, ки дар ду сафари онҳо барои омӯзгорони ихтисосҳои забони рӯсӣ, психология, математика ва физика курси такмили ихтисос ташкил карда шуд. Дар чорабиниҳои мазкур 87 нафар омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуда, аз курси такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби дипломи курсҳои мазкур гардиданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Д.С. бо зикри соҳа ба соҳаи дурнамои фаъолият дар соли 2023, дар фарҷоми суханронӣ, натиҷагирӣ намуданд, ки зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни Донишгоҳ беш аз ҳадди натиҷаҳо буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳро зарур аст, ки беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода, дар соли навбатӣ бо тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии матни лексияҳо ба талаботи замони муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагон ба зинаҳои магистратура ва докторантура, дар ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ корро боз ҳам ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем.
Дар бахши музокирот, Ҷумъахон Алимӣ – мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳамидиён Орзу- муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Шоинов Ҳасан- муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик суханронӣ намуда, ҳисоботи ректори Донишгоҳро қаноатбахш, таҳлилҳоро амиқу фарогир, дурнамои фаъолиятро, бо ироаи пешниҳодоти хеш, мубраму саривақтӣ ва судманду натиҷабахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа, як қатор профессорону омӯзгорон ва устодону кормандони Донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ бо «Сипоснома»-ҳои Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.