Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
228 views
Санаи 25-уми ноябр дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди Абдуллоев Донёр саромӯзгори кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омадагии дифои ҳарбӣ дар гурӯҳҳои таълимии 302-304 дар мавзуи “Бомбаи атомӣ-яроқи қатли ом” баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омадагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ, мутахассиси шӯъбаи маниторинг ва назорати сифати таҳсилот Нурова Озода, муаллими кафедра Ашуров Содирхон, ассисенти кафедра Бобохонова Моҳсафар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дарсро Абдуллоев Донёр оғоз намуда, каме дар бораи Бомбаи атомӣ маълумот дод ва қайд карданд: “6 августи соли 1945, тайёраи бомбаандози амрикоии В-29 аввалин бомбаи атомиро дар таърихи башарият болои шаҳри Хиросимаи Япония партоб кард. Таркиш 90%-и шаҳрро хароб карда, аз 90 то 166 000 нафарро ба ҳалокат расонид. Баъди се рӯз, 9 августи соли 1945, тайёраи дуввуми В-29 боз 1 бомбаи дигарро болои шаҳри Нагасакӣ партоб намуда, дар натиҷаи партоби бомбаи дуввум аз 74 то 80 000 нафар ба ҳалокат расиданд. Баъди ин бомбаафканӣ императори Япония Хирохито 15 август тариқи радио ба аҳолии кишвараш муроҷиат намуда, таслими бечуну чарои кишварашро дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум эълон намуд”.
Сипас, чанде аз донишҷӯён доир ба аввалин маротиба дар куҷо ва аз ҷониби ки ихтироъ шудани он маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Ҳамзамон, муаллим ба саволҳое, ки аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид, ҷавобҳои мушаххас гардонид.
Дар фарҷом генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment