Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
48 views

Дар таърихи 13-уми декабри соли равон дар толори Шурои олимони факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯйи кафедраи илмҳои компютерӣ Шоҳсанами Ризо дар мавзуи “Ташаккули завқи хонандагон дар азхудкунии технологияи иттилоотӣ тавассути бозиҳои дидактивӣ дар раванди омӯзиши фанни математика” (роҳбари илмӣ, Сафарзода Мунир Ватан, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент) баргузор гардид.

Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент, ҳамзамон роҳбари илмии унвонҷӯй Сафарзода Мунир, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, декани факултети физика ва математика, дотсент Самариддинова Зайнаб, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети физика ва математикаи донишгоҳ, Сироҷиддини Давлаталӣ, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи методикаи таълими математика баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба рисолаи мазкур баён карданд ва чанде тавсияву  пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Шоҳсанами Ризо бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамояд.

Related Articles

Leave a Comment